Билохира фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба иҷро даромад ва қимати интернет дар Тоҷикистон аз 2 то 8 маротиба боло рафт. Ширкатҳои мобилӣ аллакай муштариёни худро бо қиматҳои нав ошно карданд.
1 мегабайт интернет минбаъд бояд на камтар аз 5 дирам нарҳ дошта бошад. Тахфифҳо барои тарофаҳои бузург ҳам аз байн рафтанд. Барои мисол қаблан тарофаи 8 гигабайтии Мегафон 82 сомонӣ ва 9 гигабайтии Билайн 90 сомонӣ қимат доштанд. Ҳоло ин тарофаҳо мутаносибан 650 ва 710 сомонӣ қимат доранд.
Зоҳиран корбарон ин умедро доштанд, ки ҳукумат ин қарори Хадамоти зиддиинҳисориро бекор хоҳад кард. Аммо баробари расидани иттилоъияи ширкатҳои мобилӣ корбарони интернет дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ якбора ба шӯр омаданд. Пешниҳоду дархост ва амалкардҳои зиёде дар муқобала бо ин тасмими мақомот дар сафҳаҳои шабакаҳо рехтан доранд. Сар аз дасткашидани эътирозӣ аз истифодаи интернет то рехтан ба майдонҳо.
Шоир ва рӯзноманигори маъруф Зафари Сӯфӣ аз мардум даъват кардааст рӯзи 16 апрел дар эътироз ба ин тасмими мақомот ба майдони марказии Душанбе бирезанд. Ин пешниҳод аз тарафи даҳҳо нафар дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр гардид.
Фаъоли иҷтимоӣ Аҳмад Каримзода бо пахши наворе аз мардум даъват кард дар нақзи ҳуқуқкашон хомӯш набошанд. Ӯ дар як навори 5-дақиқаӣ ин қарорро ҷанги иттилоотии ҳукумат алайҳи мардум номид ва аз корбарон даъват кард эстафетаро аз ӯ қабул кунанд. Каримзода аз онҳое, ки дар берун аз кишвар қарор доранд ҳам даъват кард, ба кӯмаки онҳое шитобанд, ки дар дохил қарор доранд ва бо сабабҳои маълум наметавонанд эътироз кунанд.
Шоири шинохтаи тоҷик Исфандиёри Назар низ бо нафиштаи чандин эътироз алайҳи ин қарор иқдом кард, ки якеи он оғози хештег таҳти унвони #туф аст. Ӯ навишт
БА ХА(Р)ДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ (ЗИДДИМИЛЛӢ)
БА ҚАР(БЕ)ОРНАВИС #туф
БА ҚАР(БЕ)ОРИМЗОКУН #туф
БА ШӮРО(Б)И ҒУЛОМОН #туф
БА ҲАР КАСЕ, КИ ТАБИАТИ ҒУЛОМӢ, ЧОПЛӮСӢ, ХОКЗАНӢ, ПУШТГИРӢ АЗ ИН ДӮДАВУ ТӮДАИ БЕХИРАД ДОРАД #туф
#туф
Зери ин навишати шоир даҳҳо нафар бо #туф шарҳ навиштанд.
Рӯзноманигор Дориюши Раҷабиён навишт “Касоне, ки ҳазинаи Интернет дар кишварро боло бурдаанд, бояд далели ин кори худро дар додгоҳ баён кунанд”.
Таҳлилгар Абдуманнон Шералиев изҳор кард: “Ин аҳмақонатарин тасмими иқтисодӣ ва сиёсии мақомот дар чанд соли охир буд. Умри ин қарор беш аз чанд моҳ нест, ҳатман ҳукумат аз он даст хоҳад кашид”.
Нависандаи маъруф Абдуқодири Рустам пешниҳод кард “Биёед рӯзи 16 апрелро рӯзи Марги интернети тоҷик ва бузургдошти Ҳамоқат ном гузорем!”
Азиз Нақибзод, рӯзноманигор навишт: Ин ҷанобони «болоӣ» намедонанд, ки 20 дарсади мардум наметавонанд, ки барои бачаҳояшон шакар бихаранд. Шояд медонанд, аммо раҳм надоранд. Якбора 5 баробар гарон кардани нарх бераҳмӣ набуда чист дигар?
Шояд аслан фаромуш кардаанд, ки мо мардуми Тоҷикистон ҳам одамем? Ё аслан инҷо нуқс дар худи мост?
Эътироз на танҳо аз ҷониби фаъолон ва мухолифин, балки аз ҳатто аз тарафдорони ҳукумат шунида мешавад. Рустам Ҳамидов, яке аз сарсахттарин ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста дар фейсбук аз ӯ дифоъ мекунад, изҳор кард: Мо дигар ҳис мекунем, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои осонии мардум ҳеҷ амале намекунад.
Дилафрӯз Қурбонӣ, яке дигар аз ҷонибдорони раисҷумҳури Тоҷикистон навишт “Ман муқобили қиматшавӣ! Чаро? Мо дар муборизаҳои иттилоотӣ қарор дорем. Ин воқеан ҷанг аст, ҷанги иттилоотӣ! Оё мо дар ин мубориза чӣ тайёрӣ дидем, чӣ дорем, кадом монеаҳо ҳастанд? Дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя чӣ вазъ ҳаст?…. Мегўянд дар Қирғизистон интернет хеле арзон аст. Дар воқеаи Ворух оё мо иттилооти даркориро фаврӣ, саривақтӣ ба мардум расонидем?! Оё мо тавонистем ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид созем, ки то соли 50 Ворух анклава набуд? Қимат шудаи интернет ба фоидаи кист?”
То ҳанӯз “Фабрикаи ҷавоб” ҳам, ки ҳамеша аз тасмимҳои ҳукумат ҷонибдорӣ мекард, хомӯш аст, аммо садои эътироз ҳарчӣ баландтар мешавад.