Дар пайи коҳиши қурби рубли русӣ нисбати асъори аслии ҷаҳон, арзиши он дар бонкҳо ва бозори сиёҳи Тоҷикистон ҳам поин рафтааст. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 6 апрел арзиши рубли Русия нисбати сомониро 0.137 муқаррар кардааст. Ҳафтае пеш ин нишондиҳанда 142 сомониро ташкил медод.
Коршиносон мегӯянд бо дарназардошти вазъи торафт бадшавандаи иқтисоди Русия ва бори гарони ҷанг ба дӯши он, раванди суқути рубли русӣ идома хоҳад кард. Қурби рубл нисбаи пули миллии Тоҷикистон чанд моҳи ахир устутвор буд ва дар ҳудуди 0,142-0,145 сомонӣ барои ҳар рубл додугирифт мешуд.
Қурби пули русӣ таъсири мустақим ба вазъи зиндагии аксари мардум дар Тоҷикистон дорад, чун даромади 70-80 дарсади хонаводаҳо дар кишвар мустақиман ба маблағҳои мефиристодаи муҳоҷирони кишвар аз Русия бастагӣ дорад. Суботи рубл суботи тақрибан ҳар хонавода дар Тоҷикистон аст, аммо зоҳиран замони бесуботии иқтисодии на танҳо Русия, балки буҷаи хонаводагии так-таки хонаводаи муҳоҷирони корӣ низ фаро расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, қурби сомонӣ дар баробари доллар устувор аст ва аз охири моҳи феврал, ки дучори як афтиши 6-дарсадӣ шуда буд, дар як сатҳ — ҳудуди 10,9 сомонӣ барои 1 доллар боқӣ мемонад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, бо дарназардошти ин ки сомонӣ комилан вобастаи рубл аст, имкони суқути қурби он дар баробари арзҳои дигар низ зиёд аст.
Имрӯз қурби рубл нисбати доллар аз марзи 80 рубл убур кард ва ҳоло дар бурси Маскав 80,1 рубл барои доллар додугирифт мешавад. Коршиносон то охири моҳи ҷорӣ ба 82 рубл расидани долларро тахмин мезананд, ки дар сурат устувор мондани сомонӣ нисбати арзҳои аслии ҷаҳон, арзиши рубл дар Тоҷикистон то 0,13 ё 130 сомонӣ барои 1000 рубл суқут хоҳад кард.