Рубрики Хабарҳо

Интиқоди Раҳматилло Зоиров аз интихобот

Дирӯз ҳанӯз асрҳангом, раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом карда буд, ки бо мушорикати 71 дар сад аз овоздиҳандагон дар райъдиҳии имрӯз то соати 15 ба вақти Душанбе, интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар баргузоршуда ба ҳисоб меояд.

Бахтиёр Худоёрзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки то соати 15 ба вақти Душанбе  3 миллиону 495 ҳазору 215 нафар аз воҷидони шароити раъйдиҳиӣ дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кардаанд, ки наздик ба 71 дар сад мебошад ва бар ин асос  интихобот баргузоршуда ба ҳисоб меояд.

Дар ҳамин ҳол Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдон ва раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш бо муроҷиат Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии  Тоҷикистон навишт, ки “Шумо эълон кардед, ки то соати 15:00 тақрибан 71 дар сад овоздиҳандагони кишвар дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Шумо бояд объективӣ ва хоксортар бошед.Хуб, шумо наметавонед ба ин дараҷа ба дурӯғгӯӣ ва тақаллуб машғул шавед. Ин ба кӣ лозим аст? Ба мардуми Тоҷикистон? Не. Ба мо ин лозим нест. Баръакс, мо вазифадорем, ки аз дурӯғ ва тақаллуб дур шавем! Бигзор ҳақиқат ғолиб ояд, на дурӯғ!”

Гуфтанист,  258 хабарнигору 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳавзаҳо интихоботӣ ҳузур доштанд . То ҳол ягон нозири байналмилалӣ аз чигунагии гузашти интихобот изҳори назар накардааст. 

Натиҷаҳои аввалияи шумориши овозҳо имрӯз, соати 10 ба вақти маҳаллӣ ва натиҷаҳои ниҳоии он ду ҳафта  баъд аз баргузории интихобот  эълом хоҳад шуд.

Номи Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустами Латифзода  номзади ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустам  Раҳматзода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон дирӯз дар бюлетенҳо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ  дарҷ шуда буд. Аксари коршиносон бар инанд, ки ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон дигар боқӣ номзадҳо зочаҳои сиёсии аз ҷониби худи раисҷумҳури феълӣ сохташуда буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *