Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбе аз тасмими Ҷо Байден барои бознигарӣ дар равобити Иёлоти муттаҳида бо Арабистони Саудӣ, муттаҳиди наздики Вашингтон дар Халиҷи Форс хабар дод.
Ин мавзеъ дар ҳоле аз сӯи Кохи Сафед матраҳ шуда, ки мухолифатҳо бо фурӯши таслиҳот ба Арабистон ва тақозо барои коҳиши ҳамкориҳои амниятӣ миёни Вашингтон ва Риёз ба тозагӣ дар миёни намояндагони Кунгира афзоиш ёфтааст.
Кохи Сафед эълом кардааст, ки тасмими Ҷо Байден ҳамсуӣ бо қонунгузорони пурнуфуз дар Кунгира аст, ки ба далели он чи ҳимояти Арабистон аз Русия хонда шудааст, хостори поён додан ба фурӯши таслиҳот ба ин кишвар ҳастанд.
Ҷон Кёрби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии СНН тасреҳ кард: “раисҷумҳури Иёлот ба вузӯҳ хостори бознигарӣ дар ин равобит аст ва эътиқод дорад, ки мо бояд омодаи таҷдиди назар дар он бошем.”
Ба гуфтаи Кёрби, раисҷумҳур ҳамчунин омодаи ҳамфикрӣ бо Кунгира барои мушаххас кардани моҳият ва чигунагии идомаи равобит бо Арабистон дар ояндааст.
Роберт Менендес, сенатори 68 сола аз Иёлоти Ню-Ҷерси ва раиси кумитаи равобити хориҷии Сенои Иёлоти муттаҳида пештар дар вокуниш ба ҳамроҳии Риёз бо тасмими “Опек плюс” барои коҳиши тавлиди нафт ба мизони 2 миллион бушка дар рӯз, ки аз диди бархе таҳлилгарон навъе таҳқири дипломатик барои Ҷо Байден аст, хостори таваққуф фурӯши силоҳ ба Арабистон ва поён додани ҳамкории амниятӣ бо ин кишвар шуда буд.
Менендес таъкид карда буд, ки дар сурати идомаи раванди ҳимояти Арабистон аз Русия, ки таъсиргузорӣ бар тасмими Опек плюс аз нишонаҳои он унвон шудааст, шеваи кунунии равобит ва ҳамкорӣ бо Риёз бояд ба куллӣ тағйир ёбад.
Тасмими Опек плюс ба эътиқоди коршиносони сиёсати хориҷӣ дар Амрико на танҳо боиси тақвияти манофеъи Русия ва афзоиши даромад барои Маскав мешавад, балки мавзеъи давлати демократи Амрикоро ба хусус дар остонаи баргузории интихоботи миёндавраии Кунгира дар моҳи ноябр тазъиф мекунад.
Менендес ҳамчунин аз Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон интиқод кард ва гуфт, ки ӯ ба таври ғайри мустақим ва аз масири Опек плюс идомаи ҷанги Путин дар Укроинро таъмин кардааст.
Вай дар ин хусус тасреҳ кард: «Арабистон бояд бидонад, ки ҳеҷ роҳе барои бозӣ дар ҳар ду тарафи даргирӣ вуҷуд надорад. Дигар кофист ва то замоне, ки подшоҳи саудӣ дар мавзеъаш дар қиболи ҷанг дар Укроин таҷдиди назар накунад, ман ҳомии ҳеҷ навъ ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ нахоҳам буд.
Бархе таҳлилгарон пас аз ин суханони Менендес, ки рӯзи душанбе баён шуд, эҳтимоли тағйири сиёсати хориҷии Иёлоти муттаҳида дар қиболи муттаҳиди калидии Вашингтон дар минтақаи Халиҷи Форсро матраҳ карда буданд.
Илова бар раиси кумитаи равобити хориҷии санои Амрико, ду қонунгузори дигар ба номҳои Ричард Блументал (сенатори Иёлоти Конектикут) ва Рӯ Коно (узви Маҷлиси намояндагон) дидгоҳи мушобеҳиро матраҳ ва Арабистони Саудиро ба тазъифи талошҳои Иёлоти муттаҳида ва кумак ба ташдиди ҳамалоти Русия ба Укроин муттаҳам карданд.
Ҷо Байден дар ҳоле моҳи июли гузашта зери интиқодҳои густурда ба Арабистон сафар кард, ки пеш аз ба даст гирифтани қудрат ваъда дода буд Риёзро ба далели қатли Ҷамол Хошуқчӣ ва дигар чолишҳои ҳуқуқибашарӣ таҳти фишор қарор диҳад.
Анҷоми ин дидор интиқодҳои бисёре аз мудофеъони ҳуқуқи башарро ба ҳамроҳ дошт ва тасмими Опек плюс дар ҳафтаи гузашта низ боис шуд бар шумори мунтақидони сафари Байден ба Арабистон беш аз ҳар замоне афзуда шавад.
Тағйири рӯйкард дар равобити хориҷии Вашингтон бо Риёз дар ҳоле эҳтимолӣ ба назар мерасад, ки Иёлоти муттаҳида моҳи августи гузашта аз тасмим барои фурӯши 300 фарванд мушаки “Петриот” ва таҷҳизоти муртабит бо он ба арзиши 3.05 миллиард доллар хабар дода буд.
Шарокат ва ҳамкории амниятӣ байни Иёлоти муттаҳида ва Арабистони Саудӣ пас аз поёни ҷанги ҷаҳонии дувум имзо шуд ва ин подшоҳиро аз ҳимояти низомӣ дар баробари дастрасии амрикоиҳо ба нафт бархурдор кард.