Нархи оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе боз қимат шудааст. Дар ин бора “Душанбеводоканал” хабар дод. Тибқи қарори шаҳрдорӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе тарифҳои нави таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт эътибор пайдо кардаанд.
Ба иттилои “Душанбеводоканал”, акнун сокинони пойтахт барои 1 метри кубӣ оби ошомиданӣ 2 сомоню 60 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки соли 2024 барои 1 метри кубии обу корезӣ 2 сомонию 26 дирам пардохт карда мешуд.
Ташкилотҳои буҷетӣ бошанд, барои 1 метри кубӣ оби нӯшокӣ 3 сомонию 59 дирам, ташкилотҳои тиҷоратӣ 9 сомонию 10 дирам маблағ месупоранд.
Барои сокиноне, ки ҳисобкунаки об надоранд, пардохт ҳар моҳ ба ҳар як узви оила муқаррар карда мешавад.
Сокинони биноҳои бисёрошёна 28 сомонию 7 дирам пули об месупоранд. Ҳавлиҳои хусусӣ бо водопровод ва канализатсия бояд 23 сомониву 39 дирам пардохт намоянд. Ҳавлиҳое, ки аз наздиктарин водопровод об мегиранд, 7 сомонию 41 дирам месупоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube