Ҳукумати вилояти Суғд аз “созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ” даъват кардааст ба паёмадҳои “ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара”, ки рӯзҳои 14-16 сентябр иттифоқ астод “баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд”.
Ин ниҳод бо нашри наздики аз зарарҳое, ки ҳамлаи қирғизҳо ба деҳоти наздимарзии Тоҷикистон расида, навиштааст “аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд”.
Ба иттилоъи манбаъ “айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гуруҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад”.