Ҳукумати Тоҷикистон қароре содир кард, ки мувофиқи он хонаводаҳои камбизоат дар 28 шаҳру ноҳияи кишвар ҳар се моҳ 116 сомонӣ ва соле 464 сомонӣ аз давлат кумаки иҷтимоии унвонӣ хоҳанд гирифт. Мақомот мегуянд, ин қарор аз санаи 1-уми июли соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд.
Дар ин бора қарори шумораи 271-и ҳукумати Тоҷикистон зери имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумат аст, содир шудааст.
Бино ба гуфти Фирӯз Ёраков, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон «Пеш дар нисбати 40 шаҳру ноҳия қарори ҳукумати Тоҷикистон оиди кумакҳои иҷтимоӣ ҷорӣ шуда буд ва 28 шаҳру ноҳия монда буд. Аз 1-уми июли соли 2020 дар 28 шаҳру ноҳияҳои боқимонда барномаи кумакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ҷорӣ мешавад».
Зимни сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ Ёраков гуфтааст, барои дарёфт кардани ин кумакҳо хонаводаҳои камбизоат бояд ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Масъулон аз рӯи меъёрҳои таъиншуда месанҷанд ки хонавода камбизоат аст ё не.
Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунад «сахт фақир» мешуморад. Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.
Бинобар маълумоти охирин, 85 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд ва аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд.
Ёраков мегӯяд, дар сурати камбизоат эътироф шудани хонавода, бар замми кумаки иҷтимоӣ, онҳо ҳақ пайдо мекунанд, ки дар шифохонаҳои давлатӣ ройгон табобат гиранд.
Дар ҳамин ҳол садҳо камбизоатон гуфтаанд, ки маблағи таинкардаи ҳукумат кирои сарсон шуда барои ин кумак ҳуҷҷат ҷамъоварӣ кардан нест. Дар як моҳ барои 38 сомонӣ ва дар се моҳ 116 сомонӣ аз давлат маблағ дарёфт кардан, бояд дари чанд идораҳои давлатиро куфта ҳуҷҷат ҷамъоварӣ кунӣ. Ин ҳам бошад, бидуни сарфи маблағу пора додан ҳал шуданаш муҳол аст.
Сообщение ПАЁМ.net.