Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон дар як сол беш аз 250 корхонаи саноатиро аз даст дод

Соли 2019 дар Тоҷикистон 149 корхонаи саноатӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Ин шумор метавонист наздики 200 бошад, чун 45 корхонаи дигар бинобар муфлисӣ дар марҳидаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар ин бора ар нишасти матбуотии имрӯзааш вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Заробиддин Файзуллозода хабар дод. 

Вазир бо ин ахбори маҳзункунандаи иқтисодӣ қаноат накард ва гуфт, ки 29 корхонаи саноатии дигар ба рақобат дар бозор тоб наоварда, ҳеҷ маҳсулоте истеҳсол накардаанд. Барҳамхӯрии ин корхонаҳо шам аз эқтимол дур нест. 

Вале ин ҳам ҳамаи “хушхабарҳо”-и вазир набуд. Ӯ изҳор дошт:

“Ғайр аз ин, 23 корхона ба иллати фарсудашавии таҷҳизот ва 9 корхона бо сабаби дарёфт карда натавонистани иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок амал накарданд”.

Файзуллозода бо ин ҳам иктифо накард ва хабар дод, ки 43 корхона бо сабаби мушкилоти молиявӣ, қарзҳо аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, натавонистанд фаъолият кунанд.

Ба гуфтаи вазир соли 2019 дар Тоҷикистон 2184 корхонаҳои саноатӣ вуҷуд доштанд.

Билохира хабари таскиндиҳандае ҳам аз забони Файзуллозода садо дод. Ӯ хабар дод, ки соли гузашта дар бахши мошинсозӣ 38 адад, саноати сабук – 53, истеҳсоли масолеҳи сохтмон – 50, саноати хӯрокворӣ – 62, саноати кӯҳкорӣ – 2 ва саноати истихроҷи ангишт -1 корхона ва ғайра, дар умум 219 корхона ва коргоҳҳои саноатии нав ба кор даромадаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *