Рубрики Хабарҳо

Эрон сохтмони нақби Истиқлолро идома медиҳад

Қарор аст Эрон дубора ба таъмири нақби Истиқлол пардозад ва сохти онро ба итмом расонад. Дар ин бора расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд. 

Мудири оми ширкати “Тавсеъаи манобеъи об ва нерӯи Эрон” бо ишора ба тавофуқи суратгирифта байни вазири энерҷӣ ва захоири обии Тоҷикистон ва вазири нерӯи Эрон гуфт: муқаррар шуд кишварамон барои такмили нақби Истиқлоли ин кишвар иқдомҳои лозимро ба амал овард. 

Ба гузориши сойти “Ҷаҳони санъат нюз”, Беҳрӯз Муродӣ, мудири оми ширкати “Тавсеъаи манобеъи об ва нерӯи Эрон” рӯз душанбе гуфт: нақби панҷкилометрии Истиқлоли Тоҷикистон сол 1385 (ҳиҷрӣ) тавассути муҳандисони эронӣ сохта шуда ва бархе қисматҳои он нотамом боқӣ монда буд ва дар тавофуқе, ки дар рӯзҳои ахир байни ду кишвар сурат гирифт, муқаррар шуд, Эрон нисбат ба такмили рӯшноиҳои ин тоннел иқдоми лозимро ба амал оварад”. 

Нақби Истиқлол, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он пайванд медиҳад, ба сарфи ҳазинаи 60 миллион долларӣ тавассути Эрон ва дар муддати се сол сохта шуд. 

Мудири оми ширкати “Тавсеъаи манобеъи об ва нерӯи Эрон” бо баёни ин ки акнун равобити Эрон ва Тоҷикистон нисбат ба гузашта бисёр мусбаттар шудааст идома дод: бар асоси таъкиди вазири нерӯ мабнӣ бар тавсеъаи равобит бо кишварҳои минтақа, ки ҳам ҳамзабон, мусулмон ва ҳамсоя ҳастанд, ин ширкат аз як моҳ пеш тавсеъаи равобит бо Тоҷикистонро дар дастури кор қарор дода, ки моҳасали он имзои тавофуқ номаи мазкур аст. 

Муродӣ ба иҷлоси Шӯрои ҳуккоми маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ, ки панҷшанбе, 5 декабр дар Теҳрон баргузор шуд ишора кард ва гуфт: дар ин иҷлос низ музокироти созандае бо вазири энерҷӣ ва захоири обии Тоҷикистон анҷом гирифт ва муқаррар шуд Эрон дар пружаҳои ин кишвар ҳузур ёбад. 

Мудири оми ширкати “Тавсеъаи манобеъи об ва нерӯи Эрон” идома дод: бар ин асос қарор аст паймонкорон ва мушовирони Эрон дар муноқисаҳое, ки Тоҷикистон дар заминаи сохт ва тавсеъаи сад ва нерӯгоҳҳои барқии обӣ баргузор мекунад бо истифода аз собиқаи ширкати “Тавсеъаи манобеъи об ва неру” ширкат кунанд. 

Муродӣ афзуд: ҳамчунин муқаррар шуд иқдомҳои лозим барои судури хадамоти фанне, муҳандисӣ дар заминаи ниругоҳҳои барқии обӣ ва сохти сад сурат гирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *