Рубрики Хабарҳо

Русия рақиби Эрон дар бозори энерҷии Осиё: «Бозор ба ҳам рехта аст»

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони нафту гази Эрон хабари Рейтерз дар мавриди соҳибшавиии саҳми Эрон дар бозори нафти Чин тавассути Русияро таъйид кард. Ў мегӯяд, ин беҳтарин фурсат аст, ки Эрон тавофуқи Барҷомро эҳё кунад ва дар содироти нафт ҷойгузини Русия дар Аврупо шавад. 

Ҳамид Ҳусайнӣ раиси Иттиҳодияи содиркунандагони нафту газ ва петрошимии (нефтохимия) Эрон дар гуфтугӯ бо сайти «Интихоб» гузориши муассисоти байналмилалӣ дар мавриди коҳиши содироти нафти Эрон ба Чин ва афзоиши воридоти нафти арзонтари Русия ба Чинро таъйид кард.  

Ӯ гуфт, «Каплер», ки киштиҳоро радёбӣ мекунад, иддао карда, ки содироти нафти Эрон дар моҳи ҷорӣ 34 дарсад коҳиш пайдо кардааст. Аз тарафи дигар хабаргузории дигаре муддаӣ шудааст, ки содироти нафти Русия ба Ҳинд, ки рақами поине дар ҳадди 20 ҳазор бушка буда, алон ба 600 ҳазор бушка афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин Блумберг ҳам дар гузориш менависад, ки дар ҳар бушкаи нафт Русия 30 доллар тахфиф медиҳад. 

Ҳусайнӣ мегӯяд Русия ҳудуди як миллиону 200 ҳазор бушкаи нафти худро аз тариқи хати лӯла ба Чин метавонад содирот кунад ва ҳамчунин имкони ҳамлу нақл ба ин кишварро дорад. Чин дар ҷануби Русия қарор дорад ва бо якдигар ҳамсояанд ва дар ин минтақа Русия бандарҳое дорад, ки метавонад ба роҳатӣ нафти хомро боргирӣ кунад ва бозорҳои минтақа, он ҳам на фақат Чин балки кишварҳои ҷанубу шарқии Осиё ҳам метавонанд муштариҳои билқувваи Русия бошанд.  

Аз назари ин коршинос, Эрон бояд ҳушёр бошад «ки дар ояндаи наздик ҳеҷ баъид нест, ки саҳми Эрон дар бозори нафти Чин коҳиш пайдо кунад».  

Хабаргузории Рейтерз чанд рӯз пеш дар гузориш навишта буд, ки содироти нафти Эрон ба Чин дар моҳи апрели соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле аст, ки ҳамзамон воридоти Чин аз нафти арзонбаҳои Русия бо афзоиш рӯ ба рӯ будааст. Яке аз далоили коҳиши  воридоти нафти Эрон аз сӯи Чин, поёнравииии талаботи полоишгоҳҳои мустақили чинӣ ба далели шуйӯъи бемории Ковид-19, карантинаҳо ва маҳдудиятҳои саросарӣ буда, ки дар Чин эъмол шудаанд.  

Рейтерз менависад, коҳиши содироти нафти Эрон ба Чин дар ҳоле рух дода, ки дипломатҳои ғарбӣ то ҳадди зиёде умеди худро ба эҳёи тавофуқи ҳастаии соли 2015 аз даст додаанд. Бо ин ҳол Эрон ҳанӯз 7 дарсад аз воридоти нафти Чинро, ки бузургтарин воридкунандаи нафти ҷаҳон аст, таъмин мекунад.  

Таҳлилгарони муассисаи»Каплер» низ содироти нафти Эрон дар моҳи апрелро 575 ҳазор бушка дар рӯз тахмин задаанд. Тибқи омори ин ширкат, ин рақам дар се моҳаи аввали соли 2022 рӯзона 840 ҳазор бушка будааст. Агарчи таҳлилгарони ин ширкат интизор доштанд, ки дар ҳафтаҳои оянда содироти Эрон нисбат ба моҳи апрел афзоиш ёбад.  

«Бозор ба ҳам рехта аст»  

Ҳамид Ҳусайнӣ дар идомаи мусоҳиба бо “Интихоб” ҳамчунин таъйид мекунад, ки равғани пояро, ки Эрон бо қимати 1130 доллар ба ‘Ҷабалъалӣ» мефрухт ҳол русҳо бо қимати 800 доллар мефурӯшанд ва дар ин бозор ҳам саҳми Эрон рӯ ба коҳиш аст.  

Равғани поя яке аз муҳиммтарин модаҳои аввалия дар санъат ва худрав аст. Ин модаи пурмасрафтарин модаи аввалия аст ва ташкилдиҳандаи равғани мотор ва равонкорҳои санъатӣ ва худравӣ аст. Равғани пояро метавон аз манобеъи нафтӣ ё ғайринафтӣ ба даст овард, аммо ағлаби равғанҳои пояи масрафии ҷаҳон аз полоиши нафт сохта мешаванд.  

Раис Иттиҳодияи содиркунандагони нафту газ ва путрушимии Эрон ҳамчунин ба мушкилоте ишора карда, ки бо вуруди фаъолтари Русия ба бозори нафту гази минтақа дар роҳи содироти гази моеъи масрафӣ дар худрави (IPG) Эрон эҷод шудааст. Ба гуфтаи ӯ ин газро, ки «то алъон ба Афғонистон ва Покистон, ҳудуди 600, 700 доллар аз марзҳои заминӣ мефурухтем ахиран афғонҳо эълом карданд, ки агар 450 доллар медиҳед мо харидорем чун IPG дорад аз ҷониби Қазоқистон, Узбакистон ва русҳо меояд. Қиматҳои Русия дорад рӯйи бозори кишварҳои ҳамсояи мо асар мекунад ва онҳо ҳам барои ин ки дар бозор бимонанд маҷбур шуданд қиматҳоро коҳиш диҳанд. Бинобарин бозори бензин, нафт равғани поя, газойл ва гази моеъ баҳам рехтааст.»   

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони нафту газ дар посух ба ин пурсиш, ки Эрон чигуна бояд бозорро ба даст гирад, мегӯяд: “Эрон бояд ҷойгузини Русия дар бозори Аврупо шавад. Ҳамчунин Эрон агар оқил бошад, беҳтарин фурсат аст, ки тавофуқи Барҷомро эҳё ва ба роҳати 600 ҳазор бушка нафташро равонаи Аврупо кунад.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *