Бо фармони Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор масҷиди навсохт дар маркази шаҳрро мехоҳанд, давлатӣ кунанд ва дар бинои масҷид дафтари идораи нотариуси давлатӣ, хонаи ақди никоҳ ва коргоҳи дузандагӣ боз кунанд.
Дар ин бора як манбаъ аз шаҳри Ҳисор бо шарти ифшо нашудани номаш ба Паём хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ ин масҷид ба номи Эмоми Аъзам буда, дар кучаи Ҳилолӣ (пештара Киров) қарор дорад ва аз чаҳор ошëна иборат мебошад.
“То имрӯз мардум аз ҳисоби меҳнати ҳалоли худ ва кумаки баъзе тоҷирони ноҳияи Ҳисор машғули ба охир расонидани сохтмони ин масҷид буданд. Дар ин масчид ғунҷоиши то чаҳор ҳазор нафар намозгузор дар назар гирифта шуда буд”. – мегӯяд манбаъ
Гуфта мешавад, ин масҷиди навро дар шафати бинои масҷиди куҳнаи шаҳр сохта будаанд. Чун масҷиди куҳна аллакай шароити ғунҷоиши намозгузоронро надоштааст. Масҷид дар чорроҳа қарор дошта, аз чор тарафаш роҳи мошингузар воқеъ аст ва аксари вақт, рӯзҳои намози ҷумъа, мардум ба масҷид намеғунҷанд ва то роҳи мошингузар барои намоз саф мекашанд. Бинобар, муасисони масҷид бо кумаки мардум ва тоҷирони ноҳия тасмим гирифтаанд, дар шафати масҷиди куҳна масҷиди ҷадиде бисозанд
Ба гуфтаи намояндаи ин кумита Ҳусейн Шокиров, 1707 биное, ки ғайритаъйинотӣ ҳамчун масҷид истифода мешуданд, “ба таъйиноташон баргардонда шуд” ҳоло ба чойхона, қасри фарҳанг, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳу дигар муасиссаҳои иҷтимоӣ .
Дар нишасти хабарии Кумитаи дин, санаи 5 феврали 2018 гузориш шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 3906 иттиҳодияи динии исломӣ ва 67 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 3973 иттиҳодияи динӣ фаъолият мекунанд.
“Дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо мӯътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд”.- омадааст дар нишасти матбуотии Кумитаи дин.
Аммо дар бораи ифтитоҳ ё кушодашавии ягон масҷиди нав дар имсол низ маълумоте дода нашудааст. Бо вуҷуди бастани 1707 масҷид дар ин сол, танҳо 14 адад масҷид нисбат ба соли гузашта кам нишон дода шудааст.
Даъвои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, ки гуфта буд, дар кишвар танҳо масҷидҳое баста шудаанд, ки фаъолияташон ғайрирасмӣ буд, мисоле, ки дар зер меорем, ботил месозад. Сомонаи хабарии иттилоъ дод, ки шоми 19 феврали 2018 имомҳои 10 масҷиди панҷвақта дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба намозгузорон хабар додаанд, ки бо дархости мақомот бояд ин масҷидҳо баста шаванд. Аз масъулони ин масоҷид хостаанд, ки дар бораи худбарҳамдиҳӣ протокол ва ариза тартиб диҳанд ва аз 20 феврал ба фаъолияти худ нуқта гузоранд.
Агар ин 10 масҷид дар шимоли кишвар расмӣ ва ба қайд гирифта нашуда бошанд, пас протоколи худбарҳамдиҳӣ чӣ зарурият дорад? Ариза ва протоколи худбарҳамдиҳӣ барои масҷиде, ки ба расмият шинохта нашудааст, чигуна тартиб дода мешавад? Чигуна онҳо худро барҳам медиҳанд, дар ҳоле, ки шӯрои муассисон расмӣ набуд?
Як мисоли дигар, агар фаразан Кумитаи дин танҳо фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмиро барҳам додааст, чаро дар гузориши соли 2017 нисбат ба соли 2016 теъдоди масҷидҳои расмӣ 100 адад кам шудааст? Ё худ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 теъдоди масҷидҳои расмӣ 14 адад кам шудааст. Чигуна ин масҷидҳоеро, ки як соли пеш ба расмият мешинохтед, ғайрирасмияш кардед ва аз теъдоди умумии масҷидҳои расмӣ берунашон намудед? Даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дурӯғҳои шохдори мақомотро фош мекунад ва месазад гуфт, ки даъвои Сулаймон Давлатзода, ки мегӯяд мо ягон масҷиди расмиро набастаем, дурӯғ, найранг, фиреб ва хок пошидан бар чашми миллат аст.
Хонандаи азиз, аз рӯи худи ҳисоботи аз соли 2011 ба баъд додаи мақомот, ки дар боло оварда шуд, воқеъиятро мустақилона пайгирӣ кунед, то муайян шавад, ки айни ҳол дар ҳақиқат чанд масҷид дар кишвар боқӣ мондааст? Бино ба маълумоти таъйидшуда, айни ҳол дар кишвар теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон аз ду ҳазор убур намекунад.