Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст давоми солҳои 2019-2021 даромади буҷа аз андоз ва дигар сарчашмаҳоро ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% ҳар сол зиёд кунад. Зоҳиран ин кор бо фишори бештар болои бизнес анҷом хоҳад шуд.
Вазорати молия интизорӣ дорад, ки соли ҷорӣ ба буҷа 17,5 млрд. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо ворид мегардад, ки нисбат ба соли гузашта 1,7 млрд. сомонӣ ё худ 11% бештар аст. Дар соли 2020 бошад то ба 1,8 млрд. сомонӣ, ки нисбат ба соли 2019 (10,6%) бештар хоҳад буд афзоиши ҳаҷми даромад аз пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Соли гузашта ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон 23,3 млрд. сомонӣ буд, ки воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз ва дигар сарчашмаҳо ҳудуди 15,8 млрд. сомониро ташкил доданд.
Роҳи расидан ба даромадҳои бештар аз ҳисоби андозро ҳукумат ҳанӯз пешниҳод накардааст. Ягона гузинае, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои бештар кардани даромади буҷа аз он кор мегирад, фишори бештари андозӣ болои бизнес аст. Ҳоло Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор дорад, ки сатҳи баландтарини андозро доранд.
Бинобар фишорҳои андозӣ, ҳар сол ҳазорҳо соҳибкор муфлис ва тарки пеша мекунад. Танҳо дар соли 2017, бо иқрори худи Кумитаи андоз ҳудуди 200 ҳазор соҳибкор иҷозатномаҳои худро бозпас додаанд. Ҳисоб кардани шумори онҳое, ки бидуни баргардонидани иҷозатнома тарки соҳибкорӣ ва сипас кишвар кардаанд, имкон надорад.
Чанд сол охир ҳукумат нақшаи даромади буҷаро танҳо аз ҳисоби бештар кардани фишор болои соҳибкорон иҷро мекунанд. Дар се соли охир ҳаҷми даромади андоз аз ҳисоби ҷарима наздик ба 5 баробар бештар шудааст.
Коршиносон ба ин назаранд, ки чунин тарзи гирифтани андоз наметавонад дер давом кунад. Он мисли пуфаки торафт бузургшаванда аст, ки рӯзе ҳатман мекафад.