Равобити умумии Сипоҳи посдорони Эрон бомдоди имрӯз, чаҳоршанбе, 8 январ тайи иттилоияе эълом кард: “даҳҳо мушаки баллистик ба самти пойгоҳи Айн-ул-Асад маҳалли истиқрори нерӯҳои амрикоии воқеъ дар устони Ал-Анбори Ироқ шиллик шуда аст”.
Бар асоси ин иттилоия, даҳҳо мушаки замин ба замин ба ин пойгоҳи амрикоӣ исобат кардааст. Ин ҳамалоти сангини мушакии нерӯи ҳавофазои Сипоҳ посдорон ба пойгоҳи амрикаии Айн-ул-Асад дар интиқом аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш будааст.
Сипоҳи посдорони Эрон амалиёти ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи амрикоии Айн-ул-Асад дар устони Ал-Анбори Ироқро “шаҳид Қосим Сулаймонӣ” номгузорӣ кард.
Дар иттилоияи мазкур ҳамчунин омадааст: “ба давлатҳои муттаҳиди Амрико, ки пойгоҳҳои худро дар ихтиёри артиши террористии ин кишвар қарор додаанд ихтор дода мешавад, ҳар сарзамине, ба ҳар тартиб мабдаи иқдомоти хасмона ва таҷовузгарона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт. Ба ҳеҷ ваҷҳ режими саҳюнистиро дар ин ҷиноёт ҷудо аз режими ҷинояткори Амрико намедонем”.