Ёдгор Файзов, раиси 59-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ шудааст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки гирифтории шахси аввали Бадахшон ба коронавирус сари забонҳост.
Бистарӣ шудани Файзовро Радиои Озодӣ хабар дода, навишт, ки худи Ёдгор Файзов ба ин расона гуфтааст, ки «як табобати зиддивирусӣ мегирад» ва «анализ ба Душанбе фиристода шуда ҳанӯз ҷавобаш нест».
Ёдгор Файзов гуфтааст, ки дар Хоруғ аст, «2-3 табобат гирифтааст, баъди 1-2 рӯз пурра ба кор мебарояд. Бо телефон бо кормандон ва баъзе маризон дар тамос аст».
Манбаъи хабар менависад, Ёдгор Файзов дар бораи то куҷо нишонаҳои илтиҳоби шуш дорад, чизе нагуфтааст, вале гуфта, ки «чун дигарон табобати зиддивирусӣ» мегирад. Овозаи гӯё ӯро барои муолиҷа бо чархболи Бунёди Оқохон ба беморхонае дар Душанбе интиқол доданро рад карда, гуфтааст, «вертолети фонд намепарад. Вале чархболи ҳукумат профессор Раҳмонро овард ва ҳамаи касалҳоро аз назар гузарониду ба духтурон тавсияҳо дод».
Ёдгор Файзов инчунин тасдиқ кардааст, ки дар беморхона ҳамроҳ бо ҳамсараш бистарӣ аст, вале, ҳамсараш фардо аз беморхона рухсат мешавад.
Ин хабар дар ҳолест, ки аз оғози пандемия дар ВМБК 970 нафар бистарӣ шуданд ва гирифтори гаштани 6 сокини вилоят ба COVID-19 тасдиқ шуд.
Гуфтанист, Ёдгор Файзов баъди солҳои тӯлонии кор дар сохторҳои Бунёди Оғохон соли 2018 раиси вилоят таъин шуд ва ба қавли нозирон, то ҳол худро як намунаи раҳбари замонавӣ ва фаъол дар ҷомеа нишон додааст.
Дар ҳамин ҳол ба хотирипешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равуои шаҳрвандонро аз дигар минтақаҳои вилоят ба шаҳри Хоруғ маҳдуд кард, аммо гуфта шуд, ки ба шахсоне, ки аз пойтахт меоянд, ин маҳдудият дахл надорад.
Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси ВМКБ, гуфтааст, ки ин қарор танҳо ба хотири некӯаҳволии мардум қабул шуда, ин маҳдудият шурӯъ аз 23 май, 10 рӯз давом мекунад.
Ба гуфти Ниятбеков “Роҳ баста нест, мошинҳои боркаш ба шаҳр меоянд. Автомашинаҳо бо мусофирон зимни зарурат ба Бадахшон омада метавонанд. Лекин ҳукумати ВМКБ аз сокинон дархост мекунад, ки аз сафарҳо ба Душанбе ё аз Душанбе ба Хоруғ худдорӣ кунанд”.
Ғолиб Ниятбеков ҳамчунин илова кардааст, ки мутобиқи супориш, ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳукумати вилоят, барои вуруди ҳамаи шаҳрвандони дигар ба Хоруғ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.
Сообщение ПАЁМ.net.