Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира. Паёмбар дар Мадина. Асоси аввал

Бунёди масҷид

Ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина ба маънои таъсиси нахустин пойгоҳи Ислом дар он замон дар рӯйи замин буд. Ин чиз аз он дарак медод, ки давлати исломӣ зери назорати аввалин асосгузораш Муҳаммад (с) ба вуҷуд меояд. 

Бинобар ин, нахустин коре, ки Паёмбар (с) анҷом медиҳанд, ин буд, ки асосҳои муҳимми ин давлатро мегузоранд. Асосҳои мазкур дар се кори зерин инъикос меёфт: 

Якум: Бунёд кардани масҷид;

Дуюм: Бародар кардан байни мусулмонон махсусан, байни муҳоҷирону ансориён;

Сеюм: Таҳия намудани аҳднома (Қонуни асосие, ки тартиби ҳаёти байниҳамдигарии мусулмононро муайян мекард ва алоқаи онҳоро бо дигарон ва хусусан, бо яҳудиён равшан менамуд); 

Нахуст суханро дар бораи бунёди масҷид шурӯъ мекунем. Дар боби гузашта гуфтем, ки шутури Паёмбар (с) дар мавзее, ки ба ду ҷавон аз ансориён тааллуқ дошт, менишинад. Ин мавзеъ пештар аз тарафи мусулмонони Мадина бо сарории Асъад ибни Зурора (раз.) чун намозгоҳ қарор дода шуда буд. Акнун Он ҳазрат (с) қарор медиҳанд, ки дар он ҷо масҷид бунёд намоянд. Он ду ҷавонро, ки зери парастории Асъад ибни Зурора буданд, наздашон хонда, он мавзеро савдо мекунанд. Он ҷавонон мегӯянд: Эй Расули Худо, мо онро бароятон мебахшем. Аммо Паёмбар (с) ба ин кор розӣ намешаванд ва ниҳоят он заминро аз онҳо ба даҳ динор харидорӣ мекунанд. 

Дар он макон дарахти ғарқад, хурмо ва якчанд гури куҳна, ки ба иддае аз мушрикон тааллуқ дошт, буд. Паёмбар (с) дастур медиҳанд, то гурҳоро ҳамвор кунанд ва дарахтҳоро бурида, дар тарафи қиблаи масҷид рост намоянд. Бари масҷид аз тарафи қибла то охир сад газ, ду тарафи он тақрибан ҳамин хел ва ё камтар буд. Баъд девори масҷидро бо хишт мебардоранд. Он ҳазрат (с) дар кори сохтмон бо саҳобагон ҳамроҳӣ доштанд ва бо онҳо санг мекашониданд. Қиблаи масҷидро ба самти Байтулмақдис рост мекунанд. Сутуни он аз танаи хурмо буду болораш аз пӯстлохи хурмо. Вақте навбати бомаш меравад, саҳобагон мепурсанд: Оё бомашро намепӯшем? Паёмбар (с) мефармоянд: Кулбае мисли кулбаи Мӯсо аз чӯбчаву хас. Вақт тангтар аз он аст, ки онро мустаҳкам кунем”. Фарши масҷид бошад, иборат аз замини холӣ ва ҳамвор бо регу хок буд. 

Имом Бухорӣ аз Анас ибни Молик ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) (пеш аз бинои масҷид) ҳар ҷойе, ки намозро онҷо дарёбанд, ҳамон ҷо намоз мехонданд ва дар макони ҷамъшавии гӯсфандон низ намоз гузошта буданд. Вақте дар бораи бунёди масҷид дастур мегиранд, дарҳол қабилаи Банӣ Наҷҷорро наздашон хонда мегӯянд: “Эй Банӣ Наҷҷор, баҳои ин заминатонро гӯед”. Онҳо мегӯянд: Не. Ба Худо, пулашро ба Худо бахшидем. Анас ибни Молик мегӯянд: Дар он мавзеъ чизҳое буд, ки ман бароятон гуфтам. Дар он ҷо гури мушрикон, хароба ва дарахтҳое буданд. Паёмбар фармуданд, ки қабрҳоро ҳамвор намоянд, он харобаро ба замин яксон кунанд ва дарахтҳоро бибуранд. Дарахтони хурморо ба тарафи қиблаи масҷид чиданд. Таҳкурсии онро аз санг сохтанд. Паёмбар (с) ҳамроҳ бо саҳобагон барои таҳкурсӣ санг мекашониданд ва онҳо шеър замзама мекарданд. Он ҳазрат (с) чунин месуруданд: 

Худоё, ба ҷуз хайри охират хайре нест

Ансориёну муҳоҷиронро мадад кун.

Масҷиди Паёмбар (с) бо ҳамин шакл бидуни ягон иловаю тағйир  замони хилофати Ҳазрати Абубакр (раз.) боқӣ монд. Сипас, Ҳазрати Умар (раз.)  онро таъмир намуда, ба он беҳбудӣ илова карданд. Онро ба таҳкурсии худаш бо хишту шохи хурмо боз сохта, сутунашро аз чӯб карданд. Баъд Ҳазрати Усмонро онро тағйир дода, хеле васеъ намуданд. Деворашро бо сангҳои мунаққаш ва лой бардоштанд. 

Панду андарзҳо

Аз он чӣ баён гардид, далолатҳои муҳим гирифта мешавад, ки ба таври иҷмолӣ онро гуфта мегузарем:

  1. То чи ҳад аҳаммият доштани масҷид дар ҷомеаи исломӣ ва давлати исломӣ. 

Паёмбар (с) ҳамин ки ба Мадинаи Мунаввара расида, қарор гирифтанд, дарҳол ба барпо намудани ҷомеаи устувор ва мустаҳками исломӣ  шурӯъ намуданд. Ҷомеае, ки аз мусулмонон, ансориёну муҳоҷироне, ки дар Мадинаи Мунаввара гирд омадаанд, ташаккул меёбад. Нахустин коре, ки дар роҳи ин ҳадаф анҷом доданд, ин бунёди масҷид буд. Ин кор ҷойи тааҷҷуб надорад, зеро бунёди масҷид дар роҳи барпо намудани ҷомеаи исломӣ заминаи нахустин ва аз ҳама муҳим ба шумор меравад. Чунки ҷомеаи исломӣ ҳамон вақт устувор ва мустаҳкам мавсуф мешавад, ки агар ба низому ақида ва одоби Ислом пойбанд бошад.  Албатта, ҳамаи ин аз рисолати масҷид буда, бидуни вуҷуди масҷид муҳайё гардидани он амри муҳол мегардад.  

Паҳн шудани алоқаи бародариву муҳаббат миёни мусулмонон аз ҷумлаи низоми Ислом ва одоби он аст. Вале паҳн шудани ин алоқа бидуни масҷид имконнопазир мебошад. Агар мусулмонон ҳаррӯз чанд бор дар яке аз хонаҳои Худо бо ҳам вонахӯранду фарқияти ҷоҳу мансаб ва молу сарват аз байнашон наравад, рӯҳияи ҳамбастагиву бародарӣ миёни онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ пайдо намегардад. 

Низом ва одоюи Ислом дар байни мусулмонон рӯҳияи баробарӣ ва адолатро дар умури мухталиф таъмин менамояд. Вале  паҳн шудани ин рӯҳия ғайриимкон аст, агар мусулмонон ҳар рӯз дар як саф назди Худо наистанд, якҷоя, ба Худо изҳори бандагӣ накунанд ва дилашон ҳамагонӣ ба Худои ягона тааллуқ пайдо нанаомяд. Зеро ҳар қадаре як шахси мусулмон  дар хонааш ба танҳоӣ ба Худо ибодат намуда рукӯу саҷда ба ҷо биёрад, вале он ба таври ҷамоавӣ ва гурӯҳӣ иҷро нагардад, ҳаргиз рӯҳияи адолату баробарӣ дар ҷомеа ҷойи худбиниву нописандӣ ва манманиро ишғол карда наметавонад. 

Зери ливои ягонагиву ваҳдат бар асоси ҳукм ва шариати Худо ба ҳам омадани парокандагии  мусулмонон аз низоми Ислом ва одоби он аст. Вале бе вуҷуди масҷид дар ҷомеа, ки дар он мусулмонон  ҳукми Худо ва шариати Ӯро меомӯзанд, то дониста аз он кор гиранд, ваҳдату ягонаии онҳо зуд ба парешонӣ рӯй меорад ва бар асари ҳавою ҳаваси бархе ҷамъашон ба парокандагӣ мубаддал мегардад. 

Ба хотири ҳаёт бахшидан ба чунин маонӣ дар ҷомеаи мусулмонон ва давлати навини онҳо Паёмбари Худо (с) қабл аз ҳама ба бунёди масҷид пардохтанд. 

  1. Ҳукми муомила бо ятимону бачагоне, ки ба синни рушд нарасидаанд. 

Бино бар ҳадиси мазкур фақеҳони ҳанафӣ ба дуруст будани амалкарди шахсе, ки ҳанӯз ба синни рушд нарасидааст, ҳукм кардаанд.  Онҳо ин ҳукми хешро аз он гирифтаанд, ки Паёмбар (с) мавзеи масҷидро баъди савдо кардан аз ду ятимбача хариданд. Агар амалкарди онҳо эътибор намедошт, ҳаргиз Он ҳазрат (с) заминро аз онҳо намехариданд.

Вале касоне, ки ба раво набудани амалкарди шахсе, ки ба синни рушд нарасидааст, ҳукм кардаанд ва онҳо ҷумҳури олимон мебошанд, ояти 152 сураи Анъомро асос кардаанд. Дар бораи ҳадиси мазкур бошад, чунин ҷавоб додаанд:

Якум: Дар ривояти Ибни Уйайна омадааст, ки Паёмбар (с) бо амакашон, ки парастор ва кафили онҳо буд, сӯҳбат карда, ба воситаи ӯ онро аз онҳо харидаанд. Бинобар ин, ин ҳадис ба гуфтаи онҳо ҳуҷҷат шуда наметавонад. 

Дуюм: Паёмбар (с) дар чунин корҳо ваколат доштанд ва он заминро бино бар вакили тамоми мусулмонон буданашон аз онҳо хариданд. На ба ҳайси касе, ки нафаре аз онҳо буданд. 

Раво будани ҳамвор кардани гӯрҳои куҳна ва ба ҷойи он бунёд кардани масҷид. Ба шарте, ки заминаш тозаву покиза карда шавад. 

Имом Нававӣ дар таълиқ бар ин ҳадис чунин мегӯянд: Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки ҳамвор кардани гурҳои кӯҳна раво буда, вақте ки хокҳои ба хуну рими мурдаҳо омехташуда тоза карда мешавад, дар он ҷо намоз хондан ҳам дуруст мегардад. Ҳамин тавр агар заминаш покиза карда шавад, он ҷо бунёди масҷид низ ҷоиз аст. 

Ҳамчунин аз ҳадиси мазкур фаҳмида мешавад, ки фурӯхтани замине, ки дар он гурҳои кӯҳнашуда ҳаст, ҷоиз мебошад ва он дар милкияти соҳибаш ва баъди ӯ ворисонаш боқӣ мемонад, модоме ки вақф намегардад. 

Донишмандони таърихи паёмбарӣ гуфтаанд, ки гурҳои дар он мавзеъ буда, ба ҳадде кӯҳна буданд, ки эҳтимоли вуҷуд доштани хуну рим дар мурдаҳои он имконнопазир буд. Бо вуҷуди ин, он гурҳо ҳамвор ва боқимондаҳои он бартараф карда шуданд. 

Ман мегӯям, ки ҳамвор кардани гурҳо ва ба ҷойи он бунёд кардани масҷид ҳамон вақт дуруст мешавад, ки агар он замин вақф набошад. Вагарна табдил додани он ба ғайри он чӣ баҳри он вақф шудааст, дуруст нест. 

  1. Ҳукми ташйиди (бардоштани) масҷид ва зинату оро додани он. 

“Ташйид” ба маънои бунёди масҷид бо сангу масолеҳи амсоли он аст, ки иморати онро мустаҳкам ва девору сутунҳои онро устувор мегардонад. Зинату ороиши он бошад, аз ҷумлаи умуреанд, ки ба асли бино илова шуда, аз мукаммилоти он ба шумор мераванд. 

Ташйиди масоҷидро ҷумҳури олимон дуруст ва нек шуморидаанд, ба далели он, ки Ҳазрати Умар ва Усмон (раз.) масҷиди набавиро дубора (бо масолеҳи пурқувваттар) бунёд кардаанд. Ин кор агарчи амрест, ки онро Паёмбар (с) анҷом надодаанд, вале накардани Паёмбар ба манъ аз ташйиду тақвияти он далолат намекунад. Зеро он мутааллиқ ба корҳое нест, ки ба ҳадафи бунёди масҷид мухолифат дошта бошад. Балки баръакс дар он эҳтимоми бештар ба маросимҳои Худо дида мешавад. Инчунин олимон ба ин андешаи хеш ояти 18 аз сураи Тавба ро асос кардаанд. “Обод кардан”и масҷид бешак, бо роҳи ташйиду мустаҳакам кардани бинои он ва эҳтимом нисбат ба он мешавад. 

Аммо нақшу нигор ва ороиш додани масҷидро  бошад, олимон ба иттифоқ макруҳ шуморидаанд. Агарчи иддае онро макруҳи танзеҳӣ ва иддаи дигар макруҳи таҳримӣ гуфтаанд, вале ҳар ду гурӯҳ ҳам иттифоқ бар он доранд, ки сарф кардани моле, ки барои бунёди масҷид вақф шудааст, ба корҳои ороишу нақшу нигори он ҳаром аст. Аммо агар моли ба ин кор сарф мешуда аз ҳисоби худи бунёдкунанда бошад, масъала хилофӣ боқӣ мемонад. Имом Заркашӣ ба нақл аз Имом Бағавӣ овардаанд, ки нақшу нигори масҷид аз ҳисоби моли вақф дуруст набуда, ҳар кӣ ба ин кор даст занад, ҷарима медиҳад. Аммо агар онро касе аз ҳисоби худаш анҷом диҳад, макруҳ мешавад, зеро он (нақшу нигор) боиси мушавваш шудани хотири намозхонҳо мегардад. 

Фарқ байни ташйиди масҷид ва ороиш додану нақшу нигор кардани он албатта, аз касе пӯшида нест. Ташйид, чи тавре ки гуфтем, боиси халалдор шудани ҳадафе, ки бар асоси он масҷид бунёд мешавад, намегардад. Вале ороишу нақшу нигори он бошад, боиси халалдор шудани ҳадафе мегардад, ки бар асоси он масҷидҳо бунёд мешаванд. Зеро он хотири намозхононро ба намодҳои дунё банд намуда, ба ҳосил шудани хушӯъ ва тадаббур дар намоз монеа мешавад. Дар ҳоле ки ҳадаф аз дохил ба масҷид дур шудан аз тасаввуроти дунявӣ ва холӣ намудани хотири худ аз зинату ороишоти мафтункунандаи дунё  мебошад. Ин ҳамон чизе буд, ки Ҳазрати Умар (раз.) аз он огоҳ карда буданд. Имом Бухорӣ ривоят мекунанд, ки Ҳазрати Умар ба бунёди масҷид амр намуда, чунин гуфтанд: Барои мардум аз борон сарпаноҳ бисозу бо сурху зард ороиш мадеҳ, ки мардумро гирифтор мекунӣ. 

Олимон дар масъалаи навиштани ягон ояти Қуръон дар қиблаи масҷид ихтилоф доранд, ки оё он низ ба ороиши мамнуъ дохил мешавад? Ё не? 

Имом Заркашӣ дар ин бора дар китоби “Эъломуссоҷид” чунин мегӯянд: “Навиштани ягон ояти Қуръон дар қиблаи масҷид макруҳ мебошад. Ин қавли Имом Молик буда, иддае онро ҷоиз шуморидаанд. Ман мегӯям, ки ин кор боке надорад. Чун ки дар ривоят омадааст, ки Ҳазрати Усмон дар масҷиди Паёмбар (с) ин чунин корро карданду касе онро манъ накард”. 

Аз он чӣ зикр гардид, бароятон маълум мешавад, ки он таъмиру ташйиде, ки имрӯзҳо аз тарафи бархе дар бунёди масоҷид анҷом мегирад, нодуруст будааст. Зеро онҳо бо тамоми ҷидду ҷаҳд ба корҳои оростану бо нақшу нигорҳои ҳархела зинат додани масҷид ба андозае дода шудаанд, ки шахси ба он дохил шуда ягон маънои хории бандагиро эҳсос намекунад. Балки бо забони ҳол эҳсоси ифтихор аз он мекунад, ки ҳунари ҳандасаи меъморӣ ва санъати ороиши арабӣ то ба ин ҳад расидааст. 

Аз натиҷаи бадтарини ин бозии шайтон бо мусулмонони сода ин аст, ки дигар камбағалон аз намодҳои фитнаи дунё ҷойи гурез надоранд. Пештар дар масҷид чизе буд, ки онҳоро ба камбағалиашон  таскин медод, аз фазои дунё ва зинати он ба охират ва фазли он мебурд. Акнун бошад, ҳатто дар намоди ин масҷидҳо чизеро мебинанд, ки аз он ба хотирашон зинати дунё меояд ва тангии нодорӣ ва рӯзи сиёҳи онро эҳсос мекунанд. 

Худоё, чӣ бад аст, ки имрӯз мусулмонон ҳақиқатҳои исломро тарк намуда, ба намодҳои дурӯғин, ки зоҳиран динанду дар ботинашон дунё бо тамоми шаҳавот ва ҳавою ҳавасаш нуҳӯфтааст, фирефта шудаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *