Билохира монополисти барқ дар Тоҷикистон лутф карду сабаби набудани барқ дар хонаҳои мардумро шарҳ дод: “То имрӯз қарзи аҳолии кишвар аз барқ ба як миллиард сомонӣ наздик шудааст. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон гардидааст”
Воқеъан, вақте як ширкати истеҳсолӣ пули моли истеҳсолкардаашро гирифта наметавонад, истеҳсоли минбаъдаи мол мушкил мешавад. Чун истеҳсол ҳам маблағ талаб мекунад. Норасоии маблағ метавонад созишномаҳои зиёди ширкатро зери суол бурда, боварии ширкатҳои ҳамкорашро камтар намояд. Аз тарафи дигар, ба насия рафтани мол ва норасоии пул сабаби пардохт нагардидани моҳонаи коргарони ширкат шуда, ҳавсалаи кории онҳо кам мегардад, ки ба истеҳсолоти минбаъда таъсири манфӣ дорад.
Дар намунаи “Барқи Тоҷик” ин тақрибан ба шакли зер аст: “Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи 60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд” (аз баёнияи “Барқи Тоҷик”).
Яъне пардохт нашудани пули барқ метавонад сабаби пардохт нашудани моҳонаи 13 ҳазор нафар, ки зану фарзанд доранд гардад, ба кори негӯгоҳҳои барқӣ, 60804 км хати интиқоли барқ ва 18617 трансформатор халал ворид созад. Тибқи қонунҳои иқтисод, ба ин ҳеҷ шаке нест.
Вале оё воқеъан ҳамин қарзи мардум аст, ки ширкати монополиро вориди бӯҳрон сохтааст? Оё воқеъан мардум ин қадар қарздор аст?
4 дарсади қарз
1 миллиард сомонӣ ё бештар аз сад миллион доллар зоҳиран барои як ширкати Тоҷикистон пули кӯчак нест. Бале, зоҳиран. Дар асл ин маблағ ҳамагӣ 4 дарсади қарзи “Барқи Тоҷик” аз дигаронро такил медиҳад. Қарзи кредитории “Барқи тоҷик, тибқи маълумотҳои ба дастомада аз омори худи ширкат, Вазорати молия, ҳукумати Тоҷикистон ва ғайра, дар моҳи октябари соли гузашта аз марзи 22 миллиард сомонӣ убур карда буд. Бо назардошти ин ки ҳар сол ин ширкат ҳудуди 3 миллиард сомонӣ зарар (!) мебинад, метавон бо итминон гуфт, ки ҳоло қарзаш наздики 24 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Яъне қарзи мардум аз “Барқи тоҷик” ҳамагӣ ҳудуди 4 дарсади қарзҳои кредитории ин ширкат аст.
Яъне даъвои “Барқи Тоҷик” мабнӣ бар ин ки бинобар ба 1 млрд наздик шудани қарзи аҳолӣ “таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон гардидааст” комилан асос надорад. Агар як миллиард қарз ба кори ширкат халал ворид мекард, кайҳо барқ аз Тоҷикистон рахт барбаста буд. Чун қарзи якмиллиардии худи ширкат ҳудуди 15-17 сол қабл пайдо шуда, бо мурури замон ба 25 миллиард наздик шудааст. Яъне ин ширкат 15-17 сол аст, ки қарзи чандмиллиардӣ дораду имрӯз ба мардум миннат мекунад, ки қарзи шумо боиси халал ворид шудан ба кори мо шудааст. Вақте ширкат бо 25 миллиард қарз фаъолият мекунад ва ҳатто миллионҳо киловатт ба хориҷ барқ содирот мекунад, чӣ гуна 1 миллиард қарзи аҳолӣ, ки ҳамагӣ 4 дарсади қарзҳои ширкатро ташкил медаҳд, метавонад кори ширкатро ғайриимкон гардонад?
Гуноҳи гург ба дӯши гӯспанд
“Барқи Тоҷик” барои бештар муассиртар шудани муроҷиаташ ба “мардуми қарздор” ба бовари динии онҳо ҳам нохун задааст: “хӯроке, ки бо барқи дуздӣ тайёр карда мешавад, оё ҳалол аст? Ё ибодати мусулмоне, ки барои ба намоз омода шудан аз барқи дуздӣ истифода мебарад, қабул мегардад? Дар суннати миллати мо дуздӣ бадтарин гуноҳ аст. Ҳатто пеш аз ҷаноза мепурсанд, ки маит оё аз касе қарздор нест? Ва дуздони барқ низ дер ё зуд албатта ба ҷазо гирифтор мешаванд!”
Ширкати монополист ва бузургтарин қарздор дар кишвар, дар ҳоле ба мардум таъна мезанад, ки боре ҳам аз куҷо пайдо шудани қарзи 22 миллиардаи худро шарҳ надодааст. Қаблан баҳонаҳое мисли қарзи мардуму ширкатҳо пеш меовард, вале баробари афзоиши бузурги қарзаш ин даъворо канор гузошт ва даъвои дигар пеш овард, ки истеҳсоли барқ аз фурӯши он гаронтар тамом мешавад. Аммо ҳисобҳои мутахассисон нишон медиҳад, ки қимати истеҳсоли 1Кв барқ дар Тоҷикистон ҳади аксар 5-6 дирамро ташкил медиҳад. Яъне се баробар камтар аз қимате, ки ба аҳолӣ фурӯхта мешавад (20 дирам). Нархи содиротии барқ ба хориҷ ҳам тахминан ҳамон нархест, ки ба аҳолӣ фурӯхта мешавад — 2 сент дар тобистон ва 2,5 сент дар зимистон.
Миннати “Барқи Тоҷик” ба мардум дар ҳолест, ки қарзи 22 миллиардаи ин ширкат ба дӯши ҳамин мардум аст. Чун ин ширкати давлатист ва масъулияти пардохти қарзашро ҳам давлат дорад. Дар навбати худ давлат онро аз кисаи мардум пардохт мекунад. Ин ширкати давлатӣ ба дузди зӯре шабоҳат дорад, ки мехоҳад алайҳи соҳиби гов даъво кунад. Ҳамчунин ширкат аз 18617 адад трансформатор ёдоварӣ шудааст, ки гӯё аз тарафи “Барқи Тоҷик” нигаҳдорӣ ва хидматрасонӣ мешаванд. Бо ин хирагиаш ширкат ҳама марзҳоро убур кард — 20 сол аст, ки мардум тамоми тамоми хароҷоти трансформаторҳоро ба дӯш дорад.
Аммо даъвои 1 миллиард бештар ба муболиға шабоҳат дорад. Дар Тоҷикистон бо назардошти ҳиҷрати зиёди аҳолӣ, дар як ҳавлии 2-3 хонавода зиндагӣ мекарда вуҷуд доштани 1 ҳисобкунак ва ғайра, ҳудуди 1 миллион ҳисобкунаки фаъол ҳаст. 1 млрд сомонӣ ба ҳар ҳисобкунак 1000 сомонӣ мерасад. Асалн имкон надорад, ки ҳама ё ҳатто ними мардум қарздор бошанд. Агар 25 дарсади мардум ҳам қарздор бошанд, ба ҳар ҳисобкунаки қарздор 4000 сомнӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки ҳамон 1000 сомонӣ ҳам қарзи бузург аст ва аслан имкон надорад, ки “Барқи Тоҷик” иҷозаи чунин қарздор буданро ба касе диҳанд. Чун кормандони он ҳар ҳафта ё ҳади ақал моҳе як маротиба дари мардумро мекӯбанд ва барои ҳатто 100-200 сомнӣ қарз сими барқро мебуранд. Чӣ расад ба 4000 сомонӣ.
Мешавад ҳади аксар ин имконро дод, ки 25 дарсади аҳолӣ барои барқ қарздор аст ва ҳади миёнаи қарзи онҳо на бештар аз 400 сомониро ташкил медиҳад. Аммо мардум ба ин ҳам розӣ нест. Баъди даъвои “Барқи Тоҷик” садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки рӯйхати қарздорон нашр карда шавад.
Бо назардошти ин далоил мешавад хулоса кард, ки қарзи аҳолӣ аз ширкат на бештар аз 100 миллион сомонӣ аст. Аммо 900 миллион сомонии дигар аз куҷост? Аксарият ба ин назаранд, ки ин қарзҳои мансабдоронест, ки пули барқро пардохт намекунанд. Аммо ин ҳам дур аз воқеъият ба назар мерасад. Чун шумори мансабдороне, ки метавонанд аз пардохти барқ худдорӣ кунанд ва касе натавонад болояшон фишор орад, аз 1 дарсади аҳолӣ бештар нестанд. Яъне ҳудуди 10 000 ҳисобкунак. Боварнокарданист, ки ҳар як аз ин ҳисобкунакҳо ба щисоби миёна 100 000 сомонӣ қарздор бошанд.
Пас роҳи равшан шудани масъала танҳо нашри рӯйхати қарздорон аст. Дар гумон аст, ки рӯзе “Барқи Тоҷик” ин корро анҷом диҳад. Бо ду сабаб: имкон надорад, ки аҳолӣ ин қадар қарздор бошад ва қарздорони бузург мансабдоронанд.
Яке аз чунин қарздорон Бег Сабурӣ, раиси хадамоти алоқа аст. Як шоҳиди ҳодисаи муносибати Сабурӣ бо кормандони “Барқи Тоҷик” ба Паём гуфт, ки сармуҳосиби шабакаҳои барқи Кӯлоб ба назди раиси Хадамоти алоқа омада гуфтааст ширкатҳои шумо барои барқ беш аз як миллион қарздор ҳастанд. “Мо чанд бор талаб кардем, лекин гуфтанд, ки мо намедонем ба худи раис муроҷиат кунед” — мегӯяд сармуҳосиб. Бег Сабурӣ посух медиҳад, ки “маро мешиносӣ? Фардо ҳамроҳи раисат омада дар сохтмони ман кор мекунӣ. Пул-мул нест, дафъ шав аз инҷо!” Тибқи гуфтаи ин манбаъ, Сабурӣ дар Кӯлоб чанд корхона дорад. Аз ҷумла истеҳсоли хишт, бетон ва чарм.
Муттаҳам кардани мардум ба қарзи якмиллиардӣ танҳо аз аҷобатҳои ҳисобу китоби барқи тоҷик нест. Дар шарҳи матбуотии “Барқи тоҷик” зери унвони “НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛИЮ ИҚТИСОДИИ ШСХК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР СОЛИ 2018” омадааст: Ҳамин тавр, ба ҳолати 1 январи соли 2019 маблағи қарзи истифодаи неруи барқ ба 2 млрд. 308,1 млн сомонӣ расидааст, аз ҷумла қарздории Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 139,7 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 163,9 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 41,7 млн.сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 52,2 млн.сомонӣ, КМ «Тоҷиккимиёсаноат» 23,8 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 956,8 млн.сомониро ташкил медиҳанд.
Инҷо қарздорони бузург зикр шудаанд. Камтарини он наздик ба 24 миллион сомонӣ ва бузургтаринаш наздик ба як миллиард (аҳолӣ) аст. Ҷамъи ин қарзҳо 1 миллиарду 378 миллион сомонӣ мешавад. Аммо ширкат нагуфтааст, ки наздик ба як миллиард сомонии дигар қарзи назди он ба дӯши кист.
Тибқи маълумоти манобеъи Паём бузургтарин қарздорон назди “Барқи Тоҷик” ширкатҳои мутааллиқ ба аъзои Оила, аз ҷумла “Фароз”, ширкатҳои мутааллиқ ва Ҳасан Асадуллозода ва дигар домоду ҷиянҳо мебошанд.
Муттаҳамсозии мардум ба қарз аз тарафи фасодзадатарин ширкати давлатӣ на танҳо эътирози мардумро ба бор овардааст, балки сабаби танзи зиёд ҳам гардидааст. Барои мисол як истифодабарандаи фейсбук навиштааст “Халқ қарздор нест, мо мардум баркро бо пешпардохт мехарем. Ин Барқи тоҷика ВКД қарздор кардагияй. И қадар одамора светда мемонан, албата ки қарздор мешавад”.
Чанд соли охир дар Тоҷикистон аз тарафи ниҳодҳо кашидани қарздорон, ҳатто барои қарзҳои кӯчаке ба додгоҳу додситонӣ авҷ гирифтааст. Барои қарзи об, андози хонаву замин ва ғайра дарҳол ба додситонӣ муроҷиъат ва ба қарздорон фишор оварда мешавад. Аммо “Барқи Тоҷик” барои 2 миллиарду 300 миллион қарз касеро ба додгоҳ намекашад.
Қазия танҳо замоне рӯшан хоҳад шуд, ки “Барқи Тоҷик” рӯйхати қарздоронро нашр кунад ва ё аз болои якояки онҳо ба додгоҳ шикоят барад.