Рубрики Хабарҳо

Дар “тазоҳурот”-и назди сафорати Эрон киҳо ширкат карданд?

“Тазоҳурот”-и назди сафорати Эрон, ки нисфирӯзии 21 май баргузо шуд, на танҳо хеле содалавҳона барномарезӣ шуда буд, балки бозандагони нақшҳо дар он ҳам номувафақона интихоб шуда буданд. Дар ҳоле, ки мардум ин саҳнасозиро ба боди масхара гирифтааст, ҳар рӯз ҷузъиёти наве аз он ифшо мешаванд.

Мақомот бошанд бо нашри наворҳои иловагӣ танҳо ба шубҳаву гумонои мардум афзуда, худро хандахариш кардаанд. Шиорҳо дар ин “тазоҳурот” бо ҳам таноқуз доштанд: аз як тараф дод мезаданд, ки “Марг ба Кабирӣ” аз тарафи дигар мегуфтанд “Фарзандони моро баргардонед”. Шиори асосӣ онҷо асосан ҳамин “Марг ба Кабирӣ” буд, аммо дар сабте, ки баъдан мақомот ба он илова карданд, “ҷабрдидагон” ҳама аз он шикоят мекарданд, ки фарзандонашон аз Эрон намеоянд. Ҳоло Кабирӣ ба наомадани фарзандони эшон чӣ дахл дорад, норӯшан боқӣ мемонад. Ҳарфҳои яксони онҳо ҳам дарак медиҳад, ки муаллифи ҳамаи баромадҳо як нафра аст.

Паём маълум кард дар ин “тазоҳурот” киҳо ширкат кардаанд. Як гурӯҳи ҳади ақал 20-нафараи онҳо сокинони шаҳраки Коргари ҷамоъати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд. Албатта онҳо ҳам ҳақ ба тазоҳурот доранд. Вале маълум шуд ин гурӯҳ ҳамоне будааст, ки дар “тазоҳуротҳо” назди хонаи Тешаевҳо ва Саёидумар Ҳусайнӣ ширкат кардаанд.

Ин мардум аз бо роҳбарии масъули Кумитаи дин ва танзим дар ҷамоъати Мирзо Турсунзода Гулсунбӣ (насабаш пайдо нашуд) оварда шуда, идора мешуданд. Ин ҳамон масъул аст:

Ин зане, ки дар навор чанд бор “фарзандони  моро баргардонед” гуфта гирф кард Ғозиева Мавҷигул, сокини ҳамон шаҳраки Коргар аст, ки ҳамагӣ 1 писар дорад ва он ҳам мутаассифона гунг буда 6 сол аст дар Русия муҳоҷир мебошад:

Ин хонуми ниқобпӯш, ки бо тамом шудани “тазоҳурот” ниқобашро мекашад, ҳамсари дуввуми нозири минтақавӣ дар Коргар Ниёзов мебошад:

Инҳо ҳама сокинони шаҳраки Коргар ҳастанд, ки бо раҳбарии Гулсунбӣ омадаанд. Фарзандони аксари онҳо дар хориҷ ҳастанд ва мақомот бо гумони ғолиб бо таҳдид ба “тазоҳурот” кашондаанд.

Сарфармондеҳи гурӯҳ раиси бахши Кумитаи дин дар ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатов аст, ки қаблан ҳам дар ташкили чандин “тазоҳурот” алайҳи мухолифин ва боздошту зиндонӣ шудани чандин нафари дигар даст доштааст:

Ин нафар Расулов Маъруф аст, ки дар солҳои 2014-2015 ҷонишини декани факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ будааст:

Яке аз аҷоиботи ин “тазоҳурот” он буд, ки маълум набуд кӣ тазоҳргар аст ва кӣ корманди мақомоти интизомӣ. Масалан роҳбари митингчиён, ки шиорҳои аҷибу ғариб медод, дар ин навор кормндони пулисро ҷобаҷо мекунад ва онҳо фармони ӯро гӯш мекунанд:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *