Капитани Вазорати корҳои дохила Саидмуъмин Исломов, ки шаби 13-уми феврал навраси 15-соларо бо мошинаш пахш карда кушт, дар озодӣ қарор дорад ва то ҳанӯз алайҳаш парванда боз нашудааст.
Аз додситонии шаҳри Кӯлоб ба Азия Плюс гуфтаанд, ки бинобар омода набудани хулосаи экспертизаи тиббӣ, то ҳанӯз алайҳи Исломов парванда ифтитоҳ наёфтааст.
Дар ҳамин ҳол дар Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохила аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кардаанд.
Фирдавс Ҳалимов
Ин фоҷеъа шабеи 13 феврал дар терминоли Кӯлоб — Восеъ ба вуқӯъ пайваст. “Паси чамбараки мошин муфаттиши РВКД Кӯлоб капитан Саидмуъмин Исломов қарор дошт. Ӯ бо мошинаш сокини 15-солаи шаҳри Кӯлоб, хонандаи мактаби №6 Фирдавс Ҳалимовро пахш кард” — овардааст АП аз қавли манбаъаш дар додситонии шаҳри Кӯлоб. “Тафтишоти ин садамаи нақлиётӣ махфӣ гардонида шудааст ва дар бораи ин ки парванда боз шудааст ё на, маълумот намедиҳем. Ва намегӯем, ки Саидмуъмин Исломов дар озодӣ аст ё боздошт шудааст”, — гуфтаанд дар додситонӣ.
Падари Фирдавс сахт бемор аст. Амакаш Абдулазиз Азизов ба АП гуфтааст, ки ҳамон шаб капитан Исломов маст буда, Фирдавсро дар хати муқобили роҳ пахш карда, ҳудуди 15 метр кашола кардааст. Он ҳам дар ҳоле, ки Фирдавс дар канори роҳ истода буд.
Бинобар бемории падар ва вазъи бади иқтисодии оилааш, Фирдавс баъди дарс дар каҳвахона кор мекард. Он шаб ӯ соати 9-и бегоҳ ба ҷои кораш рафта, соати 11 ба хонааш бармегашт, ки ин фоҷеъа рух дод.
Ҳодисаро ҳади ақал ду камераи назоратӣ сабт карда буданд, вале сабти ҳардуи камера — дар терминал ва дорухона “ғайб” задаанд. Амаки Фирдавс мегӯяд хешовандонашон барои гирифтани сабт ба терминал ва дорухона рафтаанд, вале сабтҳо аллакай тоза карда шуда буданд. Вале тибқи гуфтаи ӯ сомонаи Радиои Озодӣ як кадри ин наворро нашр карда буд ва онро бисёриҳо дидаанд.
Диловар Азизов, писарамаки Фирдавс гуфтааст як рӯз қабл аз ҳодиса ӯ ҳамроҳ бо дӯсташ дар роҳи пиёдагард қадам мезад, ки мошине бо шиддат аз наздашон гузашт ва наздик буд онҳоро пахш кунад. Баъди фоҷеъа фаҳмидааст, ки он мошин мошини капитан Исломов будааст.
Бори аввал нест, ки кормандони мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо вуҷуди вазнинии ҷиноят, бо кӯмаки ҳамкоронашон аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Абдулазиз, амаки Фирдавс мегӯяд, метарсад, ки худи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд.