Рубрики Хабарҳо

Мавҷи интернетии дараҷаи 5G кай дастрас мешавад? (Навор)

Дар Тоҷикистон бо доштани мавҷи интернетии дараҷаи 4G дар телефонҳои ҳушманд ва лавҳаҳоямон меболем, чун баландтарин сатҳи мавҷи интернет айни ҳол ҳамин 4G аст. Аммо бояд донист, ки ҷаҳон барои пайдоиши сатҳи панҷум, яъне 5G омодагӣ мебинад.

Бояд гуфт,  истифодабарандагон борҳо шикоят кардаанд, ки мавҷи 4G телефонҳои ҳушмандро метасфонад ва қувваи батареяҳои онҳо зуд тамом мешавад. Бинобар,  ширкати телекоммуникатсионии Норвегия Telenor, яке аз самтҳои асосии технологияи соли 2019 -ро ба кор даровардани сатҳи панҷум, яъне 5G унвон кардааст.  Мавҷи 5G навъи технологияе мебошад, ки имкон медиҳад, даҳҳо маротиба суръати интиқоли маълумот афзояд, ҳамзамон ба дастгоҳҳои гуногун бидуни талафоти суръат ва сифат пайваст шавад.

Сатҳи 5G имкон медиҳад, ки ҷараёни ирсоли маводҳои видеоӣ бо суръати тез ба амал оянд. Ҳамзамон, корбар дар вақти исроли маводҳои калонҳаҷми видеоӣ, бидуни суст шудани мавҷи интенет, корҳои дигарро дар шабакаҳои нитернетӣ анҷом дода метавонад. 5G барои беҳбудии истифодаи интернет, сарфаи вақту маблағ, дар вақти кам дастрас намудани маълумотҳои лозима хидмат хоҳад кард. Коршиносони соҳа ба ин боваранд, ки соли 2019 дар қаламрави ҷаҳон дастрасӣ ба сатҳи 5G имконпазир мешавад ва шоҳиди  тараққиёти технологияҳои навин хоҳем буд.

Моҳи феврали соли 2018 ҳини кушодашавии Олимпиадаи зимистонаи ҷаҳонӣ дар Кореяи ҷанубӣ мавҷи 5G озмоиш шуд.

Дар Олмон бошад, моҳи майи соли гузашта, дар шаҳри Гамбург бо мувафақият аз санҷиш гузашт. Ҳамчунин ширкати Deutsche Telekom истифодаи 5G — ро дар Берлин озмоиш кард.

Ширкати амрикоии Verizon эълон кард, ки ба наздикӣ дар Хьюстон, Индианаполис, Лос-Анджелос ва Сакраменто истифодабарандагони интернетро ба дараҷаи 5G таъмин хоҳад кард.

Кишвари Ҷопон низ нақша дорад, ки ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2020- ро бо суръати интернетии дараҷаи 5G гузаронад.

Аз моҳи марти соли 2019 дар Амрико марҳалаи якуми ба истифода додани интернети дараҷаи 5G  суръат мегирад.

Ширкати чинии Huawei аллакай таҷҳизоти паҳнкунандаи мавҷи интернетии дараҷаи 5 G- ро сохтааст. Ин нишонгари онаст, ки  Чин кӯшиш дорад, дар истеҳсолу таъмини ҷаҳон ба технологияи навин пештоз бошад ва ба тадриҷ ин бозорро инҳисор кунад.

Баробари дар истеҳсоли технологияҳои навин пештоз буданаш, таҷҳизотҳои бесифати Чин, чанд кишварҳоро водор кардааст, то аз харидорӣ ва истифодаи баъзе аз таҷҳизоти истеҳсоли чинӣ, аз ҷумла таҷҳизоти истеҳсоли ширкати чинии Huawei даст кашанд.

Истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли ширкати чинии Huawei  дар Амрико, Австралиё ва Зелландияи нав манъ карда шудааст. Кишварҳои номбурда ба ин боваранд, ки таҷҳизоти истеҳсоли ширкати Huawei хатарзо ба саломатии инсон аст. Бинобар, ин кишварҳо аз ширкати Huawei таҷҳизоти паҳнкунандаи мавҷи интернетии дараҷаи 5G харидорӣ нахоҳанд кард.

Бесаброна мунтазир мемонем. То телефонҳои ҳушманди нархашон дастрас низ бо мавҷи дараҷаи 5G ҳарчи зудтар ба кор дароянд ва мо ҳам насиб бошад, аз он истифода кунем.

Бо мо бошед! Ба навгониҳои технологияҳои аср бо ҳам ошно мешавем.

Дар ин бора имрӯз 14/02/2019, соати 12:40 ва такрори онро соати 18:40 ба вақти Маскав аз Радиои Паём бишнавед.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *