Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ шӯҳратёфта бо лақаби “Ҷолинусул муслимин”, дар аввалҳои моҳи шаъбони соли 251-уми ҳиҷрӣ баробар ба соли 865-уми мелодӣ дар шаҳри Райи Эрон ба дунё омадааст. Оғоз дар ҳамин шаҳр улуми замонааш — адабиёт, фалсафа, риёзиёт, химия ва нуҷумро омӯхт. Дар 30-солагиаш ба Бағдод рафту гузораш ба бемористони Муқтадир афтод ва дар ин ҷо ба илми тиб дилбастагӣ пайдо кард. Чун илми тибро фаро гирифта чирадаст шуд, ба Рай, яъне ватанаш баргашта, ба хидмати ҳокими шаҳр Мансур ибни Исҳоқ пардохту сарпарасти бемористони Рай таъин шуд. Баъдтар ба Бағдод омада раёсати бемористони Муқтадирро бар ӯҳда гирифт. Дар худи ҳамон давра шӯҳраташ ба андозае расид, ки собиқа надошт , Сонитар ба саёхати Мисру Испания ва мамлакатхои дигар мебарояд. Ӯ дар Осиёи Марказию Хуросон, дар пойтахти давлати сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. Дар баҳсҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафаркардааш комёбихои илму маданиятро омӯхта, ба инкишофи онхо сахми муайян гузошт. Дар бисёр мамлакатхо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд, ки аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд. Дар бораи Ар-Розӣ Абӯалӣ Сино дар “Донишнома”-аш ва Абӯрайҳон Берунӣ дар “Рисолат ли-л Берунӣ фи феҳристи кутуб Муҳаммад Закария Ар-Розӣ” шарҳи рӯзгор ва номгӯи осори мутафаккирро зикр намудаанд. Закариёи Розӣ пизишки олиқадре буд, ки дар замони худ шӯҳрати босазое дошт. Баъзе аз ақидаҳои тиббиаш дар тиббиёти имрӯза низ кор бурда мешаванд, махсусан дар дармони беморон бо мойеъот ва ғизо. Ибни Сино низ барои китоби “Ал Қонун”-аш аз китоби “Алҳовӣ”-и Розӣ хеле истифода кардааст. Бархе аз муаррихон Розиро бештар чун ҷарроҳ мешиносанд. Аз мутолиаи осори ӯ чунин бармеояд, ки дар ҷарроҳӣ соҳибназар аст. Вай дар бораи “санги куляҳо ва масона” китобе навишта , дар он таъкид кардааст, ки дар сурате, ки дармони санги масона бо роҳҳои тиббӣ ҳосил нашуд, бояд ба амали ҷарроҳӣ пардохт. Дар китобаш Ар-Розӣ аз асбобе, ки бо он амали ҷарроҳии санги масонаро анҷом медод, ном мебарад. Кашфиётҳояш дар самти дорусозӣ низ нодиранд. Масалан, Ҳидруклирик (соляная кислота), орсиник (мышьяк), ситрик (лимонная кислота), сулонин (соланин) ва ғайра. Баъди саёхатҳои дуру дароз соли 905 ба зодгохаш шахри Рай баргашта, то охири умр дар хамон ҷо зиндагӣ кард. Аз рӯи маълумоти таърихшиносон ӯ дар охири умраш тамоман нобино шуд. Вакте ба вай тавсия карданд, ки чашмонашро ҷарроҳӣ намоянд, ӯ аз ин пешниҳод даст кашид. Соли 925 дар худи зодгоҳаш шаҳри Рай аз олам гузашт. Закариё Розӣ аввалин табибест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани пайгирии таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза ҳам маъмул аст, ба анҷом расонид. Таърихи бемории ҳамаи беморонашро то дармон ёфтан омӯхта дар ин бора китобе навишт, ки «Китобу-л-хови» ном дорад. Аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пахтаро барои бастан ва зехро барои духтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчӣ бештар бурида, ҷояшро дог кардан зарур аст. Бо вучуди дониши олидараҷааш оид ба хама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити оддитарин илоҷ карда шаванд. Ӯ мегуфт: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст». Аз Розӣ китобхову мақолаҳои бисёр, зиёда аз 60 асари илмӣ боқӣ мондааст. Муҳимтарини онҳо «Китобу-л-ховӣ» ва «Китобу-т-тибби-л-мансурӣ», ки аз даҳ ҷилд иборат аст, мебошанд. Асарҳояш дар асри 12 ба забони лотинӣ тарчима шуда, дар арзи чандин аср барои табибони Ғарб дастури аввалиндарача буданд. Роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани бисёр бемориҳоро низ пешниҳод кардааст. Вақто Ар-Розӣ роҳҳои табобати бемориҳои нағзак ва сурхакро пайдо карду муайян намуд, ки ҳаргиз ба ин беморӣ касе ду бор дучор намешавад, китобе навишт дар ин бора. Ин китоб бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, юнонӣ ва немисӣ тарчума шуда, 40 маротиба нашр шуд.
Рубрики
Хабарҳо