Рубрики Хабарҳо

Додситонӣ: вазири нақлиёт қасди худкушӣ кардааст

Тибқи иттилоъи “Ховар” бо истинод ба Додситонии кулли Тоҷикистон вазири нақлиёти Тоҷикистон даст ба худкушӣ зада, аммо муваффақ нашудааст. 

“1 августи соли 2020, тахминан соати 5 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода , соли таваллудаш 1958 дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23 бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст” — хабар медиҳад манбаъ бо истинод ба Додситонии кулл. 

Гуфта мешавад, “ҳамсари Х. Худоёрзода. — А. Қаландарова, писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Суфишоева ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд”.

Худоёрзода дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шдуа, вазъи саломатиаш мӯътадил арзёбӣ мешавад.

“Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад” — хабар додааст манбаъ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *