Рубрики Хабарҳо

Қазоқистону Ӯзбекистон ҳазорҳо мошин содир мекунанд

Дар соли 2020 аз Қазоқистон ба Узбакистон беш аз 3000 мошин ворид карда шуд. Ин назар ба соли гузашта 18 баробар зиёд аст.

Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи тиҷорати автомобилии Қазоқистон, имсол ҳаҷми содироти мошин аз Қазоқистон се маротиба афзуда, дар маҷмӯъ ба 6000 адад расидааст. Соли гузашта Қазоқистон 1900 адад мошин содир кард.

Шумори аз ҳама зиёди мошинҳо ба Ӯзбекистон — 3,1 ҳазор адад, пас аз он Русия — 2,8 ҳазор адад, Қирғизистон — 59 автомашина  ва Беларус — 55 мошин  содир карда шуданд.  Мошинҳо ба арзиши 67 миллион доллар ба Узбакистон, 25 миллион доллар ба Русия, 528 000 доллар ба Беларус ва 507 000 доллар ба Қирғизистон содир карда шуданд.

Тибқи дурнамои ассотсиатсия, то охири сол содироти мошинҳо аз 7000 адад зиёд хоҳад шуд.  Калонтарин корхонаи мошинсозии Қазоқистон Сарикаркаавтопром дар вилояти Кустанай мебошад. Он мошинҳои чинии JAC, Yutong, Ankai ва мошинҳои боркаш ва автобусҳо,  Chevrolet, Ravon ва Hyundai  истеҳсол карда мешавад.

Ғайр аз ин, шаш коргоҳи дигари мошинсози дар ин кишвар фаъолияти истеҳсолӣ дорад. 

Дар 10 моҳи соли 2020 дар Қазоқистон дар маҷмӯъ 61 ҳазору 800  мошин истеҳсол шудааст. 

Кишвари Ӯзбекистон низ дар истеҳсоли мошинҳо имсол пешсаф аст. Дар даҳ моҳи аввали соли ҷорӣ 13 ҳазору  310 мошин ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуд. Арзиши умумии онҳо 127,2 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон ба мааблағи 1 миллиону дусад ҳазор доллар мошинҳои истеҳсоли Ӯзбакистонро дар худи ҳамин сол харидорӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *