Categories Хабарҳо

Укроин: Русия бадтар аз ДОИШ аст

Кремл рӯзи чаҳоршанбе хостори баррасии асолати видеое шуд, ки дар он саҳнаи даҳшатноки сар буридани як асири укроинӣ тавассути як сарбози рус дар он намоиш дода шудааст. 

Дар ин навор дида мешавад, ки як сарбози рус бо корд як сарбоз укроинии баасоратгирифташуда ва зиндониро гардан мезанад. 

Дмитрии Песков, сухангӯи дафтари раёсатҷумҳурии Русия рӯз чаҳоршанбе дар ин хусус ба хабарнигорон гуфт: “албатта, ки ин саҳна ваҳшатнок аст”, аммо афзуд: “дар дунёи ҷаълҳо (фейкҳо), ки дар он зиндагӣ мекунем, бояд аз сиҳати ин видео итминон ҳосил кард.” 

Интишори ин навори дилхарош ва ваҳшатовар, ки Франспресс ва дигар хабаргузориҳои байналмилали ҳамчун Рейтерз дар гузориши худ эълом кардаанд қодир ба таъйиди сиҳати он ва ё барраси макону замони тасвирбардории он дасти кам дар кӯтоҳмуддат нестанд, хашм мақомот укроиниро барангехтааст. 

Укроин рӯзи чаҳоршанбе Русияро бадтар аз ДОИШ донист ва аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ хост дар ин бора таҳқиқ кунад. 

Владимир Зеленский, раисҷмҳури Укроин дар паёми видеоӣ иқдоми тоза “ҳаюлоҳои (монстрҳо) рус”-ро маҳкум кард ва гуфт: “ҷаҳон набояд ин мавзӯъро нодида бигирад, ки ин ҷонварон чи қадар бо роҳатӣ одам мекушанд.” 

Вай бо ишора ба навори мунташиршуда аз иқдоми як сарбоз руси дар ҳоли гардан задани як асири укроинӣ, таъкид кард, ки ин видео “Русияро он гуна, ки ҳаст нишон медиҳад.” 

Раисҷумҳури Укроин сипас бо ёдоварии ҷиноятҳои артиши Русия, ки пештар дар ҳавмаи Киев ба вуқӯъ пайваста буд афзуд: “ин ҷиноятҳо пештар дар Буча ва ҳазорон бори дигар анҷом шудааст.” 

Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин низ бо интишори твитте навишт: “видеои ваҳшатноке аз сар баридани як асири ҷанги укроинӣ тавассути неруҳои русӣ дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст.” 

Ӯ бо ишора ба Шӯрои амнияти Созмон милал муттаҳид, ки Русия дар моҳи ҷорӣ раёсати давраии онро ба ӯҳда гирифт, афзуд: “шармовар аст, ки Русия, бо рӯйкарде бадтар аз Доъиш, раёсати Шӯрои амниятро бар ӯҳда гирад.” 

Вай дар идома таъкид кард: “террористҳои рус бояд аз Укроин ронда ва аз Созмони милали муттаҳид ихроҷ шаванд ва ҳамчунин посухгӯи ҷиноятҳои худ бошанд.” 

Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Аврупо рӯз чаҳоршанбе пас аз интишори навори ёдшуда эълом кард, ки Иттиҳодияи Аврупо «ҳама омилон ва ҳамдастони ҷиноятҳои ҷангӣ» дар Укроинро бозхост хоҳад кард. 

Набило Мисролӣ, сухангӯи Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо бо ишора ба ин ки ҳанӯз ҳеҷ иттилооти далолаткунанда бар сиҳати ин навори даҳшатнок ба даст Брюссел нарасида, таъкид кард, дар сурати таъйиди сиҳати он бори дигар “моҳияти ғайриинсони таҷовузи Русия ба Укроин” ёдоварӣ ва бар ҳамагон аён хоҳад шуд. 

Ҳайати назорат бар ҳуқуқ башар дар Укроин саҳнаи сабтшуда дар ин видеоро даҳшатнок хонда ва аз навори дувуме хабар дод, ки дар он «ҷасадҳо мисла шудаанд (гӯши биниҳояшон бурида шудааст). Гуфта мешавад онҳо асирони ҷанги укроинӣ” ҳастанд. 

Аъзои ин ҳайат бо интишори баёнияе гуфтаанд аз саҳнаҳои сабтшуда сахт мутаассир ва мутанаффир гаштаанд, таъкид карданд: “мутаассифона ин ҳодисаи ягона нест.” 

Киев ва Маскав аз замони оғози таҳоҷуми Русия ба Укроин дар феврали 2022 мудом якдигарро ба бадрафторӣ бо зиндонён, ки намунаи ҷиноятҳои ҷангӣ аст, муттаҳам мекунанд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *