Categories Хабарҳо

32 млрд.и муҳоҷирон ба буҷаи Маскав дар соли 2022

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Маскав бо патенти корӣ фаъолият мекунанд, соли 2022 ба буҷаи ин шаҳр тақрибан 32 миллиард рубл андоз пардохт карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Мария Багреева, раиси Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав хабар додааст. Ба гуфтаи хонум Багреева, ин рақам дар муқоиса бо як соли қабл 45 дарсад афзоиш ёфтаааст.

Багреева ҳамчунин хабар додааст, ки давоми 8 сол дар Маркази бисёрсоҳавии Маскав ба муҳоҷирони корӣ 3,8 миллион патент додаанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик пайваста аз гаронии нархи патент шикоят мекунанд. Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки аз ин кишвар ихроҷ мешаванд, ё патент надоранд ё мӯҳлати патенташон сипарӣ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, супурдани патент як навъ фишор ба муҳоҷирони корӣ аст, чун онҳо чанд баробар бештар аз корашон андоз месупоранд. Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик аст, ки аксари онҳо тариқи патент кор мекунанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *