Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар сокинони пойтахт кумакҳои моддию пулӣ расонида шуд.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Кумакҳои хайриявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба ятимони кулли муассисаҳои давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор расонида шуданд.
Ҳамзамон, кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ бо дастгирии моддию пулӣ фаро гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба хотири арҷгузорӣ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва ҳимоят аз онҳо дар арафаи ҷашни миллӣ амалӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube