Рубрики Хабарҳо

Радиои Паём омодаи баромадан рӯи мавҷ аст

Инак, ҳамаи корҳо рӯи омодасозии радиои Паём ба итмом расиданд ва он бо инояти Худованд субҳи рӯзи ҷумъа, 8-уми феврал ба кори худ оғоз хоҳад кард.

Радиоро шумо метавонед на танҳо бо насби замимаи он тавассути Play Мarket дар телефонҳои худ, ё мустақиман ворид шудан ба , балки дар ии он мустақиман 24 соат гӯш кунед.

Аксари барномаҳои радиои Паём дар шакли видеоӣ ҳам дар пахш хоҳанд шуд. Яъне Паём на танҳо радио, балки телевизиони интернетӣ ҳам ҳаст. Барномаҳои хабарии видеоии радио дар шабакаҳои иҷтимоии дигар ҳам, аз қабили фейсбук, инстаграм, одноклассники пешкаши истифодабарандагони он мегардад.   

Ҳадафҳое, ки Паём бо роҳандозии радиои худ пеш гузоштааст, иборатанд аз:

  • Таъсири мусбӣ ба афкору андешаҳои ҷомеъа ва бедор намудани ангезаҳои адолатхоҳиву истиқлолпарварӣ;
  • Тарбияи  қишри ҷавони ҷомеъа дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ, бедор намудани шуҷоъату ҷасорат дар рӯҳияи онҳо, тавассути барномаҳои сиёсӣ, илмӣ, диннӣ, тарбиявӣ- ахлоқӣ ва таърихӣ;
  • Тарғиб ба омӯзиши илму маърифат ва баланд бардоштани саводнокии ҷомеъа;
  • Ташвиқи майл ба сиёсат ва фаъол будан дар ҷомеъаи шаҳрвандӣ;
  • Тарғиби даст кашидан аз бетарафӣ ва хомӯшӣ нисбати зулму истибдод ва ноадолатӣ;
  • Баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва роҳнамоӣ ба рушди самараноки шаҳрвандон;
  • Ҷалби диққати ҷомеъаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ нисбати зулму истибдод ва нобаробариву ноадолатиҳо;
  • Пешгирӣ аз гаравидани насли ҷавон ба созмонҳои экстремистиву террористӣ ва таъмини ин қишри ҷомеъа ба маълумотҳои зарурӣ ва муътадили динӣ.
  • Роҳнамоӣ барои халосӣ аз рӯҳияи песимистиву ноумедӣ ва ташвиқ ба худсозиву мусбатнигарӣ.

Аммо сиёсате, ки мо пеш гирифтаем:

  • Радиои Паём бо дар назардошти қавонини байналмилалӣ ва талаботу назокатҳои ВАО фаъолият мекунад;
  • Бо ҳама созмон, ташкилот, гурӯҳ ва аҳзоби сиёсӣ ҳамкории густарда ва баробар ба роҳ мемонад;
  • Ба ҳеҷ ваҷҳ бо созмону ҳаракатҳои тундрав, ваҳшатафкан, гурӯҳҳои характери фашистӣ дошта, андешаҳои тафриқаву ҷудоиандоздошта, ҳамкорӣ нахоҳад кард. Ақидаву андешаи ингуна созмонҳо дар Радиои Паём садо нахоҳад дод. Таҳқиру тавҳин норавост;
  • Радиои Паём метавонад ба аҳзобу созмонҳое, ки ба принсипҳои дар боло зикршуда мувофиқанд, ҳамкории баробар ба роҳ монад ва ҳатто минбар диҳад, то онҳо барномаҳои худро тавассути радиои Паём ба мардум шунавонанд;
  • Ҳар як нафаре, ки дарду аламе дорад, барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистон пешниҳод ва гуфтание дорад, метавонад Радиои Паёмро чун минбари худ истифода кунад;
  • Дар ташкили барномаҳои нав пешниҳоди ҳама мухлисону шунавандагон, зиёиён, олимон ва фаолони ҷомеъаи шаҳрвандиро ҳайати эҷодии Радио Паём бо камоли майл гӯш мекунад ва ба инобат мегирад ва дар ҳолати даст додани шароит амалӣ менамояд;
  • Ба хотири ба таври объективӣ ба роҳ мондани барномаҳои таҳлилӣ ва хабарӣ Радиои Паём назари онҳоеро ҳам хоҳад пурсид ва пахш хоҳад кард, ки нисбати масъалаҳои матраҳмешуда ихтилофи назар доранд;
  • Радиои Паём ба хотири эҳтироми Тоҷикистониёне, ки аз ақалиятҳо мебошанд ва забони онҳо дигар аст,  бо забони русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ низ барномаҳои хабарӣ ва фарҳангӣ пахш хоҳад кард;
  • Бо зикри манбаъ ҳар расона ва шахсони алоҳида  метавонанд аз матлабҳои Радиои Паём истифода баранд, онро тарҷума ва нашр намояд.

 

Бо Паём бошед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *