11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Даромади нав барои духтари раисҷумҳур. Роҳи ҷануб ҳам пулакӣ мешавад

Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд шоҳроҳи дигари бузурги кишвар — Душанбе-Бохтарро низ пулакӣ кунанд. Агар қаблан роҳи байни марказ ва шимоли кишвар пулакӣ буд, минбаъд сафар ба ҷануби кишвар ҳам бо пардохти маблағи муайян имконпазир хоҳад буд.

Дар ин бора раёсати Вазорати нақлиёт дар нишасти хабарии имрӯз 30 январ иттилоъ дод.  

​Сӯҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёт, гуфт “қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ин ки роҳҳои радаи аввал бояд пулакӣ шаванд. Мо болои он кор карда истодаем ва хулосаи худро ба ҳукмат пешниҳод мекунем. Эҳтимолан то охири сол, пас аз анҷоми таъмиру бозсозии роҳ, он пулакӣ шавад”.

Ба гуфтаи муовини вазир оҳҳои алтернативии ҳаракат дар масири Душанбе- Бохтар вуҷуд дорад ва онҳое, ки намехоҳанд пул пардохт кунанд, метавонанд аз он роҳ ҳаракат кунанд. Вале нагуфт, пули ин роҳҳо ба куҷо хоҳанд рафт ва кадом ширкат роҳи пулакиро соҳиб хоҳад шуд.

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ, ки  дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт гуфт, “таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ собит кард, ки аз пулакӣ шудани ин роҳи стратегӣ тамоми кишвар фоида гирифт. Солҳои қаблӣ ин роҳ ба муддати 6 моҳ баста мешуд. Ба ин далел, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феълан пулакӣ кардани роҳҳои дигарро баррасӣ мекунад”.

Тибқи гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёт, ҳоло бозсозии ин роҳ ҷараён дорад ва интизор меравад то охири соли ҷорӣ ба итмом расад. Харҷи бозсозии ин роҳ ҳудуи 97 миллион доллар буда, асосан аз ҳисоби грант ва қарзи Бонки осиёии рушд, бунёди ОПЕК сурат мегирад. Саҳми Тоҷикистон дар бозсозӣ ҳамагӣ 17 миллион доллар (камтар аз 20 дарсад) аст.  

Мақомоти Вазорати нақлиёт ҳамчунин аз имкони пулакӣ шудани чанд роҳи асосии дигар хабар доданд.

Бо гумони ғолиб ин шоҳроҳ низ дар ихтиёри ширкати офшории IRS қарор хоҳад гирифт. Ин ширкат тибқи итилоъи манобеъи гуногун ба духтар ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон ва Ҷамолиддин нуралиев таъаллуқ дорад ва тамоми маблағҳои ҷамъгурдида ба офшорҳо фиристода мешаванд. Даромади софи ин хонавода аз роҳи пулакии Душанбе — Чаноқ ҳудуи 100 миллион доллар солона тахмин зада мешавад.

IRS соли 2010 аз худ дарак дод ва тибқи як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамн сол масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад. Ин роҳ бо маблағи ҳудуди 280 миллион доллар қарз аз Чин сохта шудааст, вале ин қарзҳо на аз ҳисоби пулҳои ҷамъшаванда, бакли аз буҷаи кишвар пардохта мешаванд.

Ҳамчунин бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ширкати IRS аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод аст.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *