Кормандони сафорати Афғонистон дар Эрон, ҳангоми хурӯҷ аз ин сафоратхона акси Аҳмадшоҳ Масъудро бо худ бурданд.
Якним сол пас аз ин ки Толибон дубора бар Афғонистон мусаллат шуд, ҳоло сафорати ин кишвар дар Эрон ва Туркия ба ин гурӯҳ таҳвил дода шудааст.
Асри якшанбе, хабарҳое мунташир шуд, ки нишон медод дипломатҳои Афғонистон дар ҳоли тахлияи сафоратшон дар Эрон ҳастанд. Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, Зокир Ҷалолӣ раиси идораи умури сиёсии вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон гуфт, ки 7 дипломат аз Кобул ба Эрон фиристода шуда то “дар канори сарпарасти ҷадиди сафорати Афғонистон дар Эрон” ба фаъолиятҳои худ идома диҳанд. Ў дар твитте навишт: “Фазл Муҳаммад Ҳаққонӣ ба унвони кордори ҷадиди сафорати Афғонистон дар Теҳрон мансуб хоҳад шуд.”
Дар ҳамин росто вазорати хориҷаи Толибон дар бораи тағйироти сафорати Афғонистон дар Теҳрон баёнияе мунташир кард. Тибқи ин баёния “фаъолиятҳои ин сафоратхона пас аз эъзоми кордор ва дипломатҳои ҷадид идома хоҳад ёфт.” Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки бо шурӯъ ба кор шоҳиди “шаффофият дар умури сафорат” ва “густариши бештари муносибот дар арсаҳои мухталиф миёни ду кишвар” хоҳанд буд.
Рӯзи гузашта, ки хабарҳои ҷо ба ҷойӣ ва тағйирот дар сафорати Афғонистон мунташир шуд, равобити умумии вазорати умури хориҷаи Эрон дар иттилоияе бо ради бархе иддаоҳои матраҳшуда дар хусуси таҳвилу таҳаввулоти дохилии сафорати Афғонистон таъкид кард, ки “мавзӯъи таҳвилу таҳаввули сафорати Афғонистон дар Теҳрон, амри дохилӣ (марбут ба Афғонистон) аст”.
Дар ин иттилоия таъкид шуда, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, “ҳеҷ санад ё таҷҳизот ё ҳар чизи дигаре, ки мутааллиқ ба сафорати Афғонистон дар Теҳрон” бударо таҳвил нагирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории Садои Афғон (АВА) дар ин бора навиштааст: “Абдулқаюм Сулаймонӣ, сарпарасти собиқи сафорати Афғонистон дар Теҳрон, бо поёни давраи маъмурияти худ ва хурӯҷ аз ин сафорат, асри рӯзи якшанбе, ҳафтуми ҳут (27 феврал), калиди онро дар ихтиёри вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор додааст.”
Тибқи гузориши хабаргузории ОВО, ҷамъе аз дипломатҳо, аташеҳо ва кормандони маҳаллӣ ҳам сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба ҳамроҳи Сулаймонӣ тарк кардаанд. Рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта, манобеъе дар сафорати Афғонистон дар Теҳрон, эълом карданд, ки вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Абдулқаюм Сулаймонӣ, сарпарасти ин сафорат хоста то пости худро дар ихтиёри дипломати дигари ин сафорат, Фазл Муҳаммад Ҳаққонӣ қарор дорад. Ин гузориш ҳамчунин навишт, ки Ҳаққонӣ аз дипломатҳои вазорати умури хориҷаи Аморати Исломӣ, дар моҳи ноябр аз сӯи ин вазорат ба унвони сарпарасти ҷадиди сафорати Афғонистон дар Теҳрон муаррифӣ шуда буд, аммо дар он замон, сарпарасти ин сафорат ва дипломатҳои он бо таҳвилдиҳии сафорат ба Ҳаққонӣ мухолифат карданд, вале дар ниҳоят, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмими худро гирифт ва расман сарпарастии Фазл Муҳаммад Ҳаққони дар сафорати Афғонистонро пазируфт.
Дар ҷараёни ин моҷаро Шӯрои муқовамати миллӣ барои наҷоти Афғонистон, таҳвилдҳи сафорати Афғонистон дар Эрон ба Толибонро “хилофи урфи дипломатик ва дар тазод бо манофеъи миллии Афғонистон” хонд. Ин Шӯро дар баёнияе гуфт, ки таваққӯъ дорад Ҷумҳурии Исломӣ аз пешбурди умури сафорати Афғонистон дар Теҳрон бо “сохтори қаблӣ” ҳимоят кунад. Ин Шӯро ҳамчунин аз соири кишварҳо, ки намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар онҳо фаъоланд, хоста, ки аз пазируфтани намояндагони Толибон худдорӣ кунанд ва ба матолиботи мардуми Афғонистон эҳтиром бигузоранд.
Толибон ба думболи сафоратхонаҳои Афғонистон дар соири кишварҳо
Толибон соли гузашта барои сафорати Афғонистон дар Туркманистон сарпараст мансуб кард. Агарчи, ки гуфта мешуд Туркманистон ҳамонанди дигар кишварҳо Толибонро ба расмият намешиносад, аммо бо додани пойгоҳи расмӣ ба Толибон мувофиқат кард.
Баъд аз он идораи Толибон дар Кобул эълом кард, ки барои аввалин бор як намояндаи дипломатикашон дар Русия таъйиди салоҳият шудааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон дар ин бора гуфта буд, ки сафорати Афғонистон дар Маскав ба таври расмӣ ба “Аморати Исломӣ” таҳвил дода шудааст.
Хабаргузории Ориёно аксҳое аз сафорати Афғонистон дар Пекин мунташир кард, ки нишон медод намояндагони Аморати Исломӣ бо мақомҳои чинӣ дар дохили сафорат нишастаанд. Билофосила баъд аз он ҳам хабар расид, ки Чин, сафорати Афғонистон дар Пекинро ба намояндагони Аморати Исломӣ вогузар кардааст. Ба ин тартиб тибқи ин гузориш, парчами Аморати Исломӣ барои нахустинбор расман дар яке аз сафоратхонаҳои берунии Афғонистон гузошта шуд.
Дар каналҳои телеграми ахбори марбути Афғонистон рӯзи душанбе хабарҳое мунташир шуд, ки Туркия ҳам сафорати Афғонистон дар Анқараро ба Толибон вогузар кардааст. Албатта аз чанд рӯзи пеш сӯҳбатҳое матраҳ шуда буд, ки вазорати хориҷаи Толибон, се дипломати Афғонистон дар Туркияро барканор кардааст. Тулӯъ-нюз дар гузорише ба нақл аз Зокир Ҷалолӣ, раиси идораи умури сиёсии вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон гузориш дода, ки сафорати Афғонистон дар Анқара ба сурати расмӣ ба ин гурӯҳ таҳвил дода шудааст.