Рубрики Хабарҳо

Яке аз раҳбарони Ҷиҳоди исломии Фаластин дар зиндони Исроил ҷон бохт

Хизр Аднон, яке аз масъулини ҷунбиши “Ҷиҳоди исломии Фаластин” пас аз таҳаммули 87 рӯзи гуруснанишинӣ дар зиндони Исроил ҷони худро аз даст дод. 

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин зимни ибрози таасуф ва таассур аз ин иттифоқ эълом кард, ки ахиран вазъияти саломатии вай рӯ ба вахомат гузошта буд. 

Аднон пеш аз ин низ дар эътироз ба боздошти идорӣ дар соли 2012 ба муддати 66 рӯз, дар соли 2015 барои 52 рӯз, соли 2018 барои 59 рӯз ва соли 2021 низ барои 25 рӯз даст ба гуруснанишинӣ зад. 

Бино бар эъломи шоҳидони айнӣ 5 феврал низомиёни Исроил ба шаҳраки “Арраба” дар наздикии Ҷинини каронаи бохтарии рӯди Урдун юриш бурда ва Хизр Аднонро дар манзилаш боздошт карданд. 

Аднони 44 сола, ки аз сӯи Исроил ба узвият дар ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ ва мушорикат дар фаъолиятҳои зиддиисроилӣ муттаҳам шуда буд, аз соли 2012 борҳо дастгир ва ба “боздошти идорӣ” маҳкум шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *