Сипосу ситоиш барои Аллоҳ, ки моро ба дини Ислом ҳидоят намуд ва ба он бар мо миннат ниҳод. Ва моро дар беҳтарин уммат берун овард, пас Ӯро мепурсем, ки барои он чи ки дӯст медораду розӣ мешавад, моро тавфиқ диҳад ва аз он чи ки бад мебинаду ба ғазаб меояд, моро нигаҳ дорад.
Аллоҳ таъоло фармуд:»Онҳо неъмати Аллоҳро мешиносанд, сипас онро инкор мекунанд».Сураи Наҳл, ояти: 83
Маънояш ин аст: Ин моли ман аст, онро аз падаронам мерос бурдам.
Авн ибни Абдуллоҳ мегӯяд: Агар фалонӣ намебуд, ин тавр намешуд.
Ибни Қутайба мегӯяд: Ин неъмат ба шафоати маъбудонам ба мо расид.
Баъзе аз гузаштагон гуфтанд: Ин монанди гуфтаи онҳост: Боду ҳаво хуб буд ва киштирон маҳорат дошт ва суханоне ҳамонанди ин, ки дар забонҳои мардум паҳн аст.
Изофа кардани неъматҳо ба ғайри Аллоҳ чанд қисм аст:
Қисми аввал: Ширки акбар мебошад ва чанд сурат дорад:
1. Неъматро ба сӯи сабаб изофа кунад, бар ин ки сабаб фоил ва худаш дар таъсир расондан ба ҷуз Аллоҳ мустақил аст, пас ин ширки акбар аст, ҳамчуноне ки гузашт дар мустақил қарор додани манзилҳои ситорагон дар боридани борон.
Ибни Раҷаб гуфт: Касе чизе аз неъматҳоро ба ғайри Аллоҳ нисбат диҳад, бо эътиқод доштанаш, ки он аз ҷониби Аллоҳ нест, пас ӯ дар ҳақиқат мушрик аст ва бо эътиқоди ин ки он аз ҷониби Аллоҳ аст, пас он навъи ширки пӯшида аст.
2.Инро ба сӯи сабаби нодуруст ва барои он умуман таъсире нест, нисбат диҳад, монанди ин ки бигӯяд: Агар фалон валӣ намебуд, инчунин ва ончунин намешуд, ин ширки акбар аст, чаро ки ба ин қавл эътиқод дорад, ки барои ин валӣ дар олам тасарруф аст, бо вуҷуде ки ӯ маййит аст.
3.Аслан неъматҳои Аллоҳро ба қалб ва забонаш инкор кунад ва онро ба сӯи ғайри Ӯ нисбат диҳад, пас ин кофир аст.
Аллома Саъдӣ мегӯяд: (Касе неъматҳои Аллоҳро ба қалбу забонаш инкор кунад, пас он кофир аст, бо ӯ аз дин чизе нест).
Ин барои мухолифаташ фитрат ва сареҳи Қуръонро ошкор аст; «Ва он неъматҳое ки доред, пас аз ҷониби Аллоҳ аст». Сураи Наҳл, ояти: 53.
4.Агар пайдо шудани неъматеро, ки онро танҳо Аллоҳ пайдо мекунад, ба кадом махлуқҳое нисбат додан, монанди касе ки неъмати эҷоди фарзандро барои падари бенасл ба табиб нисбат медиҳад ё боридани боронро ба валӣ ё монанди ин.
Қисми дуюм: Ширки асғар мебошад ва он се сурат дорад:
1.Онро ба сӯи сабабе нисбат диҳад, ки сабаб буданаш собит нашудааст на аз рӯи шаръ ва на аз рӯи ҳис бо эътиқод доштанаш, ки Аллоҳ ҳамон неъматдиҳандаи ҳақиқӣ аст, пас ин навъи ширки асғар аст. Ва ин монанди асбоби хаёлӣ аст, монанди гармӣ ва гарданбандҳое ки гуфта мешавад, ки он аз расидани чашм нигоҳ медорад ва манзилҳои ситорагон, ки борон меорад ва монанди ин, чаро ки сабабе исбот кард, ки Аллоҳ онро сабаб қарор надодааст, пас дар исботи сабабҳо барои Аллоҳ шарик буд.
2. Неъматро ба Аллоҳ нисбат диҳад ва сабабаш дуруст аст, ба ҳарфи якҷо гӯяд, ки тақозои баробарӣ кунад, монанди ин ки бигӯяд: Агар Аллоҳ ва табиб намебуд, ҳароина ҳалок мешудам, ин ширки лафзӣ аст ва ин ширки асғар аст на акбар, барои баробариро эътиқод надоштанаш.
3.Неъматро ба сабаби дуруст нисбат диҳад, лекин қалбаш ба сабаб муаллақ аст на ба Аллоҳ, мисли ин ки бигӯяд: Агар фалонӣ намебуд, ҳароина ғарқ мешудам ё сабабро пурра қарор медиҳад, ки қафо намемонад ба ҳайсе ки агар он намебуд, неъмат ҳосил намешуд ва ӯ монанди касест, ки мегӯяд: Сироят сабабест, ки таъхир намекунад.
Қисми сеюм: Неъматро ба сӯи сабаби дурусти собит аз рӯи шаръ ва ё ҳис бар сабили хабар додан изофа кунад, на чизи дигар, бо мутмаин будани қалб ба ин ки неъматдиҳандаи ҳақиқӣ Аллоҳ таъолост, пас дар ҷоиз буданаш ду қавл аст:
Қавли якум: Ҷоиз аст ва ин зоҳири феъли бисёри имомҳост, монанди Шайхи Ислом Ибни Таймия, Ибни Қайим, Заҳабӣ ва пеш аз инҳо Ибни Муборак, Ҳоким ва дигарон (لولا (агар намебудро дар асбоби ҳақиқӣ истифода бурданд, монанди қавли Заҳабӣ агар ҳофизони бузург намебуд, ҳароина зиндиқҳо бар минбарҳо хутба мекарданд.
Ва аз Шофеъӣ ривоят мешавад: Агар муҳаддисон намебуданд, ҳароина зиндиқҳо бар минбарҳо хутба мекарданд.
Муаллифи Кашоф аз баъзеи олимон нақл карда гуфт: Агар фалонӣ намебуд ба чунин ҳол намерасидем, барои баъзеи неъматҳои Аллоҳ ва албатта ба монанди ин сухан кардан ҷоиз намебошад, ба мисли: Ҳаргоҳ эътиқод накунад, ки он аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва онро бар дасти фалон ҷорӣ кард ва онро дар ба даст овардани он сабаб гардонд. Ал-Кашшоф ан-ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, 2/626.
Далелашон он ҳадисе ки дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар шаъни амакашон Абӯтолиб фармуд: «Агар ман намебудам, ҳароина дар поёнтарин табақаи Дӯзах буд». Бухорӣ (6208), Муслим (357-209)
Шакке нест, ки беҳтар ин аст, ки неъмат ба сӯи неъматдиҳандаи ҳақиқӣ нисбат дода шавад, пас мегӯяд: Агар Аллоҳи якто намебуд ё мегӯяд: Агар Аллоҳ сипас фалонӣ намебуд… ва ин ду лафз дар қатъи таълиқи дилҳо ба ғайри Ӯ ҷалла ва ало доитар мебошад.
Қавли дуюм: Умуман ҷоиз нест ва ин қавли Ибни Раҷаб ва аллома Сулаймон ибни Абдуллоҳ ва ғайраҳо.
«Неъмати Аллоҳро медонанд, сипас онро инкор мекунанд».
Дар ин неъмат ду қавл аст:
Қавли якум: Мурод ба неъмат дар инҷо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, медонанд, ки ӯ Паёмбар аст, сипас ӯро дурӯғгӯ мешуморанд.
Қавли дуюм: Мурод ба неъмат хонаҳо, чаҳорпоён, таом ва дигар неъматҳои Аллоҳ азза ва ҷалла бар онҳо дар дунёст, ки зикри он дар сураи Наҳл ва онро сураи Ниъам номида мешавад, зикр кардааст. Ин қавли Муҷоҳид, Авн ибни Абдуллоҳ, Қатода ва ғайрашон мебошад. Ва маънояш ин аст, ки онҳо медонанд, ки неъматҳо аз ҷониби Аллоҳ аст ва локин мегӯянд: Ин ба шафоати олиҳаи мост.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Он неъмате, ки доред, пас аз ҷониби Аллоҳ аст». (Сураи Наҳл, ояти: 53). Ва ин ки неъматҳоро ба сӯи Аллоҳ аз рӯи қавл ва эътиқод нисбат диҳад ва забонашро бар ҳамд ва шукри Аллоҳи якто одат кунонад ва фазлро барои Аллоҳи якто нисбат диҳад.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Онҳо неъмати Аллоҳро мешиносанд, сипас онро инкор мекунанд. Ва бештарашон кофиранд». Наҳл-83.
Ва фармуд: «Ки инсон дар баробари неъматҳои Парвардигораш бисёр носипосу бахил аст». Одиёт-6.
Ва фармуд: «Парвардигоратон касе аст, ки киштиро дар дарё барои шумо ба ҳаракат дармеоварад, то аз неъмати Ў баҳраманд шавед, Ў нисбат ба шумо меҳрубон аст». Исро-66.
Ва фармуд: «Ва аз ҳар чизе, ки аз Ў хостед, ба шумо дод. Ва агар неъматҳои Аллоҳро бишуморед, ҳаргиз онҳоро шумориш натавонед кард. Инсон ситамгар ва носипос аст». Иброҳим-34.
Ва фармуд: «Ва касе, ки неъмати Аллоҳро пас аз он ки ба суроғаш омад, табдил кунад ва дар роҳи хилоф ба кор гирад, гирифтори азоби шадиди Илоҳӣ хоҳад шуд, ки Парвардигор сахткайфар аст». Бақара-211.
Неъматҳои Аллоҳро ба маъсият сарф кардан куфр, зулм, фасод ва туғён аст, ҳамчуноне, ки фармуд: «Оё надидӣ касонеро, ки неъмати Аллоҳро ба куфрон табдил карданд ва қавми худро ба сарои нестиву нобудӣ кашонданд?! Сарои нестиву нобудӣ, ҳамон ҷаҳаннам аст, ки онҳо дар оташи он дохил мешаванд, ва қароргоҳи баде аст! Онҳо барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор додаанд, то мардумро аз роҳи Ў каҷ ва гумроҳ созанд, бигӯ: «Чанд рӯзе аз зиндагии дунё ва лаззати он баҳра гиред, аммо оқибати кори шумо ба сӯи оташи дӯзах аст!». Иброҳим-28-30.
Аз ҷониби Аллоҳ таъоло будани неъматҳоро эътироф накардан соҳибашро ба ғурӯр мебарад ва пас аз он ӯ розиқ ва холиқашро фаромӯш карда ҳаққи Ӯ таъолоро адо намекунад. Аллоҳ таъо дар шаъни Қоруне, ки фазли Аллоҳ таъолоро инкор кард, фармуд: «Қорун аз қавми Мӯсо буд, аммо бар онон ситам кард. Мо он қадар аз ганҷҳо ба ӯ дода будем, ки ҳамли калидҳои он барои як гурӯҳи зӯрманд мушкил буд! Ба хотир оваред ҳангомеро, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ин ҳама шодии мағрурона макун, ки Парвардигор шодикунандагони мағрурро дӯст намедорад. Ва дар он чӣ Аллоҳ ба ту додааст, сарои охиратро биталаб ва баҳраатро аз дунё фаромӯш макун ва ҳамон гуна, ки Аллоҳ ба ту некӣ кардааст, некӣ кун ва ҳаргиз дар замин дар ҷустуҷӯи фасод мабош, ки Аллоҳ муфсидонро дӯст надорад. Қорун гуфт: «Ин сарватро ба василаи донише, ки назди ман аст, ба даст овардаам». Оё ӯ намедонист, ки Худованд ақвомеро пеш аз ӯ ҳалок кард, ки нерӯмандтар ва сарватмандтар аз ӯ буданд?! Ва ҳангоме, ки азоби Илоҳӣ фаро расад, муҷримон аз гуноҳонашон савол намешаванд. Рӯзе Қорун бо тамоми зинати худ дар баробари қавмаш зоҳир шуд, онҳо, ки хоҳони зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош монанди он чӣ ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем! Ба ростӣ, ки ӯ баҳраи бузурге дорад!. Аммо касоне, ки илму дониш ба онҳо дода шуда буд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Савоби Илоҳӣ барои касоне, ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом медиҳанд, беҳтар аст, аммо ҷуз собирон онро дарёфт намекунанд. Сипас мо, ӯ ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва гурӯҳе надошт, ки ӯро дар баробари озоби Илоҳӣ ёрӣ кунанд ва худ низ наметавонист худро ёрӣ диҳад». Қасас-76.81.
Инкор неъматҳо сабаби заволи он аст, ки фармуд: «Аллоҳ таъоло барои онон, ки куфрони неъмат мекунанд, масале задааст: Минтақаи ободе, ки амну ором ва мутмаин буд ва ҳамвора рӯзияш аз ҳар ҷо мерасид, аммо неъматҳои Аллоҳро носипосӣ карданд ва Худованд ба хотири аъмоле, ки анҷом медоданд, либоси гуруснагиву тарсро бар андомашон пӯшонид». Наҳл-112.
Аллоҳ таъоло дар шаъни деҳаи Сабо, ки ба аҳли он неъматҳои бисёре ато фармуда буд, хабар дода фармуд: Барои қавми «Сабо» дар маҳалли сукунаташон нишонае аз қудрати Илоҳи буд: Ду боғи бузург ва густарда аз росту чапи рудхонаи бузург, бо меваҳои фаровон. Ва ба онҳо гуфтем: Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукри Ўро ба ҷо оваред, шаҳри пок ва покизае аст ва Парвардигоре Омурзанда ва Меҳрубон. Аммо онҳо аз Аллоҳ рӯйгардон шуданд ва мо сели вайронгарро бар онон фиристодем ва ду боғи пурбаракаташонро ба ду боғи беарзиш бо меваҳои талх ва дарахтони шӯрагаз ва андаке дарахти сидр мубаддал сохтем. Ин кайфарро ба хотири куфрашон ба онҳо додем. Ва оё ҷуз куфронкунандаро кайфар медиҳем?!».
Аллоҳ таъоло аз оқибат асҳоби боғе, ки ба мисли ҷаннат буд, хабар дода, фармуд: «Мо онҳоро имтиҳон кардем, ҳамон гуна, ки «соҳибони боғ»-ро имтиҳон кардем, ҳангоме, ки савганд ёд карданд, ки меваҳои боғро субҳгоҳон дур аз чашми мустамандон бичинанд. Ва ҳеҷ аз он истисно накунанд. Аммо азоби фарогире ҳангоми шаб бар тамоми боғи онҳо фуруд омад, дар ҳоле, ки ҳама дар хоб буданд. Ва он боғи сарсабз ҳамчун шаби сиёҳу зулмонӣ шуд. Субҳгоҳон якдигарро садо заданд, ки ба сӯи киштзор ва боғи худ ҳаракат кунед, агар қасди чидани меваҳоро доред. Онҳо ҳаракат карданд, дар ҳоле, ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд: Эҳтиёт кунед, имрӯз ҳатто як фақир бар шумо дохил нашавад. Бале, онҳо субҳгоҳон қасд доштанд, ки бо қудрат аз мустамандон пешгирӣ кунанд. Ҳангоме, ки дохили боғ шуданд ва онро диданд, гуфтанд: «Ҳаққо, ки мо гумроҳем». Бале, ҳама чиз аз дасти мо рафта, балки мо маҳрумем. Яке аз онҳо, ки аз ҳама оқилтар буд, гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам чаро тасбеҳу ёди Аллоҳ намекунед?!». Гуфтанд: «Муназзаҳ аст Парвардигори мо, ҳатман мо золим будем». Сипас рӯ ба якдигар карда ба маломати ҳам пардохтанд ва фарёдашон баланд шуд ва гуфтанд: «Вой бар мо, ки дар туғёнгар будем! Умедворем Парвардигорамон моро бубахшад ва беҳтар аз онро ба ҷои он ба мо бидиҳад, зеро мо ба Ў алоқамандем. Ин гуна аст азоби Худованд дар дунё ва азоби охират аз он ҳам бузургтар аст, агар медонистанд». Қалам-17.33.
Аз Абу Ҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт; Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Се нафар аз Бани Исроил, ки яке пес, дигаре кал ва севвуми кӯр буд. Аллоҳ таъоло хост, то онҳоро озмоиш намояд, пас фариштаеро назди онҳо фиристод. Фаришта назди шахси пес омад ва гуфт: беҳтарин орзуят чист? Гуфт: ранги зебо ва пӯсти зебо ,ки мардум аз ман нафрат доранд. Фаришта дасте бар ӯ кашид ва беморияш бар тараф шуд ва ранг ва пӯсти зебое ба ӯ ато гардид, сипас фаришта пурсид маҳбубтарин мол назди ту чист? Гуфт: Шутур, пас ба ӯ шутури ҳомилае дода шуд, ва он Фаришта гуфт: Парвардигор ин шутуро бароят бобаракат гардонад .
