Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат бо интиқод аз ҳамроҳии бархе кишварҳои минтақа бо сиёсатҳои Амрико, гуфт: дар мақтаъе, ки Кувайт аз сӯи Ироқ ишғол шуда буд, Арабистони Саудӣ ва Аморотро наҷот додем.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон, Рӯҳонӣ дар ин маврид изҳор доштааст: Саддом илова бар Кувайт ба думболи ишғоли Арабистон, Уммон, Аморот ва Қатар ҳам буд.
Вай идома дод: Саддом дар он мақтаъ мудом паёмҳо ва дархостҳои мутааддиде ирсол мекард, ки кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форсро ишғол хоҳад кард ва шумо низ биёед шарик шавед. Лизо кори бузургеро, ки ҳокимияти хирадмандонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он шароит кард , набояд фаромӯш кунед.
Раисҷумҳури Эрон афзудааст: ин Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ки Арабистонро наҷот дод ва агар тасмими дигаре дар он мақтаъ гирифта будем, чӣ басо имрӯз асаре аз Арабистон ва Аморот вуҷуд надошт.
Рӯҳони дар мавриди лағви иҷозатномаҳои харидорони нафти Эрон тавассути Амрико низ тасреҳ кард: Амрикоиҳо дар саҳнаи иқтисодӣ низ ба аҳдофи мавриди назарашон нарсида ва нахоҳанд расид, албатта табиӣ аст, ки бо фишорҳои худ мушкилоте барои зиндагии рӯзмараи мардум эҷод кунанд, аммо миллати Эрон ба хубӣ медонанд, ки дар муқобили иқдомоти ғайриқонунии мутаҷовизин, роҳе ҷуз истодагӣ ва муқовамат вуҷуд надорад.
Вай музокираи кишвараш бо Амрикоро машрут ба бардошта шудан фишорҳо донист ва гуфт: мо ҳамвора марди музокира ва дипломосӣ будаем, ҳамон тавре, ки марди ҷанг ва дифоъ ҳастем, музокира дар сурате муяссар аст, ки ҳама фишорҳо бардошта шуда, аз иқдомоти ғайриқонунии худ узрхоҳӣ кунанд ва эҳтироми мутақобил вуҷуд дошта бошад.