Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури феълии Узбекистон бо касби бештарин дарсади овозщо, пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар шуд.
Раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Русия, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон пирӯзии Шавкат Мирзиёевро табрик гуфтаанд.
Ситоди марказии интихоботи Узбекистон эълом кард, ки тибқи додаҳои аввалия Шавкат Мирзиёев 87.05 дарсади ороро ба даст овардааст.
Бар асоси қонуни Узбекситон, номзаде, ки 50 дарсади овозҳоро ба даст орад, раисҷумҳури мунтахаб аст.
Раиси ситоди марказии интихоботи Узбекистон афзуд: интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ бар асоси меъёрҳо ва стандартҳо бар асоси қавонини миллии ин кишвар ба таври шаффоф баргузор шуд.
Интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Узбекистон соати ҳашти субҳи рӯзи якшанбе, 9 июн ба вақти маҳаллӣ оғоз ва 8-и шаб ба поён расид.
Дар ин даври интихобот, Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби Экология, Робахон Маҳмудова аз Ҳизб сотсиал-демократи Адолат, Улуғбек Иноятов аз Ҳизби демократи халқ бо Шавкат Мирзиёев рақобат карданд.
Бар асоси додаҳои мунташиршуда, Абдушукур Ҳамзаев 3.74 дарсад, Робахон Маҳмудова 4.43 дарсад, Улуғбек Иноятов 4.2 дарсад раъйро ба даст овардаанд.
Шавкат Мирзиёев аз соли 2016 раёсатҷмҳурии Узбекистонро бар ӯҳда дорад.