Имрӯз, 25 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант чархаи аввали Неругоҳи барқи обии “Сарбанд”-ро ба кор андохт. Чархаи рақами 1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунандаи гидроэнергетикии кишвар дар дарёи Вахш мебошад.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин чархаи он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодаи тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.
Дар ин неругоҳ давоми 60 сол ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод.
Соли 2013 байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар бораи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳадаф аз таҷдид баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзам неругоҳ ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ гуфта мешавад.