Ҳаракати Толибон гуфтаанд, “Омрикоиҳо бояд ба ишғолгарӣ поён диҳанд ва аз ҳимояти гурӯҳи тундафкани “Давлати исломӣ”, ки ба амнияти Афғонистон ва минтақа хатарзост, даст кашанд.”
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ашшарқул-авсат, таъкид кардааст, ки “Ҷунбиши Толибон бо давлати Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ҳаргиз музокира нахоҳад кард. Нишасти намояндагони Толибон бо Залмай Халилзод, намояндаи Омрико дар раванди сулҳи Афғонистон, сирфан нишаст бо намояндаи Омрикост, аммо Ашраф Ғанӣ як дастёри дохилии ӯст. Ӯ ва низомаш мушкили фаръии Афғонистон ҳастанд, ки пас аз ҳалли мушкили аслӣ яъне ишғолгарӣ, ҳал хоҳанд шуд.”
Сухангӯи Толибон роҳбарияти ҳукумати Афғонистонро “фарҳехтагони мутаассир аз тафаккури ғарбӣ” унвон кардаст.
Ӯ афзудааст: Дар ҳоле, ки раъси ҳукумати Афғонистон комилан ҳақиқатро медонанд, ба истеъморгар мулҳақ шуда, бо тамаъи дастёбӣ ба пулу мақом бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд ва худро дар хидмати онҳо қарор додаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид таъкид кардааст: Агар ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз гумроҳӣ бозгашта тавба кунад, табиист, ки бархӯрди Толибон бо онҳо тағйир меёбад ва ихтилофҳои мавҷуда ҳал хоҳанд шуд.”
Забеҳулло Муҷоҳид дар посух ба ин суол, ки назараш дар бораи дархости раисиҷумҳури Афғонистон аз Толибон барои анҷоми музокироти ҷиддӣ бо Кобул чист ва оё умеде барои нишастани ин ҷунбиш бар сари мизи музокирот бо давлати Ашраф Ғанӣ дар ояндаи наздик вуҷуд дорад ё на?, гуфт: “Борҳо таъкид кардем, ки давлати Кобулро ба унвони низоми расмии намояндаи мардуми Афғонистон ба расмият намешиносем; намехоҳем бо давлате, ки салоҳият надорад музокира кунем. Ба ҳамин далел бо омрикоиҳо дар бораи поён додан ба ҳузури нерӯҳои бегона вориди музокира шудаем.”
Бино ба гуфтаи сухангӯи Толибон ин ҳаракат бештари хоки Афғонистонро таҳти назорати худ даровардааст. Нерӯҳои ҳаракати Толибон дар саросари кишвар аз ҷумла дар дохили ниҳодҳои давлатӣ ва дастгоҳҳои мухталиф ҳузур доранд.”
Сухангӯи Толибон дар поён дар хусуси ин ки чанд дарсад тасмими Омрико барои хуруҷ аз Афғонистонро ҷиддӣ медонад, гуфт: “Мо ҳазор дарсад итминон дорем, ки Худованди Мутаъол моро пирӯз хоҳад кард. Худованд ҳеч гоҳ хулфи ваъда накардааст ва моро ба пирӯзӣ ваъда додааст, аммо итминони мо ба омрикоиҳо сифр аст ва чӣ гуна метавонем итминон кунем дар ҳоле, ки онҳо садҳо ҳазор тан аз мардуми моро кушта, рустоҳои моро тахриб ва хонаводаҳои моро овора карданд.”