Раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо зимни баромадаш дар нишасти САҲА бахшида ба озодии баён сухан гуфт, дар Тоҷикистон озодии сухан дар ҳоли аз байн рафтан аст, чун шаҳрвандон ва рӯзноманигорон аз танқид худдорӣ мекунанд.
Ёқубов гуфт дар ВАО мақолаҳои сиёсӣ тақрибан дида намешаванд. Мақомот бошанд танқидро аз тӯҳмат фарқ намекунанд.
Ӯ фаъолияти Радиои Озодии Амрикоро дар Тоҷикистон зери танқид гирифт ва гуфт ин расонаи амрикоӣ бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, бинобар ин ҳуқуқи вижаеро соҳиб аст.
“Онҳо сиёсати ҳукуматро дастгирӣ мекунанд ва бо мақомот ҳамкорӣ доранд. Ҳатто ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот медиҳанд ва бо ин корашон ҳаёт ва озодии муаллиф ва дилхоҳ шаҳрвандро, ки мусоҳиба ё мақола додааст, зери хатар мегузоранд. Онҳо ба таври систематик бо истифода аз одамон, мақолаҳо ва мусоҳибаҳои онҳо, онро ба нафъи худ тафсир мекунанд. Дар ҳамин ҳол онҳо пайваста аз тарафи мақомоти интизомӣ дастгирӣ ва истифода мешаванд” — гуфт роҳбари АМОМ.
Ёқубов гуфт дар ҳамин ҳол созмон ва интстутҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ зери назорати шадид қарор доранд ва даҳҳо фаъол, сиёсатмадор, мухолиф, журналист ва адвокатҳо ба хотири андешаи дигар доштанашон дар зиндонҳо қарор доранд. “Барои мисол, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ се нафар ба хотири “лайк”-ҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз панҷ то даҳ сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Раҳбари АМОМ гуфт дар се соли охир ҳазорон нафар тарки Тоҷикистон карданд ва дар Аврупо паноҳандагӣ хостаанд. “Беш аз 85 дарсади онҳо аз таъқибҳо фирор мекунанд” — таъкид кард ӯ.