Рубрики Хабарҳо

Мушкили ҳизби ҳоким дар шаҳрҳои бузурги Туркия

Натиҷаи ғайрирасмии интихоботи  шаҳрдориҳо ва маҷлисҳои маҳаллии Туркия аз пирӯзии ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеа дар бештари манотиқ ва шаҳрҳои Туркия дарак медиҳад.  Аммо ҳизби Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Анқара ва эҳтимолан дар Истамбул дар рақобати интихоботӣ ба шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ дар Анқара ва Истамбул ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ пештоз аст.

Тавре расонаҳои Туркӣ гузориш додаанд, бо шумориши 90 дарсади раъйи мардум, Мансур Ёвос аз ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ бо касби 50.3 дарсади оро дар Анқара аз номзади ҳизби Адолат ва тавсеа пештоз аст ва эҳтимолан дар ин ҳавза пирӯз хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар  Биноли Илдирим, номзади ҳизби ҳоким худро пирӯзи интихоботи шаҳрдории Истамбул эълом кард. Ин дар ҳоле, ки  бархе манобеъ гуфтаанд, номзади ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ дар Истамбул пирӯз шуд. Бархе расонаҳои туркӣ мегӯянд, ки натиҷаи интихобот дар Истамбул чолишбарангез шудааст, аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар суханронии худ баъд аз шумориши овоз сӯҳбате аз пирӯзии ҳизбаш дар Истамбул накард. Бо ин ҳол ҳанӯз натиҷаи расмии интихобот дар Истамбул эълом нашудааст.

Пойгоҳи хабарии ТуркишМинут мегӯяд, ки ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеа курсиҳои шаҳрдорӣ дар Анқара ва Истамбулро, ки ду шаҳри муҳими Туркия ҳастанд, аз даст додааст.  

Пеш аз ин расонаҳо гузориш дода буданд, ки бо шумориши ҳудуди 80 дарсади овози  интихоботӣ, ҳизби Адолат ва тавсеа дар 40 шаҳр, ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ дар 20 шаҳр, ҳизби ҷунбиши миллигаро дар 12 шаҳр ва ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар 7 шаҳр баранда шудаанд. Аммо дар Анқара номзади ҳизби Адолат ва тавсеа аз рақибаш, яъне номзади ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ шикаст хӯрдааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар конфронси хабарии дирӯз, якшанбешаб, баъд аз поёни интихобот гуфт, ки ҳизби Адолат ва тавсеа бархе аз шаҳрҳоро аз даст додааст. Вай қавл дод, ки давлаташ акнун бар рӯй иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ тамаркузи қавӣ хоҳад кард.

Ӯ афзуд: “Интихоботи баъдӣ дар Туркия, моҳи июни соли 2023 баргузор мешавад ва давлати Туркия то он вақт бар рӯйи барномаҳои иқтисодии худ кор хоҳад кард.

Гуфтанист дар сурати пирӯзии расмии номзади  рақиби ҳизби ҳоким дар Анқара, аз замони ба қудрат расидани Эрдуғон тайи 16 соли гузашта, ин барои аввал мешавад, ки ҳизби  Адолат ва тавсеа дар интихоботи маҳаллиии Анқара мағлуб мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *