Рубрики Хабарҳо

Кастаи тоҷикӣ. Зинаи олӣ ва аввал

Дар асри иттилоот, ҳуқуқи инсон ва озодӣ, дар Тоҷикистон системаи кастаҳо бо суръат тақвият меёбад. Дар назари аввал, махсусан барои онҳое, ки аз воқеъиятҳои Тоҷикистон хабар надоранд, ин ба фантастика монанд аст, аммо як амри воқеъист, ки торафт собиттар мешавад.

Ҷамъияти Тоҷикистон ба чанд каста тақсим шудааст. Поёнтарин зинаи онро мардуми оддӣ ишғол мекунад, ки сершумортарин ҳам ҳаст. Ин мазлумтарин каста аст, ки зиндагӣ, рифоҳ, боигарӣ ва ҳуқуқҳои қонуниву фароқонунии тамоми кастаҳо дигарро таъмин месозад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз ним аср аст ҷаҳон кастаҳои ҳиндиро мояи шармандагии башар медонад ва онро бошиддат маҳкум месозад. Худи мақомоти Ҳинд ва қисмати бузурге аз мардуми ин кишвар ҳам ба мубориза лайҳи ин падидаи манфур бархостаанд ва мекӯшанд онро аз фарҳанги ин мардум берун андозанд. 

Имрӯз ду зинаи аввали кастаи тоҷикиро бароятон муаррифӣ мекунем

  1. Кастаи олӣ: Оила

Дар садри кастаҳои Тоҷикистон хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад, ки ба он кӯтоҳ Оила гуфта мешавад. Ин олитарин каста дар Тоҷикистон буда, аз ҳуқуқу имкониятҳои бемаҳдуд бархӯрдор аст. Дар дохили худ ин каста низ ба ду зина тақсим мешавад.

а) “Пешво”. Сардори Оила, ҳоло раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки “Пешвои миллат” унвон гирифтааст, қонунан маъсум шуморида шудааст. Тибқи қонуни нави ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, “Пешво” аз тамоми ҷавобгариҳо озод аст ва касе ҳақи кашидани ӯ ба ҷавобгариро надорад.  

Дар моддаи 5-и ин қонун мехонем:

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯ барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.

Тибқи ҳамин қонун тамоми ниёзҳои “Пешво”, сар аз манзили истиқоматӣ то хатамоти тиббӣ ва нақлиёт дар сатҳи олӣ аз ҳисоби буҷаи давлат якумрӣ кафолат дода шудааст. 

Бар замми ин ки тамоми ниёзҳои ӯ аз тарафи буҷа таъмин карда мешавад, ба Эмомалӣ Раҳмон якумрӣ ба шояд бузургтарин нафақа дар ҷаҳон таъмин карда шудааст. Дар моддаи 13-и ҳамин қонун мехонем:

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, новобаста ба синну солаш, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди моҳонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Моҳонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пинҳон дошта мешавад, аммо тибқи маълумоти гуногун, он аз 50 то 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 

Бо як қонуни дигар 0,2 дарсади буҷаи кишвар якумрӣ дар ихтиёри “Фонди хайриявии Пешвои миллат” қарор гирифтааст. Маблағҳои ин фонд гӯё барои корҳои хайриявӣ масраф хоҳанд шуд, аммо касе ҳақи тафтиши фаъолияти онро надорад. Буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 наздик ба 24 млрд сомониро ташкил дод, ки 2 фоизи он баробар ба 480 миллион сомонӣ ё 48 млн доллар аст. 

Ба ҷуз аз салоҳиятҳое, ки бо тағйири қонунҳо ва ҳатто сарқонун ба “Пешво” дода шудааст, ӯ салоҳиятҳои дигареро ғайриқонунӣ соҳиб шудааст. Яке аз чунин салоҳиятҳо ин аст, ки ӯ фаротар аз қонун аст ва фармонаш аз қонун ва ҳатто сарқонун вазни бештар дорад. Яъне, агар фармони ӯ бо қонун ва сарқонун мувофақат накард, авлавият ба фармони “Пешво” дода мешавад. Ин салоҳияти ӯ кайҳост, ки дар ҷомеъа қабул шуда ва он “фармони боло” номида мешавад. Ҳар гоҳ шаҳрванд ба амали ғайриқонунии мақомоти эътироз кард, мақомот онро чун “фармон аз боло” шарҳ медиҳанд ва баҳс бо ҳамин тамом мешавад. “Боло” яъне “Пешво”.

б) Фарзандони “Пешво”

Ин зинаи кастаи олӣ пас аз “Пешво” қарор дорад ва аксари салоҳиятҳои берун аз қонуни пешворо доро аст. Ба шумори фарзандон, ки аз 9 нафар иборатанд, инчунин домодҳо, ки шуморашон 7 нафар ва наберагон, ки шуморашонро шояд худи “Пешво” щам надонад, шомиланд.   

Ҳарфи фарзандону домодҳо ҳам (наберагон тоза вориди бизнесу сиёсат мешаванд) болотар аз қонун аст ва метавонанд ба дилхоҳ мақомот фармон диҳанд ва худашон аз ҳади қонун таҷовуз намоянд. Гузаштҳои ҳамешагии Тоҷикистон ба Қирғизистон дар баҳси заминӣ намунаи боризи ин салоҳиятҳост – ба хотири халал ворид нашудан ба қочоқи маводи сӯхти домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов, мақомоти Тоҷикистон маҷбуранд ҳамеша ақабнишинӣ кунанд. 

Тақсими тамоми соҳаҳои бизнес ва монополияи ғайриқонунии онҳо: вогузоштани роҳи асосии кишвар – шимолу ҷануб ба Озода Раҳмон ва шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев, ки холофи тамоми қонунҳо ва сарқонун аст; Ба дасти хусури Зарина ва падари Сиёвуш Сабурӣ – Бег Сабур  додани соҳаи алоқа; ғасби тамоми бозорҳои кишвар аз тарафи духтарону домодҳо. Ин рӯйхатро метавон дар чанд саҳифа идома дод.

Новобаста аз он, ки фарзандони “Пешво” мансаб доранд ё на, метавонанд ба дилхоҳ вазиру раис – сар аз раиси Сарраёсати геология то вазири дохилаву раиси Кумитаи амният фармон диҳанд ва ҳатто масъалаи барканории ӯро матраҳ созанд. 

Фарзандони “Пешво” ҳақ доранд дилхоҳ кон, корхона, ширкат, манзил ва ғайраро ғасб кунанд, фурӯшанд ё ба ихтиёри каси дигар вогузоранд. Мақомот муваззафанд ин амалкарди онҳоро бо ҳар василае тавҷеҳ намоянд.  

Дар тақсими мансаб ҳам Оила систамаи кастаро ҷорӣ карда истодааст. Ҳоло тамоми вазирону раисон таҳти фармонравоии Озода Раҳмон қарор гирифтаанд. Ӯ амалан нафари дуввуми кишвар аст. Системаи пуливу молиявии кишвар ҳам дар дасти ӯву шавҳараш қарор дорад – Ҷамолиддин Нуралиев расман муовини раиси Бонки Миллӣ аст, аммо дар асл Бонки миллӣ бо раисаш дар итоати ӯст.  

Тибқи маълумоти манобеъи гуногун, баъди интихоботи қарибулвуқӯъ ин система тасбити бештар пайдо мекунад: Эмомалӣ Раҳмон – пешво бо ҳақи муайян кардани сиёсати кишвар ва фармон додан ба раисҷумҳур, Рустами Эмомалӣ – раисҷумҳур, Озода Раҳмон – раиси Маҷлиси миллӣ, Шамсулло Соҳибов – шаҳрдори Душанбе ва ғайра. 

Кастаи аввал: Хешовандон

Ба ин зинаи каста ақрабои раисҷумҳур ва қудоҳои бешумори ӯро ворид кард. Чаро бешумор? Чун бо бузург шудани набераҳои зиёди “Пешво” шумори қудоҳои ӯ низ бо суръат дар ҳоли авзоиш аст. Аксарияти кулли вазирону раисони кумитаҳо ба ин гурӯҳ шомиланд – ё яке аз наздикони раисҷумҳуранд (барои мисол ноиби аввали сарвазир Давлаталӣ Саид ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода – писархолаи раисҷумҳур) ё қудои ӯ (барои мисол сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур ва ғайра). Дар қисме аз вазорату кумитаҳо, ҳарчанд вазир қудо ё хеши раисҷумҳур нест, ҷонишини аввалаш ҳаст ва вазни бештаре аз вазир дорад.    

Ин гурӯҳ ҳам аз имтиёзоти зиёде бархӯрдор аст ва дар аксари ҳолатҳо ба қонун аҳамияте қоил нест. Ба онҳо иҷоза дода шудааст ҳар қадаре, ки дилашон мехоҳад кишвар ва мардумро ғорат кунанд, аммо бо як шарт: қисме аз амволи ғоратшуда бояд дар ихтиёри ҳамон узви Оила, ки ба хонаводаи онҳо пайвастааст, қарор гирад. 

Зимни содир кардани дилхоҳ навъи ҷиноят – чӣ куштор, чӣ таҷовуз ва чӣ дуздии амволи давлатӣ, аъзои ин каста ва фарзандонашон аз ҷавобгарии ҷиноӣ озоданд. Кушторҳои содиркардаи фарзандони Давлаталӣ Саидов, Амонулло Ҳукумов ва қазияи маводи мухаддири писари Рустам Ҳукумов ва дигар чиноятҳои ин қавмро ба хотир оваред. Ягона ҷазое, ки онҳо метавонанд гиранд ин аст, ки дар сурати эътирози ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва зиёд навиштани расонаҳо дар бораи он ҷиноят, муҷримро барои муддати кӯтоҳе ҳукми ҳабс медиҳанд, аммо ӯ ба зиндон намеравад, балки музавваф мешавад дар хонааш пинҳон бошад, ё дар хориҷ ба сар барад. Барои мисол Диловар Гулов, ки барои латукӯби пулис ба зиндон маҳкум шуда буд, дар хонааш ба сар бурдааст.  

Қисме аз вазирону раисони кумита ҳарчанд на хешанду на қудо, аммо мавриди илтифоти “Пешво” қарор доранд. Сабаби чунин илтифот дӯстии хонаводагии байни онҳост. Барои мисол Рамазон Раҳимзода соли 1990, дар ҳоле, ки раҳбари ОБХСС буд, фермаеро, ки Эмомалӣ Раҳмон раисии онро ба дӯш дошт тафтиш мекунад. Он замон чӣ ҳодиса рух дод мавзӯъи баҳси дигар аст, аммо аз ҳамон вақт ин ду бо ҳам дӯст шудаанд. 

Ба ин каста чанд нафари дигар шомиланд, ки бе доштани ҳеҷ қаробати хешовандиву дӯстии хонаводагӣ вориди он шудаанд. Инҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ ва Мансур Умаров, ҷонишини собиқи Ятимов ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия. Ба кастаи аввал шомил шудани инҳо ҳеҷ бастагие ба илтифоти “Пешво” надорад. Онҳо қудратмандтар аз онанд, ки “Пешво” тавонад аз “илтифот”-аш маҳрум созад, ҳарчанд ин қудрат торафт тазъиф мешавад. Ҳарсеи онҳо ба “мафияи Фархор” шомиланд ва зоҳиран аз ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.  

Аксари аъзои ин каста дар хориҷ хонаву амвол ва дар офшорҳо суратҳисоб доранд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *