Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стротежии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, баъди бастани ҲНИТ дигар касе аз Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротӣ напайвастааст.
Сафаров зимни нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стротежӣ, ки дирӯз баргузор шуд, ҳамчунин иддао кард ҲНИТ дигар ба давлати Тоҷикистон хатар надорад, чун мухолифин “титу пош” шудаанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт “мо инро ҳам медонистем, аммо нагуфта будем”. Ним сол қабл Сафаров гуфта буд, эътилофи мухолифин дар хориҷ барои давлати Тоҷикистон хатарбор аст. Зоҳиран қатъи равобити сиёсии “Гурӯҳи 24” бо ҲНИТ-ро давлати Тоҷикистон чун пирӯзии худ ва шикасти ҲНИТ қабул кардааст, ё ҳади ақал МТС ба чунин натиҷа расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки номи ҲНИТ аз забони масъулини давлати Тоҷикистон ва расонаҳои давлатӣ канда нест.
Иддаои дигари муовини раиси МТС ин буд, ки гуфт «Бино ба маълумоте ки ман дорам, баъди онки Додгоҳи олӣ моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро манъ кард, ягон шаҳрванди кишвари мо ба созмонҳои террористие, ки дар берун аз Тоҷикистон меҷанганд, аз ҷумла ба ДОИШ ҳамроҳ нашудааст. Ин нишон медиҳад, ки ҲНИТ дар асл ба чӣ кор машғул буд.”
Дар ҳамин ҳол ниҳодҳои интизомӣ ва тафтишотии кишвар, коршиносон ва расонаҳо маълумоти дигареро пешниҳод мекунанд.
Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, дар нишасти хабариаш рӯзи 2-юми феврал гуфт, 72 нафар ҷангҷӯёнро аз хориҷ ба ватан оварда буданд, вале ниме аз онҳо аз нав ба ҷангҷӯ табдил шудаанд. “Аз ин ҳисоб 38 нафар дар Тоҷикистон монданд ва зиндагии осоишта доранд. Дигарон дубора ба кишварҳои ҷангзада рафтанд”, — гуфт ӯ. Яъне 34 нафар танҳо аз баргаштагон, ки давлат онҳоро пушаймоншуда муаррифӣ мекард, аз пушаймониашон пушаймон шуда, дубора “ба созмонҳои террористие, ки дар берун аз Тоҷикистон меҷанганд” (ибораи Сафаров) пайвастаанд.
Иззат Амон, вакили дифоъи тоҷик дар Русия ва раҳбари созмони “Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон”, ки чанде қабл барои баргардонидани як тоҷике, ки мехост ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвандад, ба Истамбули Туркия рафта буд, мегӯяд: “аз рӯи ҳисоботе, ки ман дораму ҳаррӯза изҳорот медиҳам, танҳо дар моҳҳои декабри 2017 ва январи 2018 беш аз 15 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҷӯён пайвастаанд”.
Файзинисо Воҳидова, вакили маъруфи дифоъ ба Сайфулло Сафаров маслиҳат додааст аз раиси Додгоҳи Олӣ бихоҳад то ҳукми маҳкумшудагон баъди сентябри соли 2015-ро ботил кунад: “Офарин ҷаноби Сафаров! Акнун як қадами дигар: ба раиси Додгоҳи Олӣ пешниҳод кунед садҳо, ё ҳатто ҳазорҳо ҳукми шаҳрвандони маҳкумшуда бо моддаҳои 401, 187 ва 307-и КҶ ҶТ баъди сентябри соли 2015-ро ботил кунад. Он вақт изҳороти шумо ба ҳақиқат монанд хоҳад шуд”.
Дар ҳамин ҳол коршиносон сабаби камшавии пайвастани ҷавонон ба сафи ДИ ва дигар гурӯҳҳои террористиро дар омилҳои дигар мебинанд. Аз ҷумла баста шудани марзҳои Туркия бо Сурия ва Ироқ, бунёди девори марзӣ ва контроли шадиди он, назорати шадид дар фурӯдгоҳҳо ҳангоми парвоз ба Туркия аз ҷумла дар Русия, шикасти ДИ дар Сурия ва Ирок аз авомилест, ки сади роҳи пайвастани точикон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо ба ин гурӯҳҳо гаштааст.
Ин авомилро дар гузоришаш муовигӯни Дабири кулли СММ Ҷефри Фелдман низ дар гузоришаш зикр кардааст.
Вақте муҳимтарин ниҳоди тадқиқии давлат ё аз факту рақамҳо хабар надорад ва ё амдан онҳоро нодида гирифта, дурӯғ мегӯяд, оё зарурате ба будани чунин ниҳод вуҷуд дорад?