Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо билохира бар иқдомоти таҳримӣ алайҳи Русия ба тафовуқ расиданд. Ҳадаф муқовимат бо фаъолияти дастгоҳи амниятии Русия аст, ки заҳролудшавии Алексей Навалний, аз мунаққиди саршиноси Кремл, яке аз намунаҳои он аст.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи чоршанбе 14 октябр алайҳи Русия таҳримот эълон кард. Тибқи ин қарор, шаш корманди аршади дастгоҳи амниятии кишвар иҷозаи вуруд ба Иттиҳодияи Аврупоро надоранд ва суратҳисобҳои бонкии онҳо баста мешавад. Ғайр аз ин, Институти давлатии тадқиқот оид ба технология ва химияи органикӣ низ таҳрим шудааст. Ҳамин мақом масъули омода кардани заҳри кимиёвист, ки рӯзи 20 август алайҳи Навалний истифода шудааст.
Дитмер Костер, сухангӯи фраксияи сотсиал-демократҳо дар Кумитаи умури хориҷии парлумони Аврупо, истифодаи заҳрро алайҳи Навалний нақзи қонунҳои байналмилалӣ номид. Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ (OPCW) истифодаи нейротрансмиттери Новичокро ба таври возеҳ манъ кардааст.
«Ман тамоюлҳои баъзан миллатгароӣ ва бегонаситезӣ дар мавқеъҳои ҷаноби Навалнийро қабул надорам, аммо сӯиқасд ба ҷонибдорони сиёсӣ комилан ғайриқобили қабул аст» гуфт Кастер.
Майкл Галлер, сухангӯи ростгароёни марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ба таври возеҳ сиёсати заиф кардани Иттиҳоди Аврупоро пеш мебарад ва ба амали ӯ бояд ҷиддӣ муносибат кард.
Муқобилат ба таҳримҳо
Нерӯҳои чапгаро дар Иттиҳоди Аврупо ба таҳримот мухолифат карданд. Мартин Ширдован, сухангӯи фраксияи Ҳизби чап гуфт, ки сиёсати созанда алайҳи Русия наметавонанд бар таҳримҳо асос ёбанд. Вай қайд кард, ки сабаби заҳролудшавии Навалний ҳанӯз пурра муайян карда нашудааст ва маълум нест, ки масъули заҳролудшавии ӯ аз ҷониби кадом мақом аст.
Вай пешниҳод кард, ки Аврупо ба ҷои дур шудан аз Русия, нисбат ба ин кишвар сиёсати мусбатеро пеш барад «ба он маъно, ки Русияро тавассути робитаҳои сиёсӣ ва тиҷорӣ торафт бештар бо ҷомеаи байналмилалӣ бипайванданд.»
Оё таҳримҳо самараноканд?
Баъзе аъзои Иттиҳоди Аврупо, бахусус Аврупои Шарқӣ, изҳори шубҳа карданд, ки таҳримот метавонанд сиёсати Русияро тағйир диҳанд. Баъзе қонунгузорон, аз ҷумла ҳизби чапгароии ифротии “Алтернативии Олмон”, гуфтанд, ки таҳримҳо на танҳо бетаъсир буданд, балки муносибатҳо бо Русияро ба шароити ҷанги сард наздиктар карданд.
Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо моҳи оянда эътибор пайдо мекунанд.
Олмон, аз ҷумла, фаъолона аз чораҳои таҳримӣ пуштибонӣ кард; Як сабаби ин дар он аст, ки Олмон умедвор аст, ки баҳси лӯлаи гази Нордстримро бо таҳримҳои Русия хотима диҳад.
Вокуниши Русия
Дар мусоҳиба бо як радиои маҳаллӣ Сергей Лавров эълом дошт, ки Русия них алайҳи Иттиҳодияи Аврупо чунин таҳримот ҷорӣ мекунад. Лавров гуфт, ки кишвараш маҷбур шудааст, ки посухи дипломатӣ диҳад.
Вазири корҳои хориҷии Русия бори дигар Олмонро ба он айбдор кард, ки далелҳои муътамад дар бораи заҳролуд шудани Навалнийро, бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ, пешниҳод накардааст.
«Шояд беҳтар мебуд, ки мо муддате сӯҳбат намекардем» гуфт Лавров бо изҳори таассуф, ки муколамаи дипломатии ду тараф ба ин тартиб қатъ шудааст.