Сипас фаришта назди марди кал омад ва гуфт: Беҳтарин орзуят чист? Гуфт : Мӯйи зебо, то ин ҳолатам бартараф гардад чаро, ки мардум аз ман нафрат доранд, пас фаришта дасте бар сараш кашид, дар натича он ҳолат бартараф шуд ва мӯйи зебое бар ӯ ато гардид. Онгоҳ фаришта пурсид, ки кадом мол назди ту маҳбубтар аст? Гуфт: Гов, пас гови ҳомиладореро дод ва гуфт; Парвардигор ин говро бароят бобаракат гардонад .
Баъд аз он фаришта назди кӯр омад ва гуфт: Беҳтарин орзуят чист? гуфт: Парвардигор биноиямро бароям боз гардонад, то мардумро дида битавонам, пас фаришта дасте бар чашмонаш кашид ва Аллоҳ таъоло биноияшро барояш боз гардонид, онгоҳ Фаришта пурсид маҳбубтарин мол назди ту чист? Гуфт: Гӯсфанд, пас гусфанди хомиларо дод ва гуфт; Парвардигор ин гӯсфандро бароят бобаракат гардонад.
Бо мурури замон шутур, гов ва гусфанд насл доданд нафари аввал як дара галаи пур аз шутурдор шуд ва дуввуми як дара галаи говдор шуд ва севвуми ҳам як дара рамаи пур аз гӯсфанд шуд.
Сипас Фаришта ба сурате, ки бори аввал назди шахси пес омада буд, наздаш рафт ва гуфт: Шахси мискин ва мусофире ҳастам, хама асбоби зиндагӣ аз дастам рафта аст, ва умеде ҷуз ба Аллоҳ таъоло ва баъд аз он ба кумаки ту метавонам ба мақсад бирасам, бахотири ҳамон Парвардигоре, ки ба ту ранг ва пӯсти зебо ва мол иноят карда аст ба ман шутуре бидеҳ, то битавонам ба ватанам баргардам, гуфт: Масрафам зиёд аст, пас фаришта барояш гуфт: Гуё ман туро мешиносам, магар ту пес набудӣ, ки мардум аз ту гурезон буданд, фақир ва бечора набудӣ ва Парвардигор ҳамаи ин амволро бароят надодааст? Гуфт: Ман ин амволро аз падаронам мерос гирифтаам. Фаришта гуфт: Агар дурӯғ бигӯӣ Парвардигор туро ба ҳолати аввал баргардонад.
Баъд аз он ба сурати аввал назди кал омад ва монанди чизе барои пес гуфта буд, барои он ҳам гуфт ва ӯ ҳам ҷавоби ӯро монанди шахси пес дод. Фаришта гуфт: Агар дурӯғ бигӯӣ Парвардигор туро ба ҳолати аввал баргардонад.
Баъд аз он ба сурати аввал назди кӯр омад ва гуфт: Шахси мискин ва мусофире ҳастам, ҳама асбоби зиндагӣ аз дастам рафтааст ва умеде ҷуз ба Парвардигор ва баъд аз он ба кӯмаки ту метавонам ба мақсад бирасам ба номи Аллоҳе, ки чашматро бароят боз гардонидааст, бароям як гӯсфанде бидеҳ, то битавонам сафарамро ба он идома бидиҳам. Он шахс гуфт: Ман кӯр будам, Парвардигор маро бино кард, ва фақир будам, маро тавонгар сохт, пас ҳарчӣ мехоҳӣ бигир!, савганд ба Аллоҳ, ки имрӯз ҳарчӣ бигирӣ, бахотири ризоии Парвардигор аз ту дареғ нахоҳам дошт. Фаришта гуфт: Молатро назди худат нигаҳ дор, ин як озмоиш ва имтиҳон буд, ки Аллоҳ таъоло аз ту розӣ ва аз он ду нафари дигар норозӣ аст. (Бухорӣ).
Дар охир аз Парвардигори Бузуругу Тавоно мепурсем, ки бо карами Худаш моро аз кибру ғурӯр дур гардонда аз шахсоне бинивисад, ки ҳама неъматҳоро ба Аллоҳ таъоло нисбат медоданд. Омин.