Толибон паёми мансуб ба мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари худро дар бораи иттиҳом ва нақди мақомҳои ин гурӯҳ нашр карданд.
Дар паёми мансуб ба раҳбари Толибон омадааст, ки иттиҳомҳои беҷо ба масъулони Толибон ва “нақд намудани дур аз воқеияти онон шаръан ҷавоз надорад.”
Раҳбари Толибон дар ин паём ба мардум ва расонаҳо тавсия карда, ки мутобиқ бо ин паём амал кунанд.
Дар паёми раҳбари Толибон, ки аз сӯи мақомҳои ин гурӯҳ мунташир шуда, ҳамчунин омадааст, ки бадгӯӣ бар кормандони ҳукуматӣ ва тавҳин ба уламо чӣ бо забон ишора ё гуфторе боиси гуноҳ мешавад.
Дар бахши дигаре аз паёми мансуб ба мулло Ҳайбатуллоҳ омадааст, ки дастандозӣ, пора кардани либоси сарбоз ё дашном додан ба он мамнуъ аст.
Раҳбари Толибон ҳамчунин тавҳин ба қозии маҳкама ва халалдор кардани мурофиъаҳои додгоҳиро ҳам мамнуъ кардааст.
Раҳбари Толибон дар ин паём ба мардум, мақомҳои Толибон ва расонаҳо тавсия кардааст, ки мутобиқ ба ин паём амал кунанд.
Ба гуфтаи Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охундзода таъкид кардааст, ки шубҳапароканӣ дар ислом ҷой надорад ва сабаби нафрат дар миёни мусулмонон мешавад.
Паёми раҳбари Толибон дар ҳоле мунташир мешавад, ки бар асоси гузоришҳо, мақомҳои Толибон дар шуморе аз вилоятҳо бархе аз шаҳрвандонро ба хотири интиқод аз мақомҳои ин гурӯҳ, боздошт ва мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Ахиран Толибон хабарнигори Foreign Policy-ро ба хотири нашри гузоришҳояш дар мавриди издивоҷҳои иҷбории мақомҳои Толибон бо духтарони ҷавон ба унвони бардаи ҷинсӣ маҷбур ба узрхоҳӣ намуда, ӯро аз Афғонистон ихроҷ кард.