Расонаҳои ӯзбекӣ навиштанд, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз якуми апрели соли ҷорӣ шаҳрвандони кишварашро мустақиман қабул ва арзу додашонро билофосила хоҳад шунид. Барои ин махсус дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон қабулгоҳ боз хоҳад шуд.
Бахтиёр Ҷамолов, масъули Қабулгоҳи мардумии дастгоҳи президенти Узбекистон дар ин бора ба расонаҳо хабар дода гуфтааст, бо касоне, ки дар садри рӯйхат номнавис шудаанд, Мирзиёев шахсан мулоқот мекунад ва арзу додашонро хоҳад шунид.
Ба гуфти Ҷамолов, “ин гуна пазироиҳо тавассути интернет низ сурат хоҳанд гирифт”.
Тибқи манбаъ аллакай пушти дари биное, ки ба қабулгоҳи мардумии президент табдил шудааст, соатҳои қабулро навиштаанд.
Ба гуфти Бахтиёр Ҷамолов, то ба имрӯз 20 сокин барои мулоқот бо президент интихоб шудаанд. Мирзиёев бо ҳар кадоми онҳо шахсан мулоқот хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, дар Тоҷикистон, кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, президент Эмомалӣ Раҳмон солҳост, касе ёд надорад, ки нафаре аз мардуми оддиро қабул карда, доди ӯро шунида бошад. Ҳатто зимни сафарҳояш касоне ба вохурии ӯ роҳ меёбанд, ки назари муғойир ва танқидӣ нисбати сиёсати ҳукуматаш надошта бошанд.
Ба андешаи ин рӯзноманигори тоҷик то чӣ ҳад муфид будани ин иқдом аз шакли мулоқоти раисҷумҳур бо мардум маълум мешавад.
“Дуруст аст, ки Шавкат Мирзиёев бо омаданаш ба сари қудрат симои раисҷумҳурро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ каме дигар кард. Вале, то имрӯз тағйироти назаррасе ҳам ба вуҷуд наовардааст. Фаромӯш набояд кард, ки Шавкат Мирзиёев яке аз кадрҳои ҳамон низоми худкома аст ва имрӯз бо дарки тамоми вазъият, шояд танҳо панҷ дарсади панҷараро боз мондааст, ки ин метавонад бойиси муаррифии мусбати шахсияти ӯ бошад». — шарҳ дод хонум Ҳумайро.
Ин хонум афзуд: «Беҳтар мебуд, мо аввал бубинем, ки мулоқоти мазкур дар чӣ шакл баргузор мегардад ва онҳое, ки ба ин мулоқот роҳ меёбанд, дар чӣ бора суҳбат хоханд кард”.
Хонум Ҳумайро умедворӣ аз он кард, ки мулоқоти раисҷумҳури Ӯзбекистон бо мардумаш протоколӣ нашавад.
Аммо дар ҳамин ҳол гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ба ингуна пазироии раисҷумҳур омодагӣ надоранд.
“Дар мавриди Тоҷикистон ҳаминро мешавад гуфт, ки мутаасифона, ҳам ҷомеъа ва ҳам ҳукумати кишвар ба ин кор омодагӣ надоранд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин самт фаъолияти мувафақона бурдаанд. Агар ҳамчунин мулоқоте дар Тоҷикистон баргузор гардад, мардум ба ҷойи изҳори дарду камбудиву дархосташ, баръакс, мадҳу сано мегӯяд. Вақти худро бо санову сипосгузорӣ аз раисҷумхур сипарӣ хоҳад кард”. — бо изҳори таассуф гуфт хонум Ҳумайро.
Ҳумайро Бахтиёр ба ин бовар аст, ки “фарҳанги манфии сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷомеъаи мо хеле хуб роҳандозӣ шудааст».
Ӯ шарҳ дод, ки мавҷудияти ин фарҳанги манфии сиёсиву иҷтимоъӣ ду иллат дорад:
“Аввал ин, ки дар мо чӣ будани вазифаву масъулияти раисҷумҳур ба гушаи фаромушӣ рафтааст; дуввум ба чунин мулоқот мардуми хосро мебаранд, ки аз қабл омодааш кардаанд”.
Ин рӯзноманигори тоҷик рӯи кор омадани чунин иқдоме аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистонро баъид медонад.
“Таҳлилҳо аз сӯҳбатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ва суханрониҳояш ҳокӣ аз он аст, ки Эмомалӣ Рахмон ҳеҷ замоне омодаи сӯҳбати бепарда бо мардуми худ набуд ва нест. Фикр мекунам, ки чунин сӯҳбатҳои ошкор бо мардум самимият, ҳирфаият ва ҷасорат мехоҳад, ки мо мавҷудияти чунин хислатҳоро дар Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз мушоҳида накардаем”. — таъкид намуд Ҳумайро Бахтиёр.