Эътилофи ҷомеъаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон гуфтааст, ки тавониста ба тағйири вазъ дар муқобилият ба шиканҷа дар кишвар ноил шавад. Соли гузашта ин созмон 41 мавриди шиканҷаро то додгоҳ бурдааст.
Тибқи иттилоъи раҳбари эътилоф, ки дар нишасти рӯзҳои 1-2 феврали он садо дод, ба Эътилофи алайҳи шиканҷа дар соли 2018 аз тарафи ҷабрдидагон ва наздикони онҳо 44 шикоят ворид шуда, 38-тои он ба додгоҳ рафтааст. 3 шикояти дигар аз парвандаҳои соли гузашта равонаи додгоҳ шудаанд.
Аз боризтарин муваффақияти Эътилоф гунаҳгор эътироф шудани се нафар кормандони мақомоти интизомиву амниятӣ тибқи парвандаи узви ҲНИТ Комил Хоҷаназаров гуфта мешавад, ки тибқи қарори додгоҳи низомии Хуҷанд корманди ҷустуҷӯи ҷиноятии Раёсати ВКД дар Суғд Юлдошев Л., ва корманди шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимов барои шиканҷаи ӯ мутаносибан ба 13 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд.
“Додгоҳҳои кишвар баъди баррасии аризаву шикоятҳо оиди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати 5 корманди ВКД, бинобар сӯистифода аз мақоми худ, қарор содир карданд” — гуфт Халилов.
Эътилоф муваффақ шудааст чанд парвандаи ҷиноии бозшуда нисбати нафарони бегуноҳро қатъ созад. Аз ҷумла аз тарафи ШВКД-и ноҳияи Турсунзода ва шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Панҷакент нисбати ду нафар парванда боз карда буданд. Дар натиҷаи кӯшишҳои вакилони дифоъ ин ду парванда бинобар набудани далели гуноҳ қатъ карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, “Хонаи озодӣ” ё Freedom House, як созмони ҳомии ҳуқуқи мустақар дар Амрико Тоҷикистонро ба сабаби беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон имсол дар байни “бадтарини бадтаринҳо” қарор додааст.
Ин созмондар гузоришаш навиштааст, ки бар асоси арзёбии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, Тоҷикистон дар радифи кишварҳое ба мисли Куриёи Шимолӣ, Сурия, Судони Ҷанубӣ, Эритрея, Судон ва Либияву Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҷой гирифтааст.