Шашумин кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатии Мустақил имсол дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бино ба иттило аз расонаҳо ин нишаст аз 30 сентябр то 3 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон чидамони барномаҳои дар назар гирифташуда ва намунаи гувоҳии ширкати афрод дар ҷашнвораи байналмилалии маҳоратҳои омӯзиширо таҳия кардаанд ва Кумитаи созмондеҳиро низ шакл доданд.
Теъдоди гурӯҳҳои ширкаткунанда аз кишварҳои мухталиф ҳам мушаххас шудааст ва қарор аст инҳо то 30 июн дархости расмии худро барои ширкат ба Вазорати омӯзиши Тоҷикистон ирсол кунанд. Кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил як рӯйдоди муҳиме дар ҳавзаи омӯзиш дар фазои кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ба шумор меравад, ки бисёре аз мутахассисонро барои баррасии ҳирфаии мушкилоти марбут ба тавсеаи бештари омӯзиш ва парвариш дар марзҳои кишварҳои ҳамсуд гирдиҳам меоварад.
Кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни Ҳамсуд аз соли 2010 ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад. Нишастҳои қаблӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон баргузор шуда буд.
Сообщение ПАЁМ.net.