Дирӯз, 20 феврал тими бузурги “Фабрикаи ҷавоб”, ки рӯзона даҳҳо пост нашр мекунад ва ҳазорон шарҳ менависад, комилан хомӯш буд. Гӯё фармон гирифта буданд, ки имрӯз касе ҳақ надорад шарҳнависӣ кунад, ё рӯзи истироҳаташон буд. Ё маҷлиси умумии солона доштанд.
Аммо хомӯшии саросарии онҳо, ё рӯзи истироҳат барои кулли тим то дирӯз ба мушоҳида нарасида буд. Пас далели инро ҷои дигар мебояд ҷуст. Баъзе аз мухолифин, ки хомӯшии фабрикаро мушоҳида карданд, навиштанд, ки нашри навори қабл аз сафари Шарофиддин Гадоев мақомотро шокӣ кард ва онҳо ҳарфе барои гуфтан надоранд. Аммо таҷриба нишон додааст, фабрика баръакс дар чунин ҳолатҳо фармони “фас”-и дастаҷамъӣ мегирад. То шабакаҳоро бо ҳар гуна партовҳо пур созад ва диққати мардумро аз хабари асосӣ канор барад.
Барои ёфтани сабаби ин хомӯшӣ, бояд ба ҳаводисе диққат дод, ки дирӯз дар Тоҷикистон иттифоқ афтоданд. Пеш аз ҳама ба ҳодисаҳое, ки ба фаъолияти фабрика дахли мустақим дорад. Ба назари мо ин ҳодиса вохӯрии раисҷумҳур бо рӯзноманигорони васоити давлатии ахбори омма буд.
Таҳлилгарон фабрикаро тарҳи якҷояи КДАМ ва ВКД медонанд ва ба ин назаранд, ки бинобар марокизи таҳлилӣ надоштани ин ду ниҳод, фабрикаро ба ҳамон хирсе дар афсонаи маъруф табдил додааст, ки деҳқон барои посбонии хобаш муваззаф карда буд. Аммо тибқи маълумоте, ки Паём дорад, як чунин ниҳоде ҳанӯз соли 2016 дар назди дастгоҳи раисҷумҳур таъсис дода шуда, 60 нафарро ба кор гирифта буданд. Тибқи иттилоъи сомонаи “Ахбор” ин гурӯҳ дар бинои Хадамоти алоқа фаъолият мекунад ва бо кмопютерҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.
Роҳ ёфтани фаъолон ва ё ҳатто тамоми “гурӯҳи кории” фабрика ба вохӯрии раисҷумҳур ҳам гувоҳи ин аст, ки “Фабрикаи ҷавоб” пружаи КДАМ, ВКД ё ниҳоди дигаре набуда, мустақиман бо ташаббуси ҳукумат ва ҳатто шахси аввали он таъсис дода шудааст.