Шабакаи телевизионии CNN бо такя ба изҳороти вазири тандурустии подшоҳӣ Анутин Чарнвиракул хабар дод, ҳукумати Тайланд дар мохи июн ба ахолӣ барои парвариши хонагӣ як миллион даста кӯчати каннабисро бепул тақсим мекунад.
Ба гуфтаи вазири беҳдошт, парвариши марихуана ва бангдона метавонад дар як сол ба аҳолӣ ва буҷаи давлат беш аз 288 миллион доллар фоида ворид кунад.
Тайланд аввалин кишваре дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шуд, ки соли 2018 парваришу истифодаи марихуанаи тиббиро қонунӣ кард. Дар Тайланд, истифода ва фурӯши марихуана барои мақсадҳои фароғатӣ то ҳол ғайриқонунӣ аст ва барои муддати тӯлонии зиндон муҷозот муайян шудааст.
***
Bloomberg: Акнун “Apple” гаронарзиштарин ширкати ҷаҳон нест
Афзоиши қимати нафт ва таваррум боис шуд, ки “Apple” мақоми гаронарзиштарин ширкат дар ҷаҳонро аз даст диҳад. Ҷойи онро ширкати миллии нафти Арабистони Саъудӣ ”Saudi Aramco» ишғол кард.
Тибқи маълумоти агентӣ, айни замон сармояи бозории “Saudi Aramco” 2,43 триллион доллар ва Apple 2,38 триллион долларро ташкил медиҳад.
Дар аввали соли 2022 сармояи бозории “Apple” бори аввал аз се триллион доллар гузашт. Қобили қайд аст, ки то ин вақт ягон корхона ба чунин рақам ноил нагардида буд. Аммо, аз он вақт инҷониб, фаъолияти ширкат ба таври назаррас коҳиш ёфт.
***
Хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод, ки ФСБ Русия аз ҳамлаи террористие, ки бо ширкати Украина дар Курск тарҳрезӣ шуда буд, ҷилавгирӣ кардааст. Рӯзи 11 май ФСБ аз боздошти як ҷонибдори ифротгароёни украинӣ хабар дод.
Барои омода кардани амали террористӣ дар Курск як сокини вилояти Курск, ки бо хадамоти махсуси Украина робита дошт ва мехост алайҳи хизматчиёни яке аз қисмҳои низомии Калининград амали террористӣ анҷом диҳад, боздошт шудааст.
Дастгиршуда ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор дошт, ки баъди анҷом додани амалиёти тарҳрезишудааш ба Украина рафтанӣ буд.
Дар хонаи боздоштшуда, ду маводи тарканда, як силоҳи травматикӣ бо патронҳо ва адабиёти миллатгароӣ (натсистӣ) ёфтаанд.
***
ТАСС навиштааст, дар Чин як ҳавопаймои ширкати Tibetan Airlines, ки ҳомили 122 нафар мусофир буд, аз хатти парвоз берун шуда, оташ гирифт.
Ҳодиса дар фурудгоҳи Чунцини Чин рух додааст. Маълум аст, ки лайнер ба ширкати Tibet Airlines тааллуқ дорад.
Сабабҳои садама ҳанӯз маълум нест. Мусофирони ҳавопаймо таҳлия карда шуданд. Гуфта мешавад, ки қурбониён ҳастанд, аммо теъдоди онҳо маълум нест.
***
“Ўзбекистон темир йўллари” хабар дод, ки миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳаракати қатораҳо барқарор мешавад. Шурӯъ аз санаи 15 май қатораи мусофиркашони хатсайри Нукус — Бейнеу — Нукус (№ 647/648) ҳаракат мекунад.
Рӯзи 16 май дар қатораи 1/2 (Тулпар-Талго) қатораи Алмаато-2 – Тошканд – Алмаато-2 ба кор медарояд, ки ҳафтае се маротиба аз истгоҳи марказии Тошканд ба роҳ мебарояд.
***
Собиқ қаҳрамони ҷаҳон Мэнни Пакяо дар интихоботи президентии Филиппин шикаст хӯрд.
Бо шумурдани 98 дарсади баргаҳои раъй, натиҷаи беҳтаринро Фердинанд Маркоси 64-сола нишон дод, ки 31 миллион овоз гирифтааст.
Натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ дар охири моҳ эълон хоҳанд шуд.
***
BBC news интишор кардааст, ки дар пайвастани Финландия ба НАТО сабабгори асосӣ Путин аст.
Нахуствазири собиқи Финландия Александр Стубб гуфт, ки кишвараш 99,9 дарсад шонси пайвастан ба НАТО дорад ва раисиҷумҳури ин кишвар фардо онро эълон хоҳад кард.
Бар асоси як назарсанҷӣ, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, 76 дарсади ҷамъияти Финландия аз пайвастани ин кишвар ба НАТО ҷонибдорӣ кардаанд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Финландия ва Шветсия бузургтарин артишро дар Аврупо доранд ва Стокҳолм ва Ҳелсинкӣ алакай аз Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Олмон ва Фаронса кафолати амниятӣ гирифтаанд.
***
Дар хонаи музоядаи Christie’s -и Женева бузургтарин алмоси зарди 205-карата ба маблағи 12 миллион доллар фурӯхта шуд.
Christie’s ин алмосро бори сеюм ба намоиш мегузорад — он бори аввал дар музоядаи башардӯстона дар соли 1918 ба фоидаи “Салиби Сурх” пайдо шуд, вақте ки онро ширкати заргарии S.J. Phillips дар Лондон харида буд. Соли 1973 ин гавҳар боз ба музояда гузошта шуда, ба маблағи 1,8 миллион франки швейтсарӣ фурӯхта шуд.
Санги қиматбаҳо аз алмоси вазнаш 370-380 карат гирифта шудааст, ки соли 1901 дар кони Де Бирс дар Африқои Ҷанубӣ ёфт шудааст. Интизор меравад, ки як қисми фоидаи аз музояда ба даст омада бар “Салиби Сурх” гузаронида мешавад.