Зиндагии тоқатфарсои муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар ғурбат дигар касеро сахт ба ташвиш намеорад. Ҳатто худи муҳоҷирро низ. То андозае фаҳмиши тоҷиконааш ба он одат кардааст. Аз ҳама мудҳиш он аст, ки чунин зиндагии беарзишро ҳамчун “тарзи зиндагии тоҷикӣ” қабул дорад.
Вакте дохили мушкилӣ муддати тулонӣ ба сар мебарӣ, бадбахтона, бо он одат мекунӣ. Дигар сахтат намерасад, ки чандин рӯз аҳли байт гӯшт тановул накардаанд ва ё фарзандон маълумоти хуб намегиранд. “Хайр чӣ, бисёриҳо бо ин тарз рӯз мегузаронанд!” — тахминан чунин аст посухи як тоҷики муҳоҷир, ки барои кофтани мисол аз деҳааш берун намебарояд. Ӯ аҷдодони бомаърифати пешинаашро кайҳо аз ёд баровардааст. Китоб барои аҳли оилааш аз воситаи оташгиронӣ беш қимат надорад! Каллаи муҳоҷир мудом дохили телевизори мӯъҷизанокест, ки ин зиндагии талхро дар назараш фиребо ҷилвагар сохта, дар холигии каллааш мафҳумоти “хушбахти” ва “меҳанпарасти”-ро метиққонад ва ӯро тадриҷан ба зомбӣ табдил медиҳад. Пас аз чунин “обработка” муҳоҷир худро сокини ҷаннат ва қишлоқаки бӯи чаппотиашро фирдавси барин мепиндорад. Дигар парвое надорад, ки аз нодониву нодориву ночориаш мавриди масхараи умум карор гирифтааст. Намехоҳад ҳатто фикр кунад, ки ин “тамғаи Ҷамшудӣ” ба ояндаи авлодаш чӣ пешомаде дошта метавонад! Ӯ дигар ба назарам кӯрмушеро мемонад, ки аз тарси рӯшноӣ аз мушхонааш берун набаромада, дар як ҷаҳони хайолӣ ба сар мебарад. Киро парвоест ба мушкилоти ин тоҷики маъмулӣ, ки ба вартаи нестӣ наздик расидаву аз хатарҳои эҳтимолӣ ноогаҳ мондааст?
Вакте намоишномаи “Муҳоҷирон”-и Барзу Абдураззоқовро дар сомонаи YouTube () дар як нафас тамошо кардам (ба дигар тарз намешуд, зеро хеле ҷолиб аст!), маро як ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. Боз аз нав тамошояш кардам. Надонистам бихандам ё бигирям. Намоиш ин ду эҳсосоти куллан фарқкунандаро дар як кружкаи нимшуставу пачақ омехта карду гуфт: “бинуш”! Бино бар ин мувоҷеҳи фикррониам сохт.
Таҳхонаи нимравшану тиҳӣ аз шароити оддитарини зиндагӣ дар як мамлакати кордиҳанда. Ин “истиқоматгоҳ”-и ду тоҷики муҳоҷири комилан тазоди ҳамдигар аст, ки аз ноилоҷӣ бо ҳам муросо доранд: як Муаллими китобхони жулидамӯй, ки дар ватан “душмани халқ” ном гирифтаасту аз дидани он маҳрум аст ва як “Галстукдор”-и нодони такаббур, як хонашери майдонғариб ва ҳам “умний дурак”, ки бо ин комплекти “сифот” худро шери майдон мешуморад. Тангии саҳна камии фазои нафаскаширо дар зеҳн ҷой медиҳад ва аз аввали намоиш тамошобинро ба риққат меорад. Ин ду қаҳрамони асар ду дасти як баданро мемонанд, ки ба самтҳои гуногун ҳаракат кардаву хеҷ ба ҳам намеоянд то кореро анҷом дода тавонанд. Фаҳмишҳояшон он қадар гуногунанд, ки Муаллим аз “доно”-ии Галстукдор дилтанг мешаваду Галстукдор аз гуфтори “асроромез”-и Муаллим ва рафторҳои “аҷиб”-аш дар ҳайрат аст.
Имруз Галстукдор аз шиносоии навбатиаш бо шаҳри нав баргашта, хамёзаи беодобона мекашад, гушашро бо ангушти хурди дасташ кофта, рӯи мизи хурокхурии камбагалонаашон мемолад ва чун ҳамеша аз Муаллим “ягон кашиданӣ” металбад. Ба сигори муфт гирифтааш чуқур зеҳн монда бо ҳиҷо мехонад: “Са-мел!”. Сипас ба Муаллим айёрона нигариста хитоб менамояд: “Пухтаи-а Маълим, пухта! Сигаретошон “Самел”, лиманотошон “Соса-сола!”. Барои даргиронии сигораш дар наздикӣ чизе пайдо накарда, нопурсида аз киссаи плаши Муаллим гӯгирдро мегирад ва пас аз даргирондани сигор ба ҷояш намонда, бегумон ба киссаи худ мегузорад. Як дуди чуқур кашида, аз “кашфиёотҳо”-и навбатиаш қисса мекунад: “Ма омадм! Вакзал рафта бдм. Хиҷ! Қиёмат! Мегуй замин кафидаю одам бромадай! Пива задм. Бля буду! Ду бакал! Дар буфет. Ҳиҷ! Чор тараф тлифонай. Занг мезанан! Ма назадм. Мада чӣ! Бо бдкаҳои газитфрушира дидм. Э-ҳа! И газита бину, и журнала бину! Ҳайфи қоғаз! Мехонан, мехонан! Ма нахондм. Мада черт даркор?”.
Тамошобин низ аз рафтори Галстукдор ва нақлҳои барҳам-дарҳамаш дилтанг мешавад. Ӯ гоҳе аз поездҳои электрикии ин мардум қоил гардидаву, гоҳе онҳоро барои истифодаи бемақсади барқ бо забони ба худаш хос танбеҳ медиҳад: “Тупоян чӣ, далбаёбан чӣ?”. Боз ба ҳоли як карисе, ки дар вокзал дидаст, базавқ механдад: “мегуи чашмҳояш бо лезва буридагияй!”. Мушоҳидаҳои Галстукдор бо ҳамин тамом намешавад. Ӯ бо нақли он, ки банохост аз поезд як “паршикастаи хушрӯ” бо ҷомадонҳои бешумор баромадаву мафтуни Галстукдор гардиду сипас дар ҳоҷатхона бо Галстукдор алоқаи ҷинсӣ кард, мехоҳад Муаллимро ба ҳайрат гузорад. Вале намешавад! Муаллим, ки ин ҳама вақт дар каташ дароз кашида машғули китобхонӣ буд, дигар тоқат накарда, аз ҷой бармехезад ва парда аз рӯи нақли бофтаи Галстукдор, ки ба гуфте “мояи ифтихори идеологҳои Тоҷик” аст, мебардорад: “Ту воқеан ҳам дар вокзали равшану гарм будӣ, дуконҳои барҳаворо мушоҳида кардӣ, хонуми зебои пулдорро ҳам, ки аз поезд мебаромад, дарвоқеъ дидӣ, ба ҳоҷатхонаи умумии бепули касиф даромада ҳоҷататро баровардӣ ва сипас ин нақли соддалавҳонаю аблаҳонаро фикр карда баромадӣ!”. Галстукдор аз ин фошкунии бераҳмонаи Муаллим меранчад ва аз шиддати алам гиря мекунад: “Биё мон… бе усу…бляд … фақат ту кора расво мекунӣ..”. Новобаста аз ҳама, боз ҳам мекӯшад дуругашро рост кунад. Ва чун гапаш намегузарад, иқрор мешавад, ки бо ин нақл мехост табъашро каме чоқ кунад.
Муаллим аз зиндагӣ дар таҳхонаи бетирезаву бадбӯй бо ҳамхонаи мунофиқ ва ҳамчунин аз зиндагии озоди мардуми ошёнаҳои болоӣ ба риққат омада, фарйод мезанад: “Бадтарин қисмат дар таҳхона, зери ин трубаҳои гармидиҳиву канализатсионӣ зистан аст!”. Галстукдорро бошад, чунин шароит умуман нороҳат намесозад. Гаму шодии ӯ ҳама бо пашша алоқаманданд. Гоҳо дилтанг мешавад, ки чаро дар ин макон ягон пашша нест. Гоҳо тасаввур мекунад, ки агар пашшаяке мебуд, ӯ болҳояшро канда, онро рӯи мизи хурокхӯрӣ сар медоду пашшаяк “ғингас” карда мегашт. Боз бошавқ ба хотир меорад, ки чӣ тавр дар Ватан пашшаҳо ҳангоми хурокхӯрӣ ғавраш мекарданд. У аз бефаҳмӣ консерваи сагонаро “моли арзон” гуфта, барои хурдан мехарад ва пас аз фош шудан худро “сафед” мекунад: “зато барои гурба нест”!.
Муддате, ки дар ғурбат ба сар мебарад, Галстукдор забони ин мардумро намеомӯзад, баръакс пешравии ононро нодида гирифта, ҳамон зиндагии рустоияшро эталони хушбахтӣ мешуморад. Пас аз баргаштан ба деҳаи худ Галстукдор нияти сохтани хонаи “калон” ва гузаронидани маъракаи дабдабанок ва айшу ишратро дорад, то “баъзе номардонро сӯзонад”. Ин “қаҳрамон” тарзи зиндагии худро идеалӣ мешуморад чун чашмонаш аз пеши пояш дуртарро намебинанд. Галстук барои ӯ як атрибутикаи доимии зиндагиаш гардидааст. Ӯ гоҳо бо он лабонашро тоза кардаву гоҳо мехоҳад бо худи ҳамон галстук худро овезад. Бале, аз он хеҷ канданӣ нест, ки нест. Шояд бо ҳамон галстукаш хоб ҳам меравад. Галстукдор новобаста аз вазъи аблаҳонааш дар сар ҳавои шоҳона дорад.
Муаллим, баръакс, бо ҳама доноӣ ва нуктасанҷиаш аз ватан маҳрум азият мекашад ва ҳатто гами ҳамин Галстукдори нохондамуллоро ҳам мехӯрад. Ӯро аз худкушӣ бозмедорад: “Бале, зиндагиро давом додан даркор аст!”. Аз алам меларзад, мегиряд. Муаллими китобдонро дар ватан ба ҳар гуноҳи имконпазир “муттаҳам” мекунанд. Гоҳ салафиаш мехонанду гоҳ иғвогар, гоҳ душмани халқ асту гоҳ экстремист. Хулоса, “гунаҳкор” аст! Хулоса, барои ватани худ нодаркор аст!
Ин намоишномаро танҳо ду актёр мебозанд. Ду нақши ба ҳам муқобил. Аз нигоҳи аввал як намоиши нимҷиддӣ менамояд. Ин сюжети “содда” дар рафти спектакл пеши назари тамошобин як қаҳрамони даҳшатноки имрӯзиро зина ба зина ба ҷилва мегузорад. Қаҳрамонеро, ки барояш маърифату тафаккур арзише надораду, илова бар он, хеле такаббур ва иззатталаб аст. Мехоҳад соҳибқудрат бошаду “қамчин кунад”. Оҳ… хеле шинос аст!
Барои ин “шиносоӣ” режжиссёри басаҳнагузоранда Барзу Абдураззоқов мағз об кардаву актерҳои бомаҳорат Қурбони Собир ва Нозим Меликов зери обу арақ тӯли бештар аз як соат дар саҳна заҳмат мекашанд. Ин ҷонкоҳониашон беҳуда нест! Оинаеро пеши тамошобин гузоштаву мегӯянд: “Бубин худро!”. Дар охири намоиш тамошобинон дарвоқеъ ба фикр фурӯ рафта, дигар маҷоли қарсакзанӣ ҳам надоранд. Ин ҳолатро метавон хоби даҳшатнок дар бедорӣ номид.
Зиёиёни асил, ин Муаллимҳо, камбудиҳои ҷомеаро пештар аз ҳама мушоҳида намудаву мардумро аз оқибатҳои ҳузновари чунин “пешрави” огоҳ месозанд. Ҳамеша чунин буд. Вале имрӯз, мутаассифона, чунин нест. Ҷои Муаллимҳоро зиёиёни қалбакӣ гирифтаву мардумро дар якҷоягӣ бо Галстукдор ба вартаи нестӣ тела медиҳанд. Галстукдор низ Муаллимро дӯст намедорад: “Бигзор дар хориҷа ва ё маҳбас пӯсида равад!”.
Спектакли “Муҳоҷирон”, ки шуморо ба диданаш аз таҳти дил ТАШВИҚ мекунам, соли 2009 бо кӯмаки молиявии Маркази фарҳангии “Бактрия” рӯи саҳна омадаву хамагӣ чор маротиба берун аз саҳнаи театр, дар як шароити “саҳроӣ” бо декоратсияи “камбағалона” барои 240-250 тамошобин пешкаш гардидаасту халос. Ҳукумати Тоҷикистон чор намоиши дигари ин спектаклро “пешгирӣ” кардааст. Ин шояд ҳамон Галстукдор аст, ки аз хории ҳиҷрат баргаштаву холигии ҷои Муаллими ҳамхонаашро пур карданист. Ӯ имрӯз раиси ноҳияи Фархор, вазири алоқа, вазири маориф, Донишманд ва қариб ки Бузургвор аст! Ба қавле, бо тамоми ҳастияш “давр меронад”!
Дер нашудааст. Намоишро ҳатман бубинед ҳоло ки онро бо дархости Галстукдор ҳамчун як маводи “иғвогароёна”, “ифротиёна” ва ё “хатарнок” аз саҳифаи YouTube ҳазф накардаанд! То як бор шумо низ ба андеша фурӯ рафтаву ба ҳоли худ бигирйед. Ин намоиш воқеан ҳам “хатарнок” аст. Барои он, ки чашми касро ба ҳақиқати талхи зиндагии имрӯза мекушояд.
Шодӣ Бедимоғов