Сангинзода Хуршед Алӣ, собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба додани ришва дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар муттаҳам мешуд, аз толори додгоҳ озод гардид.
Парвандаи ҷиноятии ӯро маҷлиси сайёри Суди олии ҷумҳурӣ баррасӣ кардааст ва мурофиаҳо дар вилояти Суғд гузаштаанд. Аммо гуфта мешавад, шахси миёнарав ба муддати панҷ сол равонаи зиндон гардид. Ҳукми мазкур аз ҷониби Кенҷазода ном додгустари Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шудааст.
Дар ҳамин ҳол як манбаи мӯътамади “Паём.нет” гуфт, ки “Зоҳиран маълум мегардад, ки далоил дар қиболи Сангинзода устувор набудаанд ва эҳтимол меравад, ки ӯ ба доми тӯҳмат печидааст.”
Ёдовар мешавем, ки Сангинзода Хуршед Алиро мақомоти интизомӣ моҳи августи соли равон барои додани ришва ба корманди Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар боздошт намуда буданд
Баъдтар ронанда ва шахси миёнарав ба ин ҷиноят низ дастгир шуданд. Ҳанӯз ин қазияи тафтиш мешавад ва манобеи “Паём.нет” гуфтанд, ки ҷузъиёти ҳарчи бештар дар ин робита пас аз анҷоми тафтишоти комил ифшо хоҳанд гашт.
Сангинзода аз ин пеш дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон ба ҳайси раис ифои вазифа менамуд ва моҳи майи соли гузашта бо як фармони Президент раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардида буд.