Ифшои 62 ҳолати “хешутаборчигӣ”. Раисҷумҳур сарфи назар шудааст
Оҷонсии мубориза алайҳи фасод гузориш дод, ки 62 ҳолати “хешутаборчигӣ”, яъне аз ҷониби мақомдорон ба кор таъин намудани пайвандонашон ошкор карда шудааст.
Аз рӯи моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда манъ мебошад.
Бар асоси қонуни мазкури Тоҷикистон, шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд. Тибқи ин қонун, хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, хешу таборчигӣ дар раъси ҳукумати Тоҷикистон беш аз ҳама ба мушоҳида мерасад. Аксари курсиҳои роҳбарии вазорату кумитаҳо, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, воҳидҳои низомӣ ва ғайраро пайвандони раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда доранд.
Роҳбарияти ҳукумати пойтахт ва дастгоҳи президент ба дӯши писару духтари раисҷумҳур — Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон аст, ки хилофи қонуни мазкур мебошад. Аммо ин ва дигар қонуншиканиҳои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон сарфи назар карда мешавад.