Рубрики Хабарҳо

Дар Маскав ҳаво -25 мешавад

Зимистони воқеӣ, ки дар чанд соли ахир собиқа надоштааст аз рӯзи ҷумъа то 20 январ, дар Русия ба вижа Маскавро дар бар хоҳад гирифт.

Коршиносони ҳавошиносии Русия яхбандони шадид дар Маскав барои ҳафтаи оянда ва бо дамои 25- дараҷаи сонтиград ва дар бархе нуқоти Русия то 40- дараҷа пешбинӣ карданд, ки ба муддати як ҳафта боқӣ хоҳад монд.

Евгений Тишковес, коршиноси барҷастаи Маркази обу ҳавоии Фобос ба расонаҳо гуфта, ки «ҳафтаи оянда Русияи марказӣ бо як зимистони воқеӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, ки ҳаддиақал дар се соли гузашта чунин иттифоқе рух надодааст.»

Тибқи гуфтаи ин коршиноси ҳавошиносӣ шиддати бориши барф дар Маскав 35 то 50 дарсад афзоиш дорад ва иртифоъи он ба 40 то 45 сантиметр хоҳад расид.

Коршиносони ҳавошиносӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахти Русия ҳушдор додаанд, ки танҳо дар сӯрати зарурат ва бо риояти эҳтиёт аз хонаҳои худ хориҷ шаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *