Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ниҳодҳои гуногуни кишвар тағйироти кодриро ба амал овард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Абдусалом Раҳимзода, Нарзулло Маликзода ва Каъбатулло Маликзода муовинони раиси Кумитаи молиётӣ таъин шуданд.
Хайрулло Ибодзода, сафири ҶТ дар Қазоқистон сафири нави тоҷик дар Муғулистон мансуб шуд.
Одиназода Исматулло Маҳмадулло, муовини фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон дар умури тарбият ба далели бознишастагӣ аз вазифа озод шуд.
Аҳтам Акрамов ба далели вазъияти саломаташ аз мақоми додраси Додгоҳи Олӣ озод шуд.
Шавкат Лутфуллозода, ки қаблан додраси Додгоҳи Олии кишвар буд, нахустмуовини додраси Додгоҳи Олӣ таъин гардид